ЧОРАБИНИҲОИ 8 ИЮЛ
– Имрӯз Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафари ӯ ба кишвари мо ду рӯз, то 9-уми июл давом карда, дар доираи он вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон, имзои санадҳои ҳамкорӣ ва дар ҳошияи он, баргузории чорабиниҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар назар аст.
– Имрӯз соати 9:00 дар доираи сафари раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон, дар “Маркази ЭКСПО-Душанбе” намоишгоҳи Қирғизистон ифтитоҳ мегардад ва хоҳишмандон метавонанд, ки давоми рӯз аз он боздид кунанд.
Ҳамчунин имрӯз, соати 14:00 дар маҷмааи “Кохи Истиқлол” форуми сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон доир мешавад. Дар доираи форум, пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мулоқотҳои “B2B” ва мунозираҳои панелӣ дар назар аст.
– Шоми имрӯз бо ширкати ҳунармандони ду кишвар дар Кохи “Борбад”-и Душанбе барномаи фарҳангии “Дӯстии абадӣ” баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар барномаи консертӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ширкат варзанд. Барнома соати 18:00 оғоз мегардад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 ИЮЛ
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шахсони дорои маъюбият ва пиронсолон таҷлил мегардад. 8-уми июл ҳамасола дар кишвар ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоту ниёзҳои шахсони маъюбиятдошта ва пиронсолон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз маъмулан чорабиниҳои фарҳангӣ, хайрия, мулоқот бо маъюбон ва пиронсолон, тақдими кӯмакҳои моддӣ баргузор мегарданд.
Соли 1932 – Ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст.
Соли 2010 – Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил дод.
Соли 2015 – Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”, ки гӯё “даъвои пайғамбарӣ дошт”, ба 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Соли 2020 – Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ тағйирот ворид гардид. Тибқи он барои набастани ниқоб ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ҷарима ва барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1903 – Мавлуди Николай Каюков, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон.
Соли 1920 – Зодрӯзи Пӯлод Ҳамроқулов, муаррихи тоҷик.
Соли 1950 – Мавлуди Бобохон Маҳмадов, вазири пешини фарҳанги Тофҷикистон.
Бобохон Маҳмадов, ки дар гузашта дар вазифаҳои вазири матбуот ва вазири фарҳанг ва иттилоот фаъолият кардааст, хатмкардаи шуъбаи китобшиносии Ҳунаристони кооперативии шаҳри Душанбе ва шуъбаи ҳуқуқшиносии Университети марксизм-ленинизм аст.
Фаъолияти ӯ дар Кумитаи матбуоти Тоҷикистон оғоз шуда, минбаъд раиси Комиссияи чопи китобҳо ва сардори Иттиҳодияи ҷумҳуриявии савдои китоб будааст. Номбурда солҳои 1990-1992 раиси Кумитаи давлатии табъу нашр ва солҳои 1992-1994 вазири матбуот ва ахбори Тоҷикистон буд.
Бобохон Маҳмадов соли 1994 вазири фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1997 дар ин вазифа кор кард. Ӯ сипас ce сол сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд. Баъдан як муддат дар вазифаи раиси комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО фаъолият кардааст.
Соли 1991 – Зодрӯзи Манижа Сангин, овозхони шинохтаи тоҷик.
Манижа Сангин набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони маъруфи тоҷик буда, дар Душанебе зода шудааст. Ӯ дар Русия таҳсил карда, ҳоло он ҷо зиндагӣ ва эҷод мекунад. Насаби ӯ Ҳамроева буда, ҳоло бо номҳои мустаори Манижа Сангин ё Manizha бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона мехонад.
Ӯ соли 2007 дар озмуни байналмилалии “Панҷ ситора. Интервидение” иштирок намуда, он замон худро муаррифӣ намуда буд. 2 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе консерти Манижа Сангин баргузор гардид.
Манижа Сангин овозхон, навозанда, муаллиф ва коргардони клипҳо буда, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ аст. Ӯ аз соли 2019 сафири бунёди “Ҳаёт эҳдо бикун”, аз соли 2020 сафири иродаи неки СММ дар умури паноҳандагон мебошад. Инчунин як муддат сафири иродаи неки Русия дар Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) буд.
Манижа Сангин соли 2021 бо суруди Russian Woman ғолиби озмуни Евровижн-2021 гардид.
Соли 1997 – Мавлуди Темур Раҳимов, ҷудукори тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Порис 2024.
Темур Раҳимов барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни +100 кг буда, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва ғолиби чандин мусобиқоти ҷаҳонӣ аст.
Ӯ дар радифи ҷудокорони серҷоизаи Тоҷикистон қарор дошта, тайи солҳои охир дар чандин мусобиқоти дохиливу хориҷи кишвар барандаи нишонҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидааст.
Темур Раҳимов 7 ноябри соли 2022 дар шаҳри Боку, дар вазни 100 кг медали тиллои мусобиқаи “2022 Judo Grand Slam Baku”-ро соҳиб шуд.
Ӯ ахиран дар “Қаҳрамонии ҷаҳон-2025”, ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон доир гардид, соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Вай қаблан соли 2019 барандаи нишони нуқра дар Фуҷайра, биринҷӣ дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё, биринҷӣ дар мусобиқоти байналмилалии Тоскулоҳи бузург, инчунин дар Гран прии Мағриб гардида буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
8-уми июли соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади қадршиносии заҳмату саҳми модарон дар афзоиши аҳолӣ ва тарбияи фарзандони солим, унвонҳои “Қаҳрамонмодар”, “Шарафи модар” ва “Нишони модарӣ” таъсис дода шуданд.
Унвони “Қаҳрамонмодар” ба модароне дода мешуд, ки на камтар аз 10 фарзанд ба дунё оварда ва муваффақ ба воя расонида бошанд. Шарти асосӣ ин буд, ки фарзанди охирин ҳадди ақал 1-сола бошад ва боқимондаи фарзандон зинда бошанд.
Нишони “Шарафи модар” ба модароне тақдим мешуд, ки аз 7 то 9 фарзанд доштанд. “Нишони модарӣ” барои модарони 5 ё 6 фарзандадор муқаррар гардида буд.
Ба иттилои расмӣ, тақрибан 431 ҳазор зан бо унвони “Қаҳрамонмодар”, беш аз 5,5 миллион нафар бо се дараҷаи ордени “Шарафи модар” ва тақрибан 13 миллион модар бо “Нишони модарӣ” мукофотонида шудаанд. Чандин модарони тоҷик низ бо ин унвонҳо қадрдонӣ шудаанд, аммо теъдоди мушаххаси онҳо маълум нест.
8-уми июл Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо аллергия таҷлил мешавад. Ин рӯз аз соли 2005 ба ин сӯ ҳамасола бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи ин бемории паҳншуда, роҳҳои шинохт ва пешгирии он таҷлил мегардад.
Истилоҳи “аллергия” бори аввал дар соли 1906 аз ҷониби Клеменс фон Пирке, педиатри маъруфи австриягӣ ба забони илм ворид карда шуд. Ӯ падидаи ҳассосияти ғайримуқаррарии организмро ба баъзе моддаҳои бегона бо ин истилоҳ тавсиф карда буд.
Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) тақрибан 40% аҳолии ҷаҳон аз аллергия ранҷ мебаранд. Дар шаҳрҳои калон ин нишондиҳанда аз 30 то 60%-ро ташкил медиҳад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 32+37º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ дар баъзе навоҳӣ гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 24+26º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 31+33º гарм.


