Шавкат Мирзиёев духтараш Саида Мирзоёеваро роҳбари Дастгоҳи президент таъин кард

Asia-Plus

Бо амри президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вазифаи роҳбари Дастгоҳи президенти ин кишвар дигарбора барқарор шуда, Саида Мирзиёева, духтари сарвари ин давлат роҳбари он таъин шуд.

Тавре ки "gazeta.uz" хабар медиҳад, Саида Мирзиёева қаблан ба ҳайси ёвари президенти Ӯзбекистон ифои вазифа мекард.

Аз моҳи августи соли 2023 Саида Мирзиёева дар вазифаи ёвари президент ва то ин вақт – аз моҳи ноябри соли 2022 дар мансаби мудири бахши коммуникатсия ва сиёсати иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард.

Ин бахш ба сохтори низоми собиқ муовини роҳбари дастгоҳ Комил Аламҷонов, ки ба омӯзиши афкори умум ва сиёсати иттилоотӣ масъул буд, дохил мешуд.

Саида Мирзиёева хатмкардаи Донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи ҷаҳонӣ, магистри Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Давоми солҳои 2019-2020 вазифаи муовини директори Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Дастгоҳи президент (зери роҳбарии Аламҷонов) ва сипас – муовини раиси шӯрои сарпарастии Фонди дастгирӣ ва рушди расонаҳо (он замон ҳам Комил Аламҷонов раиси Шӯро буд)-ро ба уҳда дошт.

Шавкат Мирзиёев моҳи августи соли 2023 сохтори нави Дастгоҳи президенти Ӯзбекистонро тасдиқ кард Он замон вазифаи роҳбари Дастгоҳи президент барҳам дода шуда, инчунун боз ду вазифаи ёвари президент таъсис ёфт ва теъдоди ёварон аз 9 то 11 нафар зиёд шуд.

Роҳбари пешинаи Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон давоми солҳои 2022-2023 Сардор Умурзоқов буд, ки айни замон ба ҳайси ёвари президент оид ба супоришҳои махсус ифои вазифа мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...