Нигаронӣ аз норасоии қувваи корӣ. Минтақаҳои Русия бозгашти муҳоҷиронро мехоҳанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Русия рӯз то рӯз норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида расида, мақомоти маҳаллӣ ҳарчи бештар маҳдудиятҳоро барои ҷалби муҳоҷиронро бозбинӣ мекунанд. Дар бахшҳои хӯроки умумӣ, кишоварзӣ, логистика ва хоҷагии манзилию коммуналӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ба нерӯи ивазнашаванда табдил ёфтаанд. Зеро шаҳрвандони Русия намехоҳанд кори вазнин ва каммузд анҷом диҳанд.

Ин аст, ки вилоятҳо маҳдудиятҳое, ки қаблан барои муҳоҷирон дар кор дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ карда буданд, оҳиста -оҳиста лағв ва эътироф мекунанд, ки бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.

Ҳамин тавр, мақомоти вилояти Нижний Новогород маҳдудияти моҳи март ҷоришударо дар бораи манъи қувваи корӣ барои муҳҷоиронро бекор карданд. Сабаби асосӣ норасоии кадрҳо дар соҳаҳои калидии иқтисод мебошад. 

Дар Санкт-Петербург низ вазъият ҳамин гуна буда, мақомоти шаҳр аз 1-уми июл ҷорӣ намудани манъи кор барои муҳоҷирон дар соҳаҳои таксӣ ва хадамоти боррасониро бекор карданд.

 

“Барои чидани себ донистани забони русӣ шарт нест!”

Дар бахши кишоварзӣ низ вазъияти ба чунин аст. Дар қисмати марказии  Русия, аз ҷумла аз вилояти Тамбов то вилояти Маскав, бинобар нарасидани қувваи корӣ, чандин тонна мева, буттамева ва сабзавот ҷамъоварӣ намешаванд. Боғу гармхонаҳо хеле зиёд ба коргарони мавсимӣ ниёз доранд. Ҳатто солҳои ҳосилнокии хуб низ аз талафот эмин намемонанд, зеро касе нест, ки ҳосилро ҷамъоварӣ кунад.

Раиси Анҷумани боғпарварони Русия Игор Муханин сабаби буҳронро дар шадид шудани қонунгузории муҳоҷират мебинад. Аз соли 2024 муҳоҷиронро зарур аст, ки барои гирифтани иҷозаи кор аз забони русӣ ва таърих имтиҳон супоранд.

“Барои муҳоҷире, ки себ мечинад, донистани забони русӣ чӣ лозим аст? Роҳбари коргарон (бригадир) бифаҳмад, кофист”, – изҳор доштааст Муханин.

Барои коргарони мавсимӣ, ки барои 1-2 моҳ меоянд, ин талабот монеа шуда, барои деҳқонон бошад, ба як мушкили хеле ҷиддӣ табдил ёфтааст.

“Соли гузашта даҳҳо тонна себу малина дар дарахтон монданд. Ҳоло ба 100 нафар ниёз дорем, вале ҳамагӣ 15 нафар ҳастанд”, – гуфтааст Муханин.

 

Вазъи хеле душвори кишоварзони Кубан

Дар яке аз калонтарин минтақаҳои аграрӣ – вилояти Краснодар манъи ҷалби муҳоҷирон аллакай ба варшикастагии хоҷагиҳо оварда расонидааст. Ниҳолхонаву боғ ва заминҳои кишоварзӣ ҳама ба заҳмати дастӣ ниёз доранд. Директори генералии иттиҳоди "Боғпарварони Кубан" Николай Шербаков таъкид кардааст:

“Шинонидани ниҳолу парвариши боғҳои нав мутаваққиф шуд. Мо намедонем, ки ҳосилро кӣ ҷамъоварӣ мекунад. Корҳо вазнин буда, мардуми маҳаллӣ хоҳиш надоранд”.

Кӯшишҳо барои ҷалби донишҷӯён то ҳол самара надодаанд. Роҳи ҳалли асосӣ баргардонидани муҳоҷирон, бигзор ҳатто бо квота ва муҳлати маҳдуди кор аст.

 

Раёсати президенти Русия коргарони меҷӯяд

Дар вилояти Маскав хоҷагиҳо (совхозҳо)-и маҳаллӣ хоҳишмандонро бо шакли ҷолиби пардохт ба кор даъват мекунанд. Когарон барои ҷамъоварии ҳосил даъват мешаванд ва қисме аз ҳосили ҷамъшударо метавонанд бо худ баранд. Ҳатто хоҷагиҳои тобеи Раёсати умури президенти Русия коргарони рӯзона меҷӯянд:

“Дар лавҳае эълон овехта шудааст: "Ҳамаи хоҳишмандон барои ҷамъоварии меваҳо даъват мешаванд, музд бо маҳсулот дода мешавад", – мегӯяд боғпарвар Андрей Туманов.

Зикр мегардад, ки камбудии коргар дар сатҳи миёна, аз ҷумла механикҳо, агрономҳо ва ронандаҳо низ эҳсос мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...