Владимир Путин гуфт, талош мекунад ба мардуми Эрон кумак намояд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон аз ҳамлаҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Исломӣ изҳори нигаронӣ карда, онро "таҷовузи комилан бедалел" ва "беасос" хондааст.  Тавре "Медуза" менависад, дар ҷараёни гуфтушунид Путин таъкид кардааст, ки миёни Русия ва Эрон "муносибатҳои дерина, самимӣ ва боэътимод" роҳандозӣ гардида, Маскав кӯшиш мекунад мардуми Эронро дастгирӣ кунад. Аббос Ароқчӣ дар […]

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон аз ҳамлаҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Исломӣ изҳори нигаронӣ карда, онро "таҷовузи комилан бедалел" ва "беасос" хондааст. 

Тавре "Медуза" менависад, дар ҷараёни гуфтушунид Путин таъкид кардааст, ки миёни Русия ва Эрон "муносибатҳои дерина, самимӣ ва боэътимод" роҳандозӣ гардида, Маскав кӯшиш мекунад мардуми Эронро дастгирӣ кунад.

Аббос Ароқчӣ дар навбати худ, изҳор доштааст, ки амалкардҳои ИМА ва Исроил зидди Эрон "таҷовузкорона" ва "ғайриқонунӣ" мебошанд.

Ӯ зикр кардааст, ки ин амалҳо қоидаҳои байналмилалиро нақз мекунанд ва илова намудааст, ки "мо соҳибихтиёрии худро ҳифз мекунем ва ин ҳимоя комилан қонунӣ аст".

Ба иттилои хабаргузории "Reuters", Алии Хоманаӣ, роҳбари Эрон Аббос Ароқчиро бо супориши махсус ба Маскав фиристод, то ба Владимир Путин номае супорад, ки дар он дархости афзоиши дастгирии Русия зикр шудааст. Тафсилоти нома эълон нашудааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар як гузориши телевизиони давлатии кишвараш дастрас кардани мактуб аз роҳбари олии Эронро тасдиқ накард.

Манобеи "Reuters" зикр кардаанд, ки дар Теҳрон кумаки имрӯзаи Маскавро нокофӣ медонанд ва умедворанд, ки Русия иқдомоти фаъолтар анҷом медиҳад.

Сафари Ароқчӣ ба Маскав як рӯз пас аз ҳамлаи ИМА ба иншооти ҳастаии Эрон сурат гирифт. Ба иттилои расонаҳо, ин ҳамлаҳо ба се корхона — дар Форду, Натанз ва Исфаҳон равона шуда буданд.

Шиддат гирифтани вазъият байни Эрон ва Исроил аз 13-уми июн идома дорад ва бо табодули зарбаҳои шадид ҳамроҳ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.