$100=990 сомонӣ. Коҳиши дубораи қурби доллар нисбат ба сомонӣ

Asia-Plus

Тӯли як ҳафтаи охир қурби доллари ИМА дар баробари пули миллӣ – сомонии Тоҷикистон дигарбора поин рафтааст. Бар асоси маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июн 100 доллари ИМА ба 990 сомонӣ баробар аст. Як ҳафта пеш, 17-уми июн 100 доллари ИМА дар бонкҳо 1012 сомонӣ иваз мешуд.

Уфти доллар дар бозори арзи Тоҷикистон қариб миёнаҳои моҳи апрел оғоз шуд ва дар ин миён ҳудуди ду ҳафта (аз 4 то 17-уми июн) дубора баланд шуда, аз 988 то 1012 сомонӣ расид. 

Аз ҷумла, рӯзи 9-уми июн 100 доллар 988 сомонӣ иваз мешуд, рӯзи 10-уми июн 990 сомонӣ шуд, рӯзи 11-уми июн 993 сомонӣ ва ҳамин тариқ, 17-уми июн ба 1012 сомонӣ расидааст. Вале баъдан дубора поин шуд. Маслан, рӯзи 18-ум 100 доллар ИМА 1008 сомонӣ, 21-уми июн 997 сомонӣ ва имрӯз, 24-уми июн 990 сомонӣ иваз мешавад.

Гуфта мешавад, ки коҳиши доллар нисбат ба сомонӣ дар пасманзари уфти арзиши он нисбат ба рубли русӣ оғоз гардид.

Қаблан, БМТ поин рафтани қурби доллар нисбат ба сомониро “таъсири маҷмӯи омилҳои берунӣ ва дохилӣ” шарҳ дода буд.

“Ба омилҳои беруна ҳаҷми воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар, рӯйдодҳои геополитикӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин, ислоҳи сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби бонкҳои марказии қудратҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дохил мешавад”, – гуфта буданд аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс”.

Дар БМТ гуфтанд, бахсус динамикаи қурби рубли русӣ ба доллари ИМА, ки дар натиҷаи тағийрёбии нархи манбаъҳои энерҷӣ (пеш аз ҳама нафту газ.-Аз идора), танишҳои тиҷоратӣ ва бесуботӣ дар бозорҳои молиявии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, ба тағйирёби қурби доллар нисбат ба сомонӣ таъсир мерасонад.

“Ба омилҳои дохилӣ тамоюли тағйирёбии талабот ба асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ва самаранокии низоми бонкӣ дар қонеъ гардонидани талаботи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба асъори хориҷӣ дохил мешавад”, – зикр карда буд БМТ.

Бояд гуфт, тоҷирон яке аз сабабҳои гаронии нархи маҳсулотро маъмулан ба афзоши қурби доллар рабт медиҳанд. Вале тавре дида мешавад, нархи маҳсулоте, ки бо болоравии қурби доллар афзоиш меёбад, пас аз коҳиши қурби доллар поён намеояд. Раванди манфие, ки дар бозорҳои Тоҷикистон мушоҳида шуда, боиси норозигии аҳолӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...