Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуд Пизишкиён. Президент ба мардуми Эрон ҳамдардӣ кард

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мулоқот карда, дар робита ба даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон ба мардуми Ҷумҳурии Исломӣ ҳамдардӣ кардааст.

Дар мулоқот, ки имрӯз, 4-уми июл дар шаҳри Ханкендии Озарбойҷон баргузор шуд, вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммити навбатии СҲИ баррасӣ шудааст.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навишт, ки дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Эрон алоқаманд мебошад.

Ҷонибҳо аз вазъи феълии муносибатҳои дуҷониба ва рушду густариши онҳо изҳори қаноат кардаанд.

“Фаъолияти Неругоҳи обии Сангтуда-2 ва ҳалли босамари масъалаҳои марбут ба он намунаи неки ҳамкории Тоҷикистону Эрон арзёбӣ гардид”, гуфтааст Хадамоти матбуотии президент.

Бояд гуфт, ки даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон, ки 13-уми июн бо ҳамлаи беасоси аввалӣ оғоз гардид, пас аз бомбафканиву мушакпартоиҳо, зарбаҳои ҳавоии Амрико ба Эрон ва посухи Теҳрони расмӣ ба он, рӯзи 24-уми июн, бо миёнҷигарии Амрико ва Давлати Қатар бо оташбас ба поён расид.

Мақомоти Эрон эълон карданд, теъдоди сокинони дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушташуда 935 тан гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “The Times of Israel” бо такя Вазорати тандурустии Исроил навишта буд, ки аз мушакҳои партобкардаи Эрон 28 сокини Исроил кушта шудааст.

Қаблан, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри ду изҳороти алоҳида ҳуҷуми Исроил ва ҳам бомбафкании Амрико ба Эронро маҳкум карда буд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 4-уми июл Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар 17-умин ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲИ ба Озарбойҷон сафар кард. Мавзӯи умумии ҳамоиш "Нигоҳи нави СҲИ барои ояндаи боэътимод ва ба иқлим устувор" гуфта мешавад.

Интизор меравад, дар ин ҳамоиш сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркия, Афғонистон ва Туркманистон ширкат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...