Тоҷикистон ният дорад, ки содироти маҳсулоти нассоҷиро то $3 млрд расонад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки коркарди пахтаро дар дохил то 100% ва ҳаҷми содироти маҳсулоти нассоҷиро то 3 млрд доллар расонад.

Дари ин бора, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар рӯзи 8 июл дар маросими ифтитоҳи нахустин Форуми байнулмилалии нассоҷӣ дар Душанбе таъкид кард. 

“Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30%-и пахта коркард мешавад. Ин хеле кам аст. Мо назди худ вазифаи бузургу душвор, вале иҷрошаванда гузоштаем, яъне коркардро то 100% расонем. Ашёи хоми мавҷуда маҳаллист ва кишвар ба воридот дар ин соҳа қариб ки вобаста нест. Ин барои ивази маҳсулоти воридотӣ ва афзоиши содирот имкон фароҳам меорад. Аллкай имрӯз маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 15 кишвар содир шуда, имконоти зиёдтар шудани ин самт хеле назаррас аст”,- зикр кард ӯ.

 

Ба ақидаи Қоҳир Расулзода, ин иқдом ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ, таъсиси ҳазорон ҷойҳои корӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ шароит муҳайё месозад.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зикр кард, ки рушди соҳаи пахтакорӣ ва нассоҷӣ вазифаҳои стратегияи чоруми миллиро, ки ба суръат бахшидан ба саноатикунонӣ ва ду баробар афзудани истеҳсоли саноатӣ дар ҷумҳурӣ дар зарфи панҷ сол нигаронида шудааст, инъикос мекунад.

“Имрӯз соҳаи нассоҷӣ ба маркази инноватсияҳо табдил меёбад. Мо зиёдшавии таваҷҷуҳро аз ҷониби истеҳсолкунандагони таҷҳизот, сармоягузорон ва шарикони рушд мушоҳида мекунем. Яке аз вазифаҳои муҳиму рӯзмарра барои мо роҳандозии коркарди пурраи ашёии хоми маҳаллӣ мебошад.

Тибқи маълумот, имрӯз ҳудуди 30% аз пахтаи парваришёфта дар дохили кишвар коркард шуда, ҳаҷми боқимонда дар шакли ашёи хом ба хориҷа интиқол меёбад. Соли гузашта маблағи содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва нахи пахта ҳудуди 300 млн долларро ташкил дод. Аммо дар сурати ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси занҷираҳои истеҳсолии дохилӣ, мо метавонем ин нишондиҳандаро то 3 млрд доллар зиёд кунем. Ин комилан воқеист”, – изҳор дошт Шералӣ Кабир.

Ӯ гуфт, ки дар чаҳорчӯби ин сиёсат сохторҳо (каластерҳо)-и силсилаи комил – аз парвариши пахта то маҳсулоти тайёр бунёд шуда, ба назорати хушсифат, гувоҳномадиҳӣ ва ҷорисозии инноватсияҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки барои сармоягузорони хориҷӣ ҳукумат шароитҳои мусоид, аз ҷумла пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ, минтақаҳои саноатӣ бо зерсохтор, дастгирии тиҷорати хурду миёна ва омодасозии кадрҳо фароҳам меорад.

Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ, ки ду сол пеш қабул шуд, муҳайё сохтани зиёда аз 600 ҳазор ҷойи корӣ ва таъмини пурраи коркарди пахтаи истеҳсоли маҳаллӣ пешбинӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки аввалин Форуми байнулмилалии нассоҷӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва технология бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ташкил шуда, аз 8 то 10-уми июл дар Душанбе мегузарад. Дар он ҳайатҳои зиёда аз 50 кишвар, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои корӣ ва ниҳодҳои молиявӣ иштирок мекунанд.

Ҳадаф аз баргузори форум муаррифии имконоти Тоҷикистон ба сифати маркази саноати нассоҷӣ, имконоти содирот, ҷалби сармоя ва таҳкими ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар яке аз соҳаҳои калидии иқтисод унвон мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...