“Роҳбари ғайрирасмии Кӯлоб”. Ёдбуди Қурбон Зардаков, овозхони замони ҷанг кушташуда дар Душанбе

Date:

Шоми 16-уми июн дар Душанбе маҳфили ёдбуди Қурбон Зардаков, овозхони шинохтаи минтақаи Кӯлоб ва қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо ҳузури аҳли фарҳанг ҷараён гирифт.

 

Аз хидматҳои Зардаков

Дар оғози маҳфил таҳти унвони “Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост” филми кӯтоҳе аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Қурбон Зардаков манзури ҳозирон гардонида шуд, ки нақши ӯро дар фарҳанги тоҷик бори дигар ба ёд овард.

Алиакбар Ҳаётзода, намояндаи Вазорати фарҳанг, дар ифтитоҳи чорабинӣ таъкид кард, ки Қурбон Зардаков барои минтақаи Кӯлоб хидмати шоён кардааст.

“Қурбон Зардаков агарчи дар мактаби мусиқӣ таҳсил накарда буданд, вале истеъдоди навозандагиву сарояндагӣ доштанд ва истеъдодҳое чун Одина Ҳошим ва Сурайё Қосимоваро кашф карданд. Яъне, шахсиятҳоеро кашф карданд, ки поягузори санъати миллии тоҷикӣ шуданд”, – гуфт ӯ.

 

Нақши Зардаков дар таъйини мансабҳо

Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, аз нахустин лаҳзаҳои шиносоияш бо Қурбон Зардаков ёдовар шуда, гуфт, ки ӯ ҳарчанд роҳбари расмии Кӯлоб набуд, вале “аз зумраи калонҳои Кӯлоб маҳсуб мешуд”. Ӯ таъкид кард, ки “ҳатто дар сари пиёлаҳои чой нишаста, роҳбарони Кӯлоб бо ӯ машварат мекарданд, ки барои ободонӣ чӣ кор кунанд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммад Ғоиб

 

Муҳаммад Ғоиб дар ин маҳфил эътироф кард, ки дар роҳи ба мансаб расиданаш Қурбон Зардаков таъсиргузор буд.

“Барои курсии раиси Кумитаи телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб бо шумули ман, 8 кас довталаб буд. Вақте аз Қурбон Зардаков мепурсанд, Муҳаммад Ғоиб сазовор аст, мегӯяд, ки қаламаш хуб аст, роҳбариашро намедонам, вале таъйин кунед, кор мекунад. Бояд эътироф кунам, ки дар роҳи роҳбарии ман ҳамин кас таъсир гузошт”, – нақл кард Муҳаммад Ғоиб.

Ин шоир афзуд, ки Қурбон Зардаков агарчи миёни мардум басо иззатманд буд, вале марди хоксор ва дасткушод буд.

“Садрнишини ҳама маҳфилҳо ва тӯю сур буд. Борҳо шоҳид будам, ки дар маъракаҳо ба ӯ тӯҳфаҳои арзишманд, ҷомаю тоқӣ медоданд, ӯ қабул мекард, вале аз тӯйхона набаромада, ба ягон камбағал ё донишҷӯ медод”, – нақл кард Муҳаммад Ғоиб.

Муҳаммад Ғоиб дар шеъре ба васфи Қурбон Зардаков гуфт:

Марҳаме бар синаҳои реш медонам туро,

Ҳамдилу ҳамрози дурандеш медонам туро.

Мекунӣ ҷонро фидои мардуми соҳибхирад,

Як фидоии диёри хеш медонам туро!

 

Хотираҳо аз дӯстон ва шогирдон

Афзалшо Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, нақл кард, ки бори аввал дар сафаре ҳамроҳи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар Кӯлоб бо Қурбон Зардаков шинос шуд.

Аз ҳамон вақт то замони маргаш бо ӯ иртибот ва рафтуо дошт. Афзалшо Шодиев ёдовар шуд, ки ҳар боре ба Кӯлоб мерафт, меҳмони Қурбон Зардаков мешуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Афзалшоҳи Шодӣ

“Боре ҳам нашуда, ки Кӯлоб рафтаву Қурбон Зардаковро надида бошам. Дар миёни мардум, дар ҳама тӯю хурсандӣ ӯ ширкат дошт. Бисёр саховатманд ва дасткушод ҳам буд. Ҳар боре маро таъриф кардан мехост, мегуфт, “сағера, ту ҳам хуб мехондаӣ”, – гуфт ӯ.

Сурайё Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз шогирдони Қурбон Зардаков, зимни суханронӣ бо эҳсос гуфт, ки худро аз зумраи шогирдони ӯ медонад.

“Дар 13-солагӣ маро ба озмун оварданд ва “Ленин бародар раҳнамо”-ро сароидам. Маҳз устод Қурбон Зардаков буд, ки маро ба ин озмун овард ва ба ҳунари сарояндагӣ роҳнамоӣ кард. Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки ҳунарманди тоҷик бояд либоси миллии тоҷикиро тарғиб кунад ва мо ҳам ба ин гуфтаҳо ҳамеша пойбанд будем”, – гуфт Қосимова.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сурайё Қосимова

 

Нақши Зардаков дар ҳаёти иҷтимоӣ

Сӯҳробшо Фаррухшо, рӯзноманигори тоҷик, зикр кард, ки агар зиндагиномаи Қурбон Зардаковро қисмбандӣ кунем, ба ду қисм тақсим мешавад – фарҳанг ва футбол.

Ба гуфтаи ӯ, барои ном пайдо кардани дастаи футболи “Равшан” нақши Қурбон Зардаков бориз аст – дар баробари мураббии даста, ӯ низ ба футболбозон ангеза медод ва онҳоро барои пирӯзӣ рӯҳбаланд мекард.

“Вақте Қурбон Зардаков ба майдон медаромад, садҳо мухлис ҳамроҳаш меомаданд ва бо футболбозон рӯҳия медоданд. Маҳз ба туфайли ҳамин дастгирии маънавӣ буд, ки “Равшан” ба яке аз дастаҳои муваффақ табдил ёфт”, – гуфт ӯ.

Ҷонибек Асрориён, рӯзноманигор ва фарҳангшиноси тоҷик, Қурбон Зардаковро шахсе номид, ки сурудҳои халқиро аз нав зинда кард ва ба онҳо рӯҳи тоза бахшид. Ӯ таъкид кард, ки Зардаков тавонист мероси гаронбаҳои фолклори тоҷикро бо услуби хоси худ ба наслҳои нав муаррифӣ кунад ва дар дили мардум ҷой гирад.

Бояд гуфт, ки ин маҳфил ба қолаби “ширу шакар” баргузор шуд ва дар моварои ҳар суханронӣ овозхонон, ба вижа шогирдони Қурбон Зардаков сурудҳо хонданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сӯҳробшо Фаррухшо

 

Зиндагиномаи Қурбон Зардаков

Қурбон Зардаков соли 1929 дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудааст. Аз 13-солагӣ дар колхоз кор мекард ва аз хурдсолӣ ба созҳои мусиқӣ чун рубоб, дутор, доира ва сурудхонӣ ҳаваси зиёд дошт.

Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дар соли 1949 ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар соли 1951, ба сифати муаллими Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва нозири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб машғул буд. Соли 1957 бахши таърихи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намуда, таҳсилоти олии худро такмил дод.

Солҳои 1958-1961 вазифаи директори мактаби миёнаи ғоибонаи байниноҳиявиро иҷро мекард. Сипас аз соли 1961 то 1968 ба ҳайси мудири шуъбаи маданияти шаҳри Кӯлоб кор кард.

Солҳои 1968-1975 директори Театри мусиқию мазҳакавии ба номи С. Вализода буда, дар ин давра театр ба қуллаҳои нави эҷодӣ расид. Маҳз дар замони сарварии Зардаков санъаткорони номдоре чун Одина Ҳошимов, Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Мунаввара Аминова, Садбарг Қосимова ва дигарон зуҳур карданд. Баъдан ӯ директори Комбинати манзилӣ ва варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб таъин шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қурбон Зардаков, чуноне дар маҳфил ишора карданд, роҳбари ғайрирасмии минтақаи Кӯлоб буд. Мегӯянд, дар солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта, ҳар нафареро, ки котиби ҳизби коммунистии вилояти Кӯлоб таъин мекарданд, ҳатман супориш мегирифт, ки “Кӯлоб рафтед, аввалан бо Қурбон Зардаков во хӯрда, забон ёбед. Вагарна кор карда наметавонед!”.

Бо ин гуна таъсиргузориаш, соли 1992 Сангак Сафаров, яке аз қумандонҳои маъруфи Фронти халқӣ, тавассути ТВ “Кӯлоб” баромад кардаву гуфта буд: “Такие люди как Мулло Хайдар и Курбон Зардаков не имеют права жить на этом свете…”.

Пас аз ин ҳарф Сангак Сафаров кушта шуд ва Қурбон Зардаков як соли дигар зиндагӣ кард, вале соли 1993 дар зодгоҳаш ба қатл расонида шуд. Гуфта мешавад, ки дар пайи қатли Зардаков то ҳол касе дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Қурбон Зардаков барои хидматҳояш бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва чанд медал мукофотонида шудааст. Унвони Ходими хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистонро низ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...