Роҳи мошингарди Қалъаи Хумб то Рӯшон ба истифода дода шуд

Asia-Plus

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар ҳошияи сафари худ ба ВМКБ ба ноҳияи Дарвоз роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи ноҳияи Рӯшонро ба истифода дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ин роҳ қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин буда, шаҳри Душанберо бо шаҳри Хоруғ ва Тоҷикистонро бо Чин пайваст мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ, дарозии нақби мошингузари роҳ 3 ҳазору 400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр сохта шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин масир роҳи аз ҳама душворгузар дар миқёси ҷумҳурӣ буд ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд.

 “Тӯли ин қитъаи шоҳроҳ, ки  ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар бо дарозии умумии 5200 метр, ин масофаро ба 92,5 км баробар намуд, ки аз масофаи қаблӣ 16,5 км кам аст”, – навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гузаштан аз ҳамин қитъаи роҳ дар гузашта 4,5-5 соат вақти мусофиронро мегирифт ва ҳоло бо таъмири роҳ ва бунёди ду нақб ин масофаро дар камтар аз ду соат тай кардан имкон дорад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, 15 пули мошингузар, 5 долони зиддитармавӣ, 12 ҳазору 900 метр деворҳои оҳанӣ, бетонӣ, сангӣ ва 200 метр қубурҳои обгузар сохта шудаанд. Инчунин дар дарозои роҳ, ки аз 14 деҳаи ноҳияи Дарвоз мегузарад, чароғҳои аз офтоб қувватгиранда насб гардидаанд.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2021 барои бунёду навсозии ин роҳ санги асос гузошта буд.

Моҳи январи имсол Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар дар бораи моҳи июн мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳ иттилоъ дода гуфта буд, он як сол пеш аз муҳлат ба истифода дода мешавад.

Гуфта мешуд, барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии он ҳукумати Чин дар ҳаҷми 230 млн доллар грант ҷудо кардааст ва ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин ба бунёду навсозии роҳ машғул аст.

Гуфта мешуд, ки қитъаи роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ то дарвозаи Рӯшон бахши долони мултимодалии роҳи Душанбе-Хоруғ-марзи Чин хоҳад шуд.

Бояд гуфт, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ВМКБ рафт. Сафари ӯ аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид ва роҳи марказии ноҳия ва як қатор муассисаву корхонаҳо, аз ҷумла 7 кӯдакистон, толори варзишиву парки саноатӣ ва чанд корхонаи саноатиро дар ин ноҳия  ба истифода дод. Дар поёни сафари худ ба ин ноҳия раисҷумҳур бо роҳбарон ва фаъолон мулоқот кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...