Ваъдаи Доналд Трамп дар бораи фиристодани силоҳи “пешрафта” ба Украина ва интиқоди ӯ аз Владимир Путин

Asia-Plus бо истифода аз хабари ББС

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, ба Украина таҷҳизоти низомии “гуногун” ва “пешрафта”, аз ҷумла падофанд (системаи дифоии ҳавоӣ)-и муосири “Пэтриот” медиҳад.

Ӯ афзуд, Украина ба ин таҷҳизот шадидан ниёз дорад ва маблағи онро Иттиҳоди Аврупо пардохт мекунад.

Раисҷумҳури Амрико бо норозигӣ аз рафтори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ӯро муттаҳам кард, ки “нарм суҳбат мекунад, вале баъд, шаб ҳамаро бамборон мекунад”.

Қарори Вашингтон дар мавриди ирсоли аслиҳа ва таҷҳизот ба Украина дар воқеъ як гардиши куллӣ аз мавқеи қаблии Кохи Сафед аст, ки тақрибан ду ҳафта қабл эълом карда буд, ирсоли баъзе аслиҳаро ба Киев бозмедорад.

Ин ҳаракатҳои дипломатӣ дар ҳолест, ки ҷумҳурихоҳон дар Амрико дар ҳоли таҳияи таҳримҳое алайҳи Маскав ҳастанд ва интизор меравад, ки Доналд Трамп имрӯз “баёнияи муҳиме”-ро дар мавриди Русия эълон кунад.

 

Сафари Кит Келлог ба Киев ва Марк Рютте ба Вашингтон

Дар ҳамин ҳол, Кит Келлог, фиристодаи вижаи Кохи Сафед дар умури Украина, имрӯз, 14-уми июл вориди Киев шудааст. Доналд Трамп низ қарор аст, имрӯз мизбони Марк Рютте, дабири кулли НАТО шавад.

НАТО дар як баёния эълом кардааст, ки Марк Рютте, дабири кулли ин созмон, рӯзҳои душанбе ва сешанбе дар Вашингтон хоҳад буд ва илова бар мулоқот бо ҷаноби Трамп, бо Пит Ҳегсет, вазири дифоъ ва Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико низ дидор хоҳад кард.

Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, қарор аст НАТО аслиҳаро аз Амрико бихарад ва ба Украина интиқол диҳад.

Доналд Трамп дар ин маврид гуфт: “Мо қарор аст анвоъи гуногуни таҷҳизоти низомии бисёр пешрафтаро барои онҳо бифиристем ва онҳо 100 дарсад ҳазинаи онро пардохт хоҳанд кард”.

 

Таҳдиди таҳримҳои нав алайҳи Русия

Доналд Трамп аз замони бозгашт ба Кохи Сафед дар моҳи январ, пофишорӣ дорад, ки метавонад дар муомила бо раисҷумҳури Русия ҷангро дар Украина ба зудӣ поён диҳад. Бар ҳамин асос, ӯ бар хилофи муттаҳидони аврупоии Киев, аз шиддати таҳримҳо алайҳи Маскав парҳез кардааст.

Аммо моҳҳост, ки Русия ҳозир нашудааст оташбасеро, ки Амрико ва Украина пешниҳод кардаанд, бипазирад.

Дар ҳамин ҳол сенаторони ҷумҳурихоҳ дар ҳоли талош барои ҷалби ҳимоят аз тарҳе ҳастанд, ки Доналд Трамп битавонад монанди “гурз” аз он барои таҳрим кардани Русия истифода кунад.

Линдси Грэм, сенатори ҷумҳурихоҳ, ба шабакаи телевизонии амрикоии “CBS”, шарики хабарии Би-Би-Сӣ дар Амрико гуфт, ки ин тарҳи таҳрим ба Доналд Трамп имкон хоҳад дод, ки “ба суроғи иқтисоди Путин ва тамоми кишварҳое равад, ки аз мошини ҷангии Путин ҳимоят мекунанд”.

Ин тарҳ “ба раисҷумҳур Трамп ин ихтиёрро медиҳад, ки алайҳи кишварҳое, ки ба Русия кумак мекунанд, таҳрими 500 дарсадӣ ҷорӣ кунад”.

“Ин (тарҳ) воқеан монанди гурзе аст, ки кумак мекунад раисҷумҳур Трамп ба ин ҷанг хотима диҳад”, – гуфтааст ӯ.

Кирил Дмитриев, намояндаи вижаи Владимир Путин, ки дар музокироти Маскав бо Амрико иштирок доштааст, гуфтааст, гуфтугӯ миёни Русия ва Амрико “бо вуҷуди талошҳои густурда барои халалдор кардани он ба ҳар василаи мумкин” идома хоҳад ёфт.

Ӯ ба хабарнигорон дар Русия гуфтааст, ки талошҳо барои фишор овардан ба Русия “махкум ба шикаст” аст ва гуфтугӯ бо Амрико пешрафт хоҳад кард.

 

Ҳамлаҳои Русия ба Украина

Ҳамзамон бо ин таҳаввулот, ҳамлаҳои Русия ба Украина шиддат гирифтааст. Нерӯҳои ҳавоии Украина эълом карданд, ки дар ду шаби гузашта 108 паҳподи русиро “сарнагун” кардаанд.

Дар баёнияи нерӯҳои ҳавоии Украина дар “Телеграм” омадааст, ки Русия дар маҷмӯъ 136 паҳпод партоб кардааст, ки 10 адади он ба ҳадаф расидаанд.

Русия ҳамчунин 4 мушак ба минтақаи Курск партоб кардааст, ки мақомоти Украина дар бораи нобуд кардани онҳо гузориш надодаанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллии Украина, дар шабонарӯзи гузашта ҳадди ақал 6 ғайринизомӣ дар ҳамлаҳои Русия кушта шудаанд: 3 нафар дар Сумӣ, 2 нафар дар Донетск ва 1 нафар дар Херсон.

Чандин нафар низ дар ин ҳамлаҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия дар нерӯгоҳи ҳастаии Запорожие, воқеъ дар ҷанубу шарқи Украина, мегӯянд, ки шоми якшанбе як маркази омӯзишӣ дар наздикии ин нерӯгоҳ ҳадафи ҳамлаи паҳподҳои Украина қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони ин нерӯгоҳ, ки таҳти назорати Русия қарор дорад, дар ин ҳамлаи паҳподӣ “хисороти ҷиддӣ” ворид нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...