Вазорати тандурустӣ марги як сокини Хуросон аз бемории сӯхтаниро рад, аммо сабти гирифторӣ ба ин бемориро тасдиқ кард

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ду вокуниши алоҳида, вале бо муҳтавои шабеҳ, ба гузориши “Азия-Плюс” таҳти унвони “Марги як сокин ва сӯзонидани 10 гов. Нигаронии сокинони як деҳа дар Хуросон аз хуруҷи бемории сӯхтанӣ дар байни чорво” вокуниш карданд.

Дар гузориши зикргардида, ки 8-уми июли соли равон дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии хабаргузории “Азия-Плюс” нашр шуд, чанд сокини деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон гуфтаанд, ки бемории сӯхтанӣ байни чорвои онҳо паҳн шуда, то ҳол тақрибан 10 гове, ки баъди гирифторӣ аз ин беморӣ фавтиданд, сӯзонидаву гӯронида шудааст.

Ду сокини ин ноҳия-бародарон Сомон ва Фазлиддин Раҳимовҳо, ки 9-уми июни соли ҷорӣ бародари дигарашон Қамариддин Раҳимов вафот кардааст, дар гузориш иддао мекунанд, ки эҳтимол аст бародарашон аз бемории сӯхтанӣ даргузашта бошад, зеро пеш аз марг аз дӯконе гӯшт харида буд ва баъди он дар худ дарди сахтро эҳсос карда, ҳамон рӯзи бистарӣ гардидан, дар беморхона даргузашт.

Дар гузориш назари Баҳром Миров, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Хуросон низ дарҷ гардида буд, ки мегуфт, “даъвои наздикони Қамариддин Раҳимов беасос аст ва ӯ (Қамариддин Раҳимов) аз бемории сирози ҷигар фавтидааст, ки чандин сол боз аз он ранҷ мекашид”.

 

Ин нукта дар посухи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ такрор шудааст.

“Тибқи таҳлили гурӯҳи кории Раёсати тандурустӣ ва Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ваҷҳҳои овардаи Фазлиддин Раҳимов асос надошта, сокини деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон Қамариддин Раҳимов на аз бемории сӯхтанӣ, балки аз бемории сирози ҷигар фавтидааст, ки маълумоти мазкурро ташхисҳои Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон аз 11 ва 13 июни соли 2025 тасдиқ мекунад.

Инчунин, маълум гашт, ки шаҳрванд Қамариддин Раҳимов гирифтори бемории сирози ҷигар буда, тайи чанд сол зери назорати табибон қарор дошааст”, – зикр мешавад дар вокуниш.

Ҳамчунин, дар вокуниши вазорат таъкид мегардад, ки “дар асоси хулосаи ташхисӣ, дар гӯште, ки гуё Қиёмиддин Раҳимов аз он сироят ёфта, фавтидааст, аломатҳои бемории сӯхтанӣ дарёфт карда нашуд”.

 

“… агар воқеан Қиёмиддин Раҳимов аз ҳисоби истеъмоли гӯшт заҳролуд мешуд, эҳтимолияти зиёд вуҷуд дошт, ки дигар шаҳрвандон ҳам ба ин бемории сироятӣ гирифтор мешуданд.  Чунки ин гӯшти истеъмолиро марҳум аз дӯкони савдои деҳаашон харидорӣ карда буд, ки албатта сокинони зиёде низ аз хизматрасонии он ҳамарӯза истифода мебаранд”, – навиштааст вазорат.

Нуктаи дигаре, ки дар гузориш зикр шудааст, тасдиқи ҳолати сабти бемории сӯхтанӣ дар Хуросан аз ҷониби Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аст.

Дар вокуниши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ ин хабар тасдиқ мешавад.

“Дар ҳамин ҳол, Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Хуросон як ҳолати сироятёбӣ ба бемории сӯхтанӣ сабт гардидаст, ки се нафар дар Беморхонаи бемориҳои сироятии ноҳия бистарӣ шуда, баъди табобат ба хонаҳояшон рухсат шудаанд”, – зикр мегардад дар вокуниш.

Дар идома, вазорат ва раёсати он дар вилояти хатлон менависанд, ки “таҳлилҳо ва таҷрибаи кории мутахассисони соҳа нишон медиҳанд, ки дар қаламрави Тоҷикистон эҳтимолияти бештари сироятёбӣ ба бемории сӯхтанӣ аслан дар моҳҳои май ва октябр вуҷуд дорад, зеро дар ин давра чорво бештар дар чарогоҳҳо мебошад”.

“… дар сурати саривақт муроҷиат кардан ба табибон, бемории мазкур табобатшаванда буда, ҳамзамон эҳтимолияти фавт аз ин беморӣ дар кишвари мо хеле  паст  аст, зеро он ба пуст сироят карда, наметавонад сабаби марг гардад”, – зикр мегардад дар вокуниш.

Ҳамчунин, дар вокуниш иддаои чанд сокини деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон, ки гуфтанд, бемории сӯхтанӣ  байни чорвои онҳо паҳн шуда, то ҳол тақрибан 10 гови ба он сироятёфта ва фавтида сӯзонидаву гӯронида шудааст, рад шудааст.

Бояд гуфт, “Азия-Плюс” дар гузориши худ ба ҳеҷ ваҷҳ тасдиқ накардааст, ки Қиёмиддин Раҳимов аз бемории сӯхтанӣ даргузаштааст. Танҳо ба чанд сокини ноҳия Хуросон, ки аз эҳтимоли хуруҷи беморӣ ва марги як нафар дар ташвиш буданд, минбари ибрози андешаашонро додааст ва он ҳам бо риояи меъёрҳои касбиву ахлоқии журналистӣ, яъне риояи тавозуни назарҳо, ки дарҷи назари ҳам роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Хуросон ва ҳам муовини сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар гузориш далели он аст.

Гузашта аз ин, хабарнигорони “Азия-Плюс” барои шарҳи бештари мавзӯъ ба Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муроҷиат карда, посух дарёфт накард. Дар сурати саривақт пешниҳод шудани иттилоъ, зарурати таҳияву нашри вокуниш пеш намеомад.

“Азия-Плюс” омода аст минбаъд низ бо риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва ахлоқи журналистӣ, ки пойбанди он аст, назари ҳамаи ҷонибҳои ҳар қазияро барои огоҳии бештари сокинон аз асли ҳодиса ва радди ҳар гуна хабарҳои бардурӯғу дасткоришуда интишор намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...