Давраи нави амнияти энергетикӣ дар ВМКБ. НБО «Себзор» ба кор даромад

Маводи шарикон

Рӯзи 26 июни соли 2025 дар ноҳияи Роштқалъа ифтитоҳи расмии нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 мегаватт баргузор гардид, ки ин як марҳалаи муҳим дар рушди соҳаи энергетикаи минтақа мебошад.

Ин рӯйдоди муҳим таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба ҳайси меҳмонони фахрии чорабинӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Раймундас Кароблис; Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Йорк Шуграф; Директори минтақавии Дафтари Бонки Олмонии Рушд (KfW) дар Осиёи Марказӣ, Андреас Шнайдер ва дигар шарикони рушд ҳузур доштанд. Дар чорабинӣ ҳамчунин маросими гузоштани пойдевори бинои мактаби нави миёна барои 240 хонанда дар деҳаи Барҷангал доир гардид, ки ин мактаб дар доираи нақшаи кӯчонидани аҳолӣ дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ бунёд мегардад.

Нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар баландии зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, аз рӯи принсипи истгоҳи дериватсионӣ сохта шуда, бо се турбинаи амудии навъи “Пелтон” муҷаҳҳаз гардидааст, ки иқтидори ҳар яки онҳо тақрибан 3,7 МВт мебошад. Бо маҷрои об 12 метри мукааб дар як сония ва фишори беш аз 110 метр ин нерӯгоҳ қодир аст, ки дар як сол беш аз 76 миллион киловатт-соат нерӯи тозаи барқароршавандаи барқро тавлид кунад ва ҳар сол ихроҷи беш аз 45 ҳазор тонна гази карбонро пешгирӣ кунад.

Нерӯгоҳ бо шабакаи минтакавй якҷоя карда мешавад, ки ин боиси баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти 220 хазор нафар сокинони ВМКБ бо қувваи барқ мегардад. Дар оянда он инчунин барои содироти нерӯи барқ ​​ба шимоли Афғонистон истифода мешавад ва дастрасии беш аз 430 000 нафарро дар ин минтақаи таърихан осебпазир ва дар изолятсия мондаи давлати ҳамсоя таъмин мекунад.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) бо маблағгузории муштараки Иттиҳоди Аврупо тавассути KfW маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Ширкати «Помир Энерҷӣ» амалӣ карда мешавад.

"Себзор танҳо як нерӯгоҳи барқи обӣ нест, он як экосистемаи пурра мебошад. Лоиҳа ба ғайр аз таҳкими амнияти энергетикӣ дар ин минтақаи дурдасти кӯҳистонӣ, ҳамчунин ба рушди тамоми шабакаи барқи минтақавӣ такон бахшида, боиси ҷалби сармоягузории бузург ба инфрасохтори иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа гардид",-гуфт Далер Ҷумъа – вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Нерӯгоҳи «Себзор» як қисми стратегияи гузариш ба энергияи “сабзи” Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа ӯҳдадории кишварро ба бетарафии карбон, афзоиши истиқлолияти энергетикӣ ва рушди тиҷорати миёнмарзии энергетикӣ нишон медиҳад.

"Ифтитоҳи НБО «Себзор» садоқати Иттиҳоди Аврупоро ба рушди устувор, устувории иқлим ва дастрасии фарогир ба энергия дар Тоҷикистон инъикос мекунад. Ин лоиҳа, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Олмон ва “Помир Энерҷӣ” амалӣ мегардад, як қисми Ташаббуси глобалии «Дарвоза ба сӯи оянда» буда, ба рушди инфрасохтор, ки ҷомеаҳоро таҳким мебахшад ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат мекунад, равона шудааст",- гуфт Сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис.

Лоиҳа бо риояи стандартҳои қатъии экологӣ ва иҷтимоӣ амалӣ карда шуд. Дар доираи Барномаи «Барқарорсозии воситаҳои зиндагӣ» соҳибкории маҳаллӣ дастгирӣ ёфт ва иншооти аҳамияти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаби нав, бунёд гардиданд, ки ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии минтақа мусоидат намуд.

Лоиҳа дар соли 2023 эътирофи махсус гирифт ва аввалин иншоот дар ҷаҳон гардид, ки тибқи Стандарти устувории гидроэнергетика соҳиби сертификати тилло гардидааст. Ҷоиза мутобиқати лоиҳаро ба таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар соҳаи экология, масъулияти иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) таъкид мекунад.

"Нерӯгоҳи "Себзор" устувории тамоми минтақаи ВМКБ-ро ба таъсири тағйирёбии иқлим зиёд мекунад. Маҳз аз ҳамин сабаб, лоиҳа аз ҷониби Ташаббуси Иқлим ва Технологияи Олмон маблағгузорӣ шудааст. Мо умедворем, ки лоиҳа ба рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиши воқеии камбизоатӣ дар ин минтақаи кӯҳистон мусоидат хоҳад кард",-гуфт Андреас Шнайдер, директори минтақавии дафтари KfW дар Осиёи Марказӣ.

"Ҳамчун шарики аввалин дар амалисозии лоиҳаи энергетикии давлатӣ-хусусии Тоҷикистон, AKFED ифтихор дорад, ки Ширкати “Помир Энерҷӣ” чунин лоиҳаи аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаро дар яке аз минтақаҳои душвортарин бомуваффақият амалӣ намуд. Мо ба Ҳукумати Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон барои ҳамкорӣ дар пешбурди барномаи барқикунонии деҳаҳои дурдаст изҳори сипос менамоем, – иброз дошт Ғолиб Ғулом, директори глобалии Хадамоти пешбурди саноати Хазинаи Оғохон оид ба Рушди Иқтисодӣ.

Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” на танхо манбаи энергия мебошад. Ин марҳилаи нави рушди устувори ВМКБ мебошад. Ин лоиҳа собит мекунад, ки ҳадафҳои пуриддао, усулҳои инноватсионӣ ва шарикӣ дар бахшҳои гуногун метавонанд монеаҳои инфрасохториро бартараф созанд ва натиҷаҳои дарозмуддатро таъмин намоянд.

 

МАЪЛУМОТНОМА

“Помир Энерҷӣ” (“Pamir Energy”) дар намуди шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) таъсис дода шуда, як ширкати муттаҳидаи энергетикӣ мебошад, ки дар ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ширкати «Помир Энерҷӣ»як қисми хизматрасонии пешбурди саноатӣ (IPS) – Шӯъбаи саноатӣ ва инфрасохтории Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...