Даъвои дастёбӣ ба фазо ва ҳушдор ба сокинон. Шашумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Даргирӣ миёни Исроил ва Эрон, ки бо ҳуҷуми аввалӣ оғоз шуд, ба шашумин рӯзи худ ворид гардид. Давоми шаби гузашта, 17 ба 18-и июн ба навиштаи расонаҳо, ду тараф ба ҳамдигар чанд ҳамла анҷом додаанд.

Дар шашумин рӯзи даргирӣ ҳарду ҷониб даъво доранд, ки фазои ҳамдигарро комилан зери назорат доранд ва аз сокинони шаҳрҳои бузург хостанд маконҳои худро тарк кунанд, то ҷон ба саломат баранд.

 

Даъвои дастёбӣ ба фазо ва ҳушдор ба ҳамдигар

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон (СПИИ) шаби гузашта дар баёнияи охири худ гуфт, ки дар ҳамлаи охир ба Исроил барои аввалин бор аз насли нави мушакҳои “Фаттоҳ” истифода кардааст.

СПИИ Эрон гуфтааст, ки онҳо ба осмони Исроил даст ёфтаанд ва сокинони он “комилан бе дифоъ” шудаанд. Ба ҳадаф расидани мушакҳои партофткардаро Эрон далели дастёбӣ бар фазои Исроил номид.

Пештар аз ин, The Wall Street Journal навишт, ки Исроил фазои Эронро комилан назорат дорад. Артиши Ироил ҳам қаблан зикр карда буд, ки ҳавопаймоҳои бомбафканаш дар осмони Теҳрон амалиёт мегузаронанд.

Ҳамчунин, давоми ду рӯзи охир ҳарду ҷониб ба сокинони ҳамдигар ҳушдор доданд, ки минтақаҳои алоҳидаро тарк кунанд, то аз зарбаҳои мушакӣ дар амон бошанд.

Аввал артиши Исроил сокинони минтақаи сеюми Теҳронро огоҳ кард, ки ин маконро тарк кунанд, зеро дар наздиктарин фурсат ин макон мавриди ҳамла қарор мегирад.

Баъдтар мисли ин огоҳӣ аз ҷониби Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба сокинони Теҳрон ироа шуд.

“Ҳама бидуни таъхир бояд аз Теҳрон тахлия шаванд!”, – навишт Трамп.

Айни чунин огоҳиро раиси нави Ситоди кулли артиши Эрон ба сокинони Исроил дод ва аз онҳо хост, шаҳрҳои Телавив ва Ҳайфоро тарк кунанд.

Ин мақомдори Эрон амалиётҳои то кунун анҷомдодаи кишварашро “ҳушдоре барои боздорандагӣ” номида, гуфт, “амалиёти танбеҳӣ ба зудӣ иҷро хоҳад шуд”.

 

Идомаи зарбаҳо

Якҷо бо чунин ҳушдорҳо, шаби гузашта даргирӣ миёни ду кишвар бо бомбандозиву мушакпартоӣ ба қаламрави ҳамдигар идома кард.

СПИИ Эрон дар баёния гуфт, ки шаби гузашта пойгоҳҳои ҳавоии шуруъкунандаи ҳуҷуми Исроилро ҳадаф қарор додааст.

Артиши Исроил таъйид кард, ки имшаб ба ин кишвар Эрон чанд ҳамла анҷом додааст. Дар ин кишвар, тибқи иттилои расонаҳо, чандин бор бонги хатар баланд шуда, мардум ба паноҳгоҳҳо рафтаанд.

Мақомоти Исроил аз хисороти ҳамлаҳои охири Эрон иттилое нашр накардаанд.

Расонаҳои Исроил хабар медиҳанд, ки шаби гузашта аз сӯйи Эрон ҳадди ақал ду маротиба партоби чанд мушак сабт шудаву мақомоти кишвар аз сокинон хостаанд дар ҷойи амн паноҳ баранд. Дар мавриди хисороти ин зарбаҳо то ҳол иттилои дақиқ дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил гуфтааст, шаби гузашта ба чанд минтақаи Теҳрон ҳамла кардааст.

Расонаҳои Эрон ҳам чанд бор аз оғози фаъолшавии падофанди ҳавоии ин кишвар дар Теҳрон ва Шероз хабар доданд. Ҳамчунин, хабар дода шуд, ки дар минтақаҳои гуногуни Теҳрон, аз ҷумла дар шарқи он садои инфиҷор шунида шудааст.

BBC бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки шаби гузашта артиши Исроил ба Донишгоҳи Имом Ҳусейн дар Теҳрон зарба задааст.

Ҳамчунин, артиши Исроил гуфт, ки як макони тавлиди сентрифуга ва тавлиди силоҳ дар Эронро ҳадаф қарор додааст.

Мақомоти Эрон дар мавриди хисороти ҳамлаҳои Исроил чизе нагуфтаанд.

Ёдрас мешавем, ки даргирӣ миёни Исроилу Эрон субҳи 13-уми июн, бо ҳуҷуми Исроил оғоз гардид. Исроил ҳамлаи худро “Бархостани шер” ва ҳадафи онро зарба задан ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт.

Дар посух Эрон дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод. Сипоҳи Посдорони Эрон эълом кард, ки ҳамлаи Эрон “Ваъдаи содиқ 3” ном дошта, ҳадафи аслии он посух ба таҷовузи Исроил аст.

Дар ин пайвандҳо хонед, ки дар рӯзи аввалдуюмсеюми, чоруму панҷуми даргирӣ миёни Эрон ва Исроил чӣ гузашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...