“Сомон-Эйр” ҳам парвозҳо миёни Душанбе ва Теҳронро барқарор мекунад

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” ҳам эълон кард, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанберо аз сар мегирад.  Ба гуфтаи ин ширкат, аввалин парвоз пас аз таваққуфи якмоҳа дар ин масир рӯзи душанбеи 14-уми июл анҷом мешавад.

Манбаъ гуфтааст, ки парвозҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, ҳавопаймоҳои ширкат ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс парвоз мекунанд.

Парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар рӯзҳои душанбе соати 09:10 ва аз Теҳрон соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа бошад, ҳавопаймо аз Душанбе ба Теҳрон соати 11:00 парвоз карда, соати 13:50 аз он тараф бармегардад.

Ширкати “Сомон-Эйр” гуфтааст, ки билетҳо аллакай дар сомонаи онҳо www.somonair.com ва нуқтаҳои фурӯши билет дастрас мебошанд.

Пеш аз ин ширкати ҳавопаймоии "Вориш Аэйрлийнс"-и Эрон хабар дода буд, ки парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанберо аз 10-уми июл дубора барқарор мекунад. Ин ширкат рӯзи 4-уми июл парвоз дар хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳадро ҳам аз сар гирифта буд. 

Ҳамакнун, дар як аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс чор парвоз анҷом дода шуда, рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе ширкати эронии "Вориш Аэйрлийнс" ва рӯзҳои душанбе ва ҷумъа "Сомон Эйр" парвозҳоро анҷом медиҳанд.

Дар масири Душанбе-Машҳад-Душанбе бошад, дар як ҳафта танҳо ду парвоз – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа аз ҷониби ширкати "Вориш Аэйрлийнс" сурат мегирад.

Ёдрас мешавем, дар пайи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон ва баста шудани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Исломӣ, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикии “Somon Air” ва эронии “Varesh Airlines” аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс лағв шуда буданд.

Он замон ба шаҳрвандони Эрон, ки наметавонистанд ба ватан баргарданд, гуфта мешуд, ки раводиди Туркманистонро гиранд ва тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.

Ҳамчунин рӯзи 28-уми июн парвози чартерӣ бо 103 шаҳрванди Эрон ба Ашқобод ташкил шуд ва мусофирон тавассути роҳи заминӣ вориди Эрон шуданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи Ашқобод ва Боку ба Тоҷикистон баргаштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...