ЧОРАБИНИҲОИ 28 ИЮН
– Имрӯз, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба бузургдошти Малика Собирова, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ "Шоми балет" баргузор мешавад. Ин консерт мависми навбатии тератрро ҷамъбаст мекунад ва театр ба таътили тобистона мебарояд. Нархи билет 30 сомонӣ аст. Чиптаҳоро дар сомонаи echipta.tj дастрас кардан мумкин аст.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик идома дорад. Маросими ифтитоҳии намоигоҳ рӯзи 25-уми июн доир гардид ва қарор аст, ки намоишгоҳ то 2-юми июл идома кунад. Алоқамандон метавонанд давоми ин рӯзҳо аксҳои ӯро тамошо ва харидорӣ кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 28 ИЮН
Соли 2007 – Дар сафорати ИМА дар Тоҷикистон Маркази иттилоотию захиравӣ ифтитоҳ гардид.
Соли 2011 – Президенти кишвар Қонун “Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок”-ро ба имзо расонд.
Соли 2013 – Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ба тасвиб расид.
Соли 2019 – Андози арзиши иловашуда (ААИ) аз сохтмони нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ аз 18% то 7% ва барои муассисаҳои таълимии хусусӣ аз 18% то 5% коҳиш дода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1921 – Зодрӯзи Ҳомидҷон Зоҳидов, табиби мардумӣ, муаллифи китобҳои “Хазинаи тибби қадим” ва “Канзи шифо”.
Авҷи фаъолияти Ҳомидҷон Зоҳидов, ки ӯро ба оммаи мардуми тоҷик ҳамчун донишманди риштаи тиб шиносонд, ба охири солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-уми садаи гузашта рост меояд. Дар ин давра китобҳои машҳури ӯ “Хазинаи тибби қадим” ва “Канзи шифо” ба чоп расиданд.
Маҳз дар ҳамон солҳо бисёре аз донишмандони имрӯзаи тибби тоҷик аз сабақҳои Ҳомидҷон Зоҳидов, ки ба таври ғайрирасмӣ ба вижа барои олимони ҷавон ва дигар шахсони боистеъдод анҷом мегирифтанд, баҳра бардоштаанд.
Ӯ асосҳои тибби бостонии Ховар, ба вижа тибби анъанавии тоҷик, аз он миён шинохти гиёҳҳои доруӣ ва тарзҳои омодагардонии муолиҷаи маризон бо гиёҳҳоро тарғиб мекард, ки ин дар китобҳояш низ дарҷ шудааст.
Соли 1940 – Мавлуди Аслиддин Қамарзода, нависанда ва адабиётшиноси тоҷики Ӯзбекистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Соли 1942 – Зодрӯзи Акрам Ҷӯраев, олим дар соҳаи физикаи ядроӣ.
Соли 1960 – Мавлуди Абдулраҳим Абдулҳасанов, арбоби давлатӣ, генерал-майори адлия.
Соли 2020 – Амонулло Қодиров, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994) даргузашт.
Ӯ 10 июни соли 1945 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада буд. Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) (1965) ва Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро (1971) ба поён расонда, зиёда аз сӣ сол актёри Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов буд.
Махсусан дар иҷрои саҳначаҳои "Шодӣ ва Ҳодӣ" ҳамроҳи Шодӣ Солеҳ машҳур буданд.
Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили "Дон Жуан", "Умри ҷовид", "Латифаҳои деҳот", "Якпула савдо, садпула ғавғо", "Робиаи Балхӣ", "Умед", "Табиби зӯракӣ" баҳои баланд додаанд.
Дар филмҳои тоҷикии "Субҳи Ганг", "Достони Сиёвуш", "Ҳафт арӯси дуздидашуда", "Аспҳо дар моҳтобшаб", "Хоби хирси сафед" образҳои дурахшон офаридааст. Номашро дар бисёр саҳнаю намоишномаҳои телевизиони тоҷик гузошта, дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ иштирок намудааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
28-уми июни соли 1914 дар шаҳри Сараево (Босния ва Ҳерсеговина) ҳерсоги олии австриягӣ Франс Фердинанд, вориси тахти императории Австро-Венгрия дар ҷараёни сафари расмӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш кушта шуд. Ин амали террористӣ аз ҷониби як узви гурӯҳи махфии сербтабори миллатгаро бо номи “Боснияи ҷавон” (“Млада Босна”) анҷом дода шуд.
Куштори ҳерсоги олӣ ба таври расмӣ боиси оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ гардид. Танҳо пас аз як моҳ – 28-уми июли соли 1914, Австро-Венгрия ба Сербия ҷанг эълон кард. Дар муддати кӯтоҳ ин муноқиша ба як низои глобалӣ мубаддал шуд, ки дар он 38 давлати мустақил ширкат карданд. Дар натиҷаи он тақрибан 74 миллион нафар ба артиш сафарбар шуданд ва беш аз 10 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ё маҷрӯҳ гардиданд.
28-уми июни соли 1946 дар Заводи автомобилсозии Горкий (ГАЗ) нахустин намунаҳои мошини тамғаи “Победа” истеҳсол шуданд. Мошини “Победа” яке аз навовариҳои муҳими саноати шӯравӣ ба шумор мерафт, зеро он аввалин мошини шӯравӣ бо сохтори яклухти корпусӣ буд.
То соли 1958 дар умум зиёда аз 240 ҳазор мошини “Победа” дар шаклҳои гуногун истеҳсол гардид.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 28 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 33+35º гарм .
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 28+30º гарм.


