Ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Аюб  Усмонзода, ректори ҳамакнун пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои гирифтани пора гунаҳкор ва ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

Як манбаъ аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Аюб Усмонзода барои гирифтани пора ба миқдори калон аз сӯйи шахси мансабдор (моддаи 319, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳкор ва 7 соли зиндон маҳкум карда шуд. Ҳукми ӯ 26-уми июни соли 2025 содир шудааст.

Вале мақомоти расмӣ иттилоъ надоданд, ки сухан сари чанд пул меравад ва ректор онро дар кадом шароит гирифтааст.

Тафсилоти бештар оид ба ин қазия ҳоло дастрас нест.

Ҳамчунин, назари маҳкумшуда, наздиконаш ва ё вакили дифои ӯ ба ин ҳукм номаълум аст. Талошҳои мо барои тамос бо онҳо бенатиҷа анҷомид.

Бояд гуфт, Аюб Усмонзода 11-уми марти соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд боздошт гардида буд.

Пас аз боздошт, ҳамсари Аюб Усмонзода ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шавҳарам бегуноҳ аст ва ман бовар дорам, ки ҳақиқат ошкор мешавад”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Аюб Усмонзода дар пайи боздошти Парвиз Рӯзизода, декани факултети биология ва химияи ин донишгоҳро дастгир шуд. Аммо маълум нест, ки боздошти онҳо то куҷо ба ҳам алоқамандӣ дорад.

 

Парвиз Рӯзизода як моҳ пеш, 13-уми июни соли 2025, баъди талаби айбдоркунандаи давлатӣ дар боздоштгоҳ даргузашт. Сабаби марги ӯ бемории қалб гуфта мешавад.

Марги собиқ деканро чанд манбаъ аз Раёсати ДДХ ва Додгоҳи вилояти Суғд тасдиқ карда буданд. Ба қавли яке аз манобеи мо, “айбдоркунандаи давлатӣ ба Рӯзизида 17 сол талаб кардааст ва соати 10-и шаби 13-уми июн дили ӯ аз кор мондааст. Парвиз Рӯзизодаро рузи 14-уми июн дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба хок супориданд”.

Он замон аз Додгоҳи вилояти Суғд гуфта буданд, ки “парвандаи номбурда (Парвиз Рӯзизода) тибқи бандҳои гуногуни ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – модддаи 319 (пора гирифтани шахси мансабдор) ва 139 (ҳаракатҳои зуроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) баррасӣ мешуд”.

Назари вакили дифоъ ва ё наздикони марҳум маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки боздошти кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бори аввал расонаӣ намешавад. Моҳи феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарии худ Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро  муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои  коррупсионӣ дар ин донишгоҳро ошкор карданд.

Салимзода гуфта буд, нисбат ба панҷ корманди донишгоҳи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид. Нисбати онҳо ҳукм содир шудааст ё не маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...