Ҳамовозӣ бо дифоъ аз кишвар ва дарки зарурати амалиёт. Тасвири вазъ аз сӯи рӯзноманигорони тоҷики муқими Эрон ва Исроил

Asia-Plus

Оғози ҳамлаи Исроил ба Эрон вазъро дар ҳарду кишвар тағйир дод. Дар шаҳрҳои Эрон бори аввал пас аз ҷанг бо Ироқ дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта, садои пайвастаи таркиши бомбҳо шунида шуд. Исроил ба чандин шаҳри ин кишвар бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангиаш бомбафканӣ мекунад.

Эрон ҳам дар посух ба ҳамлаи Исроил чанде аз шаҳрҳои онро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дод. Сокинони Исроил, ки дар даҳсолаҳои охир бештар шоҳиди роҳгирии падофандҳои ин кишвар аз мушакҳои партобкардаи гурӯҳҳои ҲАМОС-у Ҳизбуллоҳ буданд, ин бор маҷбур шуданд аз мушакҳои Эрон дар паноҳгоҳҳо пинҳон шаванд.

Дар ҳарду кишвар теъдоди кушташуда ва захмиён мутаносибан садҳову ҳазорҳоро ташкил медиҳад.

Субҳи имрӯз, 24-уми июн хабарҳо оид ба эълони оташбас ва баъди он, созиш миёни ду кишвар интишор гардид, аммо то ҳол расман эълон нашудааст.

Дар ин миён, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои зиддунақиз ва дасткоришуда, мисли тарки Теҳрон кардани сокинону аз Эрон хоҳиши қатъи ҷанг кардани сокинони Исроил, зиёд нашр мешаванд.

Барои дарки воқеиятҳои ин ду кишвар давоми 12 рӯзи ҷанг, мо бо Исфандиёр Халилӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Эрон ва Анаҳита Додихудо, рӯзноманигори тоҷики муқими Исроил суҳбат кардем ва аз онҳо дар бораи вазъи кунунӣ дар ин ду кишвар, рӯҳияи мардум ва тақдири тоҷикон пурсон шудем.

 

Пайгирии даргирӣ, аммо сари кор

Дар шаҳри Машҳад, ки Исфандиёр Халилӣ он ҷо зиндагиву кор мекунад ва чанде пеш расонаҳои Исроил гуфтанд, мавриди ҳадаф қарор гирифт, вазъият нисбатан оромтар аст. Ӯ таъкид мекунад, ки “дар муҳити воқеӣ ҳама чиз оддӣ аст, бештар дар фазои маҷозӣ ташвишро ҳис мекунем ва сокинон саргарми кору зиндагии худ ҳастанд”.

“Сокинон пайгири хабарҳои даргирӣ ҳастанд, вале чун пеш зиндагӣ доранд. Ман ҳозир дар сари корам ва таътиле ба хотири ҷанг надорам”, – гуфт ӯ.

Ба қавли Исфандиёр Халилӣ, дар пойтахти Эрон вазъият мутафовит аст ва дар ин ҷо таъсири ҷанг бештар ҳис карда мешавад.

“Асли ҷанг дар Теҳрон ва онҷо вазъ каме нигаронкунанда аст. Дар пойтахт баъзе идораҳо дуркорӣ (кори фосилавӣ, – АП) шудааст. Аммо бо як ошно аз Табрез суҳбат доштам, гуфт, ҳама пайи кору зиндагиянд”, – мегӯяд Халилӣ.

Бо вуҷуди ин, теъдоде аз шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон Эронро тарк карданду қисме мекунанд. Халилӣ мегӯяд, аз Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд, ки хоҳишмандонро кумак мекунанд, то аз тариқи марзи Туркманистон ба Тоҷикистон раванд.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон чанд рӯз пеш ҳам гуфта буд, ки 30 шаҳрванди кишвар аллакай Эронро тарк карда, 100 тани дигар барои хуруҷ худро номнавис кардаанд.

Ба қавли Зоҳидӣ, аммо бозгашт ихтиёрист, ба касе амр нашудааст, ки Эронро тарк кунад. Ин нуктаро Халилӣ ҳам тасдиқ мекунад.

“Аз Машҳад ҳам 2 нафар хоҳиши ба Тоҷикистон рафтан доштанд, яке рафт, аз тақдири дигарӣ хабар надорам”, – иброз дошт Халилӣ.

Шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути сарҳади Туркманистон ва Озарбойҷон аз Эрон хориҷ мешаванд.

 

Ҳамовозӣ дар муқобили таҳдид

Исфандиёр Халилӣ перомуни набзи дохилӣ ва рӯҳияи мардуми Эрон мегӯяд, “ҳамовозиро мебинему мушоҳида мекунем” ва “садои мухолифро гоҳ – гоҳе дар фазои маҷозӣ мешунавем”.

“Ба назари ман, мардум ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳарчанд дидгоҳҳои гуногун доранд, инро бояд миёни худашон ҳал кунанд ва иҷоза надиҳанд, ки хориҷиҳо, он ҳам касоне, ки Эронро қавӣ дидан намехоҳанду ҳадафашон заиф кардани Эрон аст, барои эрониҳо тасмим гиранд”,- мегӯяд Халилӣ.

Ӯ гуфт, сокинони Эрон ба ин андешаанд, ки “истиқлоли кишварро ҳифз кунанд ва тақдири онро ба дасти ғосибе мисли Исроил насупоранд” ва дар ин масъала, мухолифони эронии дар хориҷ буда низ ҳамовозӣ нишон медиҳанд.

Халилӣ афзуд, “бештари сокинони Эрон ҷонибдори мавқеи ҳукумат дар посух додан ба  ҳамлаи Исроил ҳастанд”. Ӯ таъкид мекунад, ки “барои эрониҳо феълан муҳим он аст, ки барои созиши оянда мавқеи бартар дошта бошанд ва бовар доранд, ки ҳамин тавр хоҳад шуд”.

 

“Хаста шудаанд, аммо зарурати амалиётро дарк мекунанд”

Вале вазъ дар Исроил фарқкунанда аст. Ба нақли Анаҳита Додихудо, рӯзноманигори тоҷик, ки ҳоло дар шаҳри Ҳайфо кору зиндагӣ мекунад, дар Исроил вазъи фавқулода ҷорӣ шудаву макотибу корхонаҳо ва бемористонҳо бастаанд. Ӯ мегӯяд, танҳо мағозаҳои хурд барои хариди лавозимот боз аст.

Ин хабарнигори тоҷик вазъи кунунӣ дар Исроилро “нигаронкунанда” арзёбӣ карда, таъкид мекунад, ки фурудгоҳ ҳам баста ва танҳо сарҳад бо Миср ва Урдун боз аст.

“Умуман, аз нигоҳи рӯҳӣ, албатта мардум хаста ҳастанд. Шабҳои тӯлонӣ хоб накардаанд. Аз ҷиҳати амният, дар ин кишвар паноҳгоҳҳо хеле зиёд ҳастанд. Агар хатари мушакӣ бошад, ҳамеша дар телефонҳо паём ирсол мешавад. Одамон ба тарафи паноҳгоҳ мераванд ва онҷо муддате мунтазир мемонанд”, – зикр мекунад Анаҳита Додихудо.

Дар бораи рӯҳияи сокинон ва то куҷо аз ҳамлаи артиши давлаташон пуштибонӣ кардани сокинони Исроил, ин рӯзноманигор мегӯяд, “вазъ фарқкунанда аст” ва теъдоде ҳам аз ин иқдоми ҳукумат дастгирӣ мекунанд.

“Онҳо чунин мешуморанд, ки барномаи ҳастаии Эрон хатар барои кишварашон аст. Ҳастанд онҳое, ки фикр мекунанд аввал бояд гаравгонҳоро аз Навори Ғазза баргардонанд. Аммо аздусар аксар сокинон чунин мешуморанд, ки амалиёт лозим аст ва иқдоми ҳукуматашонро дарк мекунанд”, – мегӯяд Анаҳита Додихудо.

Аммо ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, аслан зидди ҳар навъ ҷанг аст ва эътимод дорад, ки ҳар баҳсу ихтилоф бо роҳҳои дипломатӣ ҳал карда шавад.

Ба қавли Анаҳита Додихудо, тоҷикон дар Исроил хеле кам ҳастанд ва Тоҷикистон дар ин кишвар сафоратхона надорад.

“Шаҳрвандони Ӯзбекистон бештаранд ва инҷо кор мекунанд. Онҳо ҳам вақти садои бонги хатар, мисли ҳамаи сокинон бояд ба паноҳгоҳ раванд. Инҷо амнияти ҳар як шаҳрванд афзалият дорад. Барои ҳамин, вақте берун меравӣ, бояд донӣ, куҷо паноҳгоҳ ҳаст ва ҳамеша омада бошӣ”, – мегӯяд Анаҳита Додихудо.

Бояд гуфт, ки шаби 13-уми июн Исроил ба хоки Эрон ҳамла кард ва дар пайи он чанд фармондеҳи низомӣ, донишмандон ва сокинони маҳаллӣ ҷон бохтанд. Шаби ҳамон рӯз Эрон ба Исроил ҳамлаи ҷавобӣ кард ва кунун даҳ шабонарӯз мешавад, ки ин даргирӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳам ҳамлаи Исроил ва ҳам ҳамлаи Амрико ба хоки Эронро “қатъиян маҳкум” карда, аз шиддат гирифтани муноқиша “изҳори нигаронии ҷиддӣ” кард.

Охирин хабарҳои даргирии Эрон ва Исроилро ҳар лаҳза дар телеграм ва дигар саҳифаҳои иҷтимоии “Азия-Плюс” мутолиа карда метавонед.

Ҳамчунин, дар матлаби “Барномаи ҳастаӣ як баҳона аст”. Ҳадафи ҷанги Исроил чӣ аст ва Эрон то куҷо метавонад аз худ сазовор дифоъ кунад? метавонед оид ба ҳадафи аслии ҷанги Исроил, зарфиятҳои дифоии Эрон, пуштибонҳои ду кишвар ва эҳтимоли домангустарии ҷанг дар минтақа маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...