“Барои ҳалли мушкили мардум ихтироъ мекунам”. Моҳҷабин Давлатқадамова – “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?

Date:

Моҳҷабин Давлатқадамова, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Донишҷӯи сол” эълом гардид. Ӯ чор забонро медонад ва ба ихтироъкорӣ машғул аст. “Азия-Плюс” атрофи ихтироъкорӣ, роҳи пешгирифта ва нақшаҳои ӯ гуфтугӯ кард.

Моҳҷабин Давлатқадамова дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ӯ 22 сол дорад ва аз 14-солагӣ ба ихтироъкорӣ машғул аст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аввалин устодаш падараш аст ва нахустин ихтироъҳояшро низ бо дастгирӣ ва ҳимояти ӯ кардааст. Ӯ маҳз ба хотири он ки падараш омӯзгори фанни физика ва химия аст, самти технология ва инноватсияро интихоб кардааст.

 

“То охирин лаҳза боварӣ надоштам, ки “Донишҷӯи сол” мешавам”

Соли 2025 Моҳҷабин Давлатқадамова “Донишҷӯи сол” эътироф шуд ва донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуд.

“Даври якуми озмун дар донишгоҳ баргузор шуд. Дар ин давр бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ иншо навиштем. Баъдан ҳакамон саволҳои ихтисосӣ доданд ва сатҳи забондонии донишҷӯёнро низ санҷиданд. Хушбахтона, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтам”, – нақл кард Моҳҷабин.

Қаҳрамони мо мегӯяд, дар даври ҷумҳуриявии озмун, ки дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид, донишҷӯён аз 46 донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо ҳам рақобат намуданд. Онҳо дастоварду нақшаҳои ояндаашонро бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рӯнамоӣ карданд. Ӯ мегӯяд, ҳакамон ба забондонии донишҷӯён диққати махсус додаанд.

“Ду рӯз баъд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун баргузор шуд. То охирин лаҳза боварӣ надоштам, ки унвони “Донишҷӯи сол”-ро соҳиб мегардам. Вақте ғолибони ҷойҳои 3, 2 ва 1-умро эълон карданд ва номамро нашунидам ва гуфтам, ин бор муваффақ нашудам. Дар ин лаҳзаи ноумедӣ “Донишҷӯи сол”-ро эълон карданд ва номи маро гирифтанд. Ҳиссиёти аҷибе доштам, хушҳолӣ кардам”, – бо лабханд нақл кард Моҳҷабин.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Огоҳкунаки беноқил” -ҳушдор аз офатҳои табиӣ

Моҳҷабин 7 ихтироъ дар самтҳои гуногун дорад, ки дар осон кардани мушкилоти сокинон, мақомот ва ширкатҳои алоҳида кӯмак мерасонад. Аз ҷумла, яке аз навовариҳои ӯ “огоҳкунаки беноқил” аст, ки ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ хидмат мекунад.

“Бо ин навоварӣ соли 2021 дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм гардидам. Инчунин ғолиби гранти Барномаи байналмилалии “Пешсаф” гардидам ва маблағи онро ҷиҳати такмили ин асбоб сарф намудам”, – иброз дошт Моҳҷабин.

Ба гуфтаи ӯ, “огоҳкунаки беноқил”-ро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар мошин, мағоза, ширкатҳо, бонкҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, минтақаҳои осебпазир истифода бурдан мумкин аст.

“Яке аз афзалиятҳои ин асбоб дар он аст, ки он беноқил аст ва дар минтақаҳои кӯҳӣ низ имкони насби он мавҷуд аст. Ин дастгоҳро дар минтақаҳое, ки хатари заминларза, омадани сел, тарма ё дигар ҳодисаҳо насб кунанд, дар як вақт ҳам ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳам ба сокинон аз ҳодисаи табиӣ хабар медиҳад”,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳ бо аккумулятор кор мекунад, инчунин бо насби батареяҳои офтобӣ низ фаъол мегардад. Дастгоҳ тақрибан як кило вазн дошта, дар зери замин бояд гузошта шавад. Моҳҷабин мегӯяд, ҳоло Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин дастгоҳро месанҷад.

Моҳҷабин аз дастгоҳи сохтааш аллакай даромад низ гирифтааст. Ӯ бо чанд ширкати хусусӣ, мағозаҳо, мошинҳо ва дигар соҳаҳо ҳамкорӣ мекунад ва бар иваз ҳаққи хидматашро мегирад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Хостам мардуми Тоҷикистон тамоми сол бо барқ таъмин бошанд!”

Навоварии дигари ҳамсуҳбати мо ин “нерӯгоҳи офтобӣ” ном дошта, барои бо барқ таъмин кардани сокинони Тоҷикистон дар тамоми сол хидмат мерасонад. Ин дастгоҳ мавзеи бисёрро намегирад ва бо равшании офтоб, агар гармии зиёд ҳам надошта бошад, нерӯи барқи бештар тавлид мекунад.

“Хостам навоварии ман заҳмати мардумро камтар кунад ва онҳо дар тамоми фаслҳои сол бо нерӯи барқ таъмин бошанд”, – иброз дошт Моҳҷабин.

Моҳҷабин мегӯяд, дастгоҳ бо моддаи хлороформ, ки дастрас ва безарар мебошад, кор мекунад.

“Ин дастгоҳ бо об ҳам кор мекунад, аммо дараҷаи буғнокии хлороформ нисбат ба об баландтар аст, ки барои кори система хеле хуб аст. Дар шароити минтақаҳое, ки аз камобӣ азият мекашанд низ, ин дастгоҳ хеле муносиб аст. Чун система сарбаста аст, агар як бор дастгоҳро бо об пур кунем, то 10 сол кор мекунад. Ҳудуди 19 тонна обро мебарад”, – гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳоло ин дастгоҳро дар озмоишгоҳ таҷриба карда истодаанд. Дар назар аст дастгоҳи такмилёфта дар минтақаҳои кишвар дар амал татбиқ карда шаванд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дастовардҳо

Моҳҷабин Давлатқадамова дар якчанд озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ низ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Соли 2014 дар озмуни “Техникони ҷавон” сазовори ҷойи якум ва соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии “Як қадам ба пеш” соҳиби дипломи дараҷаи дуюм гардидааст.

Моҳҷабин ҳоло раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимӣ аст. Ӯ ният дорад ду курси омӯзишӣ – забономӯзӣ ва инноватсия барои донишҷӯён боз карда, таҷриба ва дониши худро омӯзонад.

“Мехоҳам таҳсиламро дар хориҷи кишвар идома диҳам, таҷриба ва соҳаи навовариҳои махсусан Чин, Корея, Фаронсаро омӯзам”, – мегӯяд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар соҳаи технология ва инноватсия донистани забонҳои хориҷӣ муҳим аст. Ӯ чор забонро медонад ва ҳоло ба омӯхтани забони туркӣ машғул аст.

“Мутолиаи китобро дӯст медорам. Бештар китобҳои таҳрикдиҳанда мехонам – ангеза ва боварӣ медиҳанд”, – мегӯяд Моҳҷабин.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...