Ҷасади омӯзгоре, ки подполковники ВКД ду сол пеш ба дарёи Фон партофта буд, то ҳол пайдо нашудааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ҷасади Исмоил Раҳмонов, муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ), ки ду соли  пеш, ба қавли мақомот, аз сӯйи як подполковники ВКД рабуда, ба дарёи Фон партофта шуда буд, то ҳол пайдо нагардидааст. Наздикони ӯ мегӯянд, ба дарёфти ҷасади номбурда умед надоранд.

Аҳлиддин Шарипов, хоҳарзодаи Исмоил Раҳмонов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз ҷасади тағояшро пайдо накардаанд.

“Бо гузашти чанд вақт аз ҳодиса чанд маротиба аз мақомот пурсидем, ки ҷасадро пайдо карданд ё не. Мегуфтанд, ҷустуҷӯ идома дорад, худамон ҳам ҷасадро кофтем, аммо мутаасифона натиҷа надод. Аллакай аз ин ҳодиса ду сол гузашт ва мо низ умеди худро аз пайдо шудани ҷасади тағоям кандаем”,- гуфт ӯ.

Маълум нест, ки мақомот ҷустуҷӯи ҷасадро қатъ кардаанд ё то ҳол идома дорад. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофоаи гражданӣ (КҲФ) ба ин савол посух надоданд. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо масъулини ин ниҳод тамос гирифт ва ҳам ба бинои Кумита рафт, вале ба саволи худ посухе дарёфт накард.

Ёдовар мешавем, ки Исмоил Раҳмонов рӯзи 12-уми июни соли 2023 аз яке аз маҳаллаҳои Душанбе рабуда шуд. Додситонии кулли кишвар баъдтар хабар дод, ки бо гумони рабудани ин омӯзгор, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юсуфзода ҳамроҳи хешовандаш Исмоилҷон Шукуров боздошт шудааст.

Ин ниҳод гуфт, ки Акмал Юсуфзода бо ҳамроҳи Исмоилҷон Шукуров шаби 12-уми июни соли 2023, “бо нияти ҷазо додан”, Исмоил Раҳмоновро рабуда, ба ноҳияи Айнӣ мебаранд ва бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ба гуфтаи додситонӣ, сабаби ин ҳодиса рашки Юсуфзода аз мукотибаи Исмоил Раҳмонов бо ҳамсараш будааст. Аммо пайвандони омӯзгор гуфтанд, Исмоил Раҳмонов бо ҳамсари Акмал Юсуфзода дар ДДТТ танҳо ҳамкор буданд ва миёни онҳо ягон робитаи дигар ҷой надошт.

Вале назари худи Юсуфзода, вакили дифоъ ва пайвандони ӯ маълум нест.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврали соли 2024 Акмал Юсуфзода, подполковники пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД-ро ба 19 сол ва Исмоилҷон Шукуров, хеши ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кард

Акмал Юсуфзода бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ одамрабоӣ бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 130 қисми 2) ва куштор бо бераҳмии махсус (моддаи 104 қисми 2) гунаҳкор шудааст. Исмоилҷон Шукуров бошад, ба одамрабоӣ гунаҳкор дониста шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...