Тоҷикистон метавонад ба маркази обёрии минтақа табдил ёбад. Барои ин чӣ бояд кард?

Date:

Тоҷикистон ҷиҳати табдил ёфтан ба пойгоҳи истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ барои сохтори обёрӣ (кластер)-и тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ имкон дорад. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф, кишвар бояд тақрибан 77%-и низоми обёрии худро, ки асосан дар замони шӯравӣ бунёд шуда, ҳоло дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд, таъмиру навсозӣ намояд.

Дар ин бор дар гузориши Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ва Ташкилоти рушди саноати СММ (ЮНИДО) зикр мешавад

Тибқи гузориш, сохтори минтақавии истеҳсол ва хидматрасонии таҷҳизоти обёрии Тоҷикистон иқтидори зиёдеро дорост. Кишвар метавонад бо истифода аз қувваи кории дастрас, нерӯи барқи арзон ва ниёзи рӯзафзуни инфрасохтори аграрӣ ҷойгоҳи стратегӣ касб намояд.

Минтақаҳои ҷануби вилоятҳои Хатлон ва Суғд дорои дурнамои бештаранд, зеро дар онҳо рушди зиёдтари бахши кишоварзӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин минтақаҳо роҳандозии хатти истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ва таҷҳизоти системаҳои обёрии қатрагӣ ва спринклерӣ (фишори даврагӣ) имкон дорад. Арзиши тахминии роҳандозии чунин системаҳо аз 3 то 5 млн доллар ва таъсиси марказҳои хизматрасонӣ барои таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо аз 1 то 2 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Бо шарти мавҷудияти талабот ва таъминоти устувор бо ашёи хом, муҳлати бозгашти сармоягузорӣ аз 2 то 3 сол арзёбӣ мегардад. Ба туфайли мавқеи ҷуғрофии фоиданоки худ, Тоҷикистон метавонад ба маркази логистикӣ табдил ёбад, ки хидматрасонӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам минтақаҳои ҳамсоя, аз ҷумла шимоли Афғонистонро фаро гирад.

Рушди кластер бидуни омодасозии мутахассисони соҳибкасб ғайриимкон аст. Бино ба арзёбии гузориш, дар минтақа ҳар сол на камтар аз 3 ҳазор мутахассис — насбгарон, технику механикҳо ва муҳандисони бахши агарарӣ заруранд. Барои ин, ба Тоҷикистон навсозии низоми таҳсилоти касбӣ, роҳандозии ҳамкорӣ бо коллеҷу макотиби олӣ ва таҳияи барномаҳои таълими амалӣ дар бахши техникаи обёрӣ зарур аст.

Мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, омӯзиши як мутахассис аз 1200 то 1800 доллар арзиш дошта, дастгирии давлатӣ дар ин соҳа шарти муҳими рушди устувори бахш ба ҳисоб меравад.

Аз лиҳози логистика низ Тоҷикистон дорои иқтидори назаррас аст. Рушди нуқтаҳои хидматрасонӣ ва логистикӣ дар минтақаҳои кишоварзии ҷануб ба  хидматрасонӣ ва таъмини таҷҳизот на танҳо дар минтақаҳои дигари кишвар, балки берун аз он низ имкон медиҳад. Ҷануби Суғд ва вилояти Хатлон метавонанд ба нуқтаҳои калидии занҷираи таъминоти минтақавӣ табдил ёбанд, ки Осиёи Марказиро бо Афғонистон, Эрон ва Покистон мепайванданд. Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба нақши кишвари транзитӣ тақвият бахшида, аз афзоиши талабот ба низомҳои муосири обёрӣ манфиат бардорад.

 

То 60%-и заминҳоро наҷот додан лозим аст

Барои татбиқи ин вазифаҳо дастгирии фаъолонаи давлатӣ зарур аст. Дар гузориш ба аҳаммияти ҳамоҳангсозии ниҳодӣ, пешниҳоди кумакпулиҳо, имтиёзҳои андоз ва соддасозии тартиби фаъолият барои сармоягузорон таъкид шудааст. Танҳо дар чунин шароит модели кластерӣ метавонад самаранок амал карда, шариконро ҷалб намояд.

Ба назари муаллифони таҳқиқот, дар сурати мавҷуд будани стратегияи дақиқ, ҳамоҳангӣ байни сохтору идораҳо ва дастгирии мададрасонҳои байнулмилалӣ, Тоҷикистон метавонад ба нуқтаи калидии тақсими таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ дар минтақаҳои  дастрасиашон душвори Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

Мушкилоте, ки ин тадбирҳо ба ҳалли он равона шудаанд, ҳанӯз ҳам бениҳоят душвор боқӣ мемонанд. То 90% маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар заминҳои обёришаванда парвариш меёбад, вале қисми зиёди таҷҳизоти обёрии кишвар куҳна шуда, то 45%-и талафоти обро ба бор меорад.

Аз 720 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда тақрибан 60%-ашон ба барқарорсозӣ ниёз доранд. Беш аз 10 ҳазор километр канал (наҳр), аз ҷумла 7 ҳазор магистралӣ ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ дошта, 80%-и пойгоҳҳои обкашӣ аз лиҳози техникӣ техникӣ фарсуда эътироф шудаанд. Дар шароити камбуди мавсимии об, сарфи назар аз мавҷуд будани ҳатто пиряхҳо ҳам, бахши кишоварзӣ хеле осебпазир боқӣ мемонад. Дар ин замина, таъмиру навсозии низоми обёрӣ на танҳо як зарурати иқтисодӣ, балки масъалаи устуворӣ ва амнияти озуқавории кишвар мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Иншшоти обёрӣ дар Тоҷикистон

 

Модели сохторӣ метавонад иқтисоди Тоҷикистонро тағйир диҳад

Дар чунин шароит равиши кластерӣ, ки аз ҷониби БАТР ва ЮНИДО пешниҳод мешавад, ҳамчун воситаи муассири ҳаллу фасли мушкилоти зерсохторӣ, кадрӣ ва тадорукотии соҳа арзёбӣ мегардад. Дар Тоҷикистон рушди кластерҳои кишоварзӣ дар водиҳои Хатлон, Зарафшон ва Ҳисор пешниҳод мешавад.

Аммо татбиқи ин модел бо як қатор монеаҳо дучор мешавад: парокандагии хоҷагиҳои деҳқонӣ, зерсохтори кӯҳнашуда, дастрасии маҳдуд ба маблағгузорӣ, норасоии робитаҳои илмиву таълимӣ. Рафъи ин монеаҳо танҳо бо иштироки давлат, роҳнадозии лоиҳаҳои озмоишӣ ва омӯзиши ҳадафмандонаи деҳқонон имконпазир хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, саноатигардонии кластерӣ метавонад ба муҳаррики навсозии иқтисоди Тоҷикистон табдил ёбад. Имрӯз пайвастагии минтақаҳои саноатии кишвар бо таҳсилот, илм ва коркарди маҳсулот нокофист. Масалан, пахта то 75%-и содироти маҷмааи агросаноатиро ташкил медиҳад, аммо танҳо қисмати ночизи он мавриди коркарди амиқ қарор мегирад.

Дар ҳоле ки дар Ӯзбекистон беш аз 90 кластерҳои пахтаву нассоҷӣ муваффақона фаъолият доранд, ин иқтидор дар Тоҷикистон то ҳол пурра амалӣ нашудааст. Дар гузориш зарурати таҳияи стратегияи миллӣ оид ба кластерсозӣ, муайян кардани соҳаҳои афзалиятнок ва эҷоди механизмҳои ҳавасмандсозии сармоягузории хусусӣ таъкид мешавад.

Таъсиси кластерҳои минтақавӣ барои истеҳсол ва хидматрасонии таҷҳизоти обёрӣ метавонад вобастагии кишварҳои Осиёи Марказиро аз воридоти хориҷӣ, ки то 90%-и бозорро ташкил медиҳад, ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Ин ҳамчунин хароҷоти логистика ва таъмирро, ки имрӯз то 30%-и арзиши ниҳоии таҷҳизотро дар бар мегиранд, кам хоҳад кард. Барои Тоҷикистон ин як имкони таҳкими пояҳои саноативу кишоварзӣ, афзоиши шуғл ва касби мавқеи мустаҳкам дар низоми ҳамкории минтақавӣ мебошад.

ЮНИДО аллакай кластерҳои озмоишии агросаноатиро дар кишвар амалӣ намуда, деҳқононро таълим медиҳад ва дар ташкили занҷираҳои фурӯш, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, кумак мерасонад. Тибқи гузориш, дар кластерҳои таъсисёфта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳосилнокӣ дар муддати 2–3 сол то 15–20% зиёд шудааст.

Дар анҷом муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки бидуни таъмиру навсозии таъҷилии низоми обёрӣ, минтақа метавонад бо норасоии ҷиддии об, пастшавии ҳосилнокӣ ва афзоиши бесуботӣ дар ҷомеа рӯбарӯ гардад.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то 80%-и захираҳои обӣ барои кишоварзӣ истифода мешаванд. Талафоти об дар каналҳои кушод то 50% мерасад, бахусус дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Зиёда аз 30%-и заминҳои обёришаванда аз шӯршавӣ осеб мебинанд. Ба ин ихроҷи об, бухоршавӣ, набудани низоми ҷӯйбору заҳбурҳо (дренаж), пойгоҳҳои обкашии фарсуда ва тақсимоти ғайриоқилонаи об сабаб мешаванд.

Барои тағйири вазъият, то соли 2040 минтақа ба сармоягузории 40–50 млрд доллар ниёз дорад: барои таъмири асосӣ (куллӣ), худкор кардан (автоматикунонӣ)-и равандҳо, гузариш ба системаҳои пӯшида ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ. Бидуни чунин тадбирҳои доимӣ, ояндаи устувори бахши кишоварзӣ ғайриимкон хоҳад буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...