Парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон низ аз сар гирифта мешаванд

Шурӯъ аз 10-уми июл ширкати ҳавопаймоии "Varesh Airlines" парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе дубора барқарор мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ин ширкат дар Душанбе хабар доданд. Ба иттилоъи манбаъ, нахустин парвоз пас аз таваққуфи қариб якмоҳа дар ин масир рӯзи панҷшанбеи 10-уми июл аз ҷониби ширкати "Varesh Airlines" анҷом дода мешавад. Ҳамчунин, манбаъ гуфт, […]

Шоираи Қудрат, Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Шурӯъ аз 10-уми июл ширкати ҳавопаймоии "Varesh Airlines" парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе дубора барқарор мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ин ширкат дар Душанбе хабар доданд.

Ба иттилоъи манбаъ, нахустин парвоз пас аз таваққуфи қариб якмоҳа дар ин масир рӯзи панҷшанбеи 10-уми июл аз ҷониби ширкати "Varesh Airlines" анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин, манбаъ гуфт, аввалин парвоз дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад рӯзи 4-уми июл аз ҷониби ширкати мазкур сурат гирифтааст. Қаблан ин ширкат дар бораи шурӯи парвозҳо дар ин масир баъди даргириҳо ва баста будани фазои ҳавоии Эрон иттилоъ дода буд.

Ба иттилоъи намояндагии ширкати "Varesh Airlines", аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс дар як ҳафта чор парвоз ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе ширкати "Varesh Airlines" ва рӯзҳои душанбе ва ҷумъа "Somon Air" парвозҳоро анҷом медиҳанд.

Дар масири Душанбе-Машҳад-Душанбе бошад, дар як ҳафта танҳо ду парвоз – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа аз ҷониби ширкати "Varesh Airlines" сурат мегирад.

Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Somon Air” низ парвозҳоро дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон аз сар гирад.

Ёдрас мешавем, дар пайи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон ва баста шудани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Исломӣ, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикии “Somon Air” ва эронии “Varesh Airlines” аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс лағв шуда буданд.

Он замон ба шаҳрвандони Эрон, ки наметавонистанд ба ватан баргарданд, гуфта мешуд, ки раводиди Туркманистонро гиранд ва тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.

Ҳамчунин рӯзи 28-уми июн парвози чартерӣ бо 103 шаҳрванди Эрон ба Ашқобод ташкил шуд ва мусофирон тавассути роҳи заминӣ вориди Эрон шуданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи Ашқобод ва Боку ба Тоҷикистон баргаштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.