Дар Қазоқистон гандум қимат мешавад. Дар Тоҷикистон чиро метавон интизор шуд?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нархи гандум дар Қазоқистон боз боло рафта, ин ҳушдори нигаронкунанда барои Тоҷикистон аст, ки зиёда аз 90%-и зироати ғалладонаро маҳз аз ҳамин кишвар ворид мекунад.

Ҳафтаи гузашта нархи гандуми дараҷаи 3 бо таркиби ширеши 27% ба 112-115 ҳазор танга (тақрибан 216-222 доллар) расида, кишоварзон дар ҷануби Қазоқистон ҳосили нави 1 тонна ғалладонаро аллакай бо нархи 125-130 ҳазор тонна танга бидуни андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) пешниҳод мекунанд.

Ба гуфтаи роҳбари шуъбаи таҳлили Иттифоқи ғаллакорони Қазоқистон Евгений Карабанов, гароншавии маҳсулот ба як қатор омилҳо рабт дорад, аз ҷумла поинравии қурби танга нисбати доллар (10 танга дар давоми ҳафта), талаботи зиёд аз ҷониби таҳвилгарон ва ширкатҳои коркард, инчунин камшавии боқимондаҳои ғалладона ва ғайра.

 

Ин чӣ гуна ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?

Тоҷикистон аз ҳаҷми умумии ҳамаи гандум зиёда аз 90%-ашро аз Қазоқистон мехарад. Соли 2024 ҳаҷми воридот ҳудуди 1 млн тоннаро ташкил дода, дар соли 2025 тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, воридот зиёд мешавад – ҳудуди 349 ҳазор тонна ба маблағи зиёда аз 100,4 млн доллар.

Тоҷикистон 1 тонна гандумро бо нархи 288,3 доллар харид.

Бино ба маълумоти Кумитаи таҳлили Иттифоқи ғаллакорони Қазоқистон, аз 16 то 22 июн нархҳои содиротӣ ба гандум бо назардошти ААИ 12%-ро ташкил дод: арзиши 1 тонна гандуми дараҷаи 3-юм бо нархи аз 210 то 285 доллар, гандуми Hi-Pro (ғалладонаи таркибаш баланди ширешдор) – аз 305 то 310 доллар ва гандуми дараҷаи 4-ум – дар ҳудуди аз 203 то 208 доллар пешниҳод мешавад.

Ба ақидаи намояндагони ширкатҳое, ки ба Тоҷикистон гандум меоранд, болоравии нарх дар Қазоқистон ногузир ба бозори Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.

Ин ҷо сари на танҳо гандум, балки маҳсулоти аз он истеҳсолшуда, аз ҷумлу орду нон, макарон ва маснуотӣ қаннодӣ низ сухан меравад.

 

Маҳсулот дар Тоҷикистон гарон мешавад?

Аз 1 июл дар Қазоқистон орд ҳам қимат мешавад (то 139,81 танга барои кг ё худ 270 доллар, +45%). Ин тағйирот аллакай дар ҳафтаҳои наздик метавонанд ба нархҳои содиротӣ ва мутаносибан нархи маҳсулот дар Тоҷикистон таъсир расонанд.

Ширкатҳои воридкунанда метавонанд бо афзоиши хароҷот ба логистика дучор шаванд, зеро дар Қазоқистон таърифаҳо ба ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан боло рафтанд.

Аммо ба туфайли истеҳсоли орду нон дар дохили кишвар, инчунин захираҳои мавҷуда, вазъият дар Тоҷикистон метавонад устувор боқӣ монад, ҳадди ақалл дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат.

Мувофиқи пешгӯйии Вазорат рушди иқтисод, соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли гандум дар дохили Тоҷикистон ба 956 ҳазор тонна мерасад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 881 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...