ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 ИЮЛ
Соли 2007 – Ба бахши маҳаллии “Амонатбонк” дар Конибодом як ҳамлаи ғоратгарона сурат гирифт. Дар натиҷа муҳофизи бонк ба қатл расид.
Соли 2009 – Дар шаҳри Шарм-аш-Шайх маросими муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Эмомалӣ Раҳмон ба забони арабӣ баргузор шуд.
Соли 2016 – Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати 20-солагии фаъолияти худ ва 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аввалин радиомарафони 25-соатаро дар кишвар ба таври мустақим баргузор кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1912 – Мавлуди Саидқул Турдиев, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.
Соли 1922 – Зодрӯзи Ҳалима Насибулина, ҳунарпешаи театр, коргардон ва наттоқи радио.
“Хурдтаракони азиз, имшаб ман ба шумо “Панҷ шарти офтобпараст” ном афсонаи Ботур Файзиевро хонда медиҳам. Буд набуд…“ Ҳалима Насибулина бо чунин афсонаҳо чанд насл кӯдакони тоҷикро алла мегуфт. Ин афсонаҳо аз тариқи “Радиои Тоҷикистон” садо медод ва ӯро “Холаи афсонагуй” садо мекарданд.
Насибулина фаъолияташро аз театр шурӯъ карда, вале баъдан тамоми умрашро ба радио бахшид. Ӯ дар чанд сатм фаъолият кардааст. Онҳое, ки кору зиндагии ӯро омӯхтаанд, аз вай ба ҳайси як ҳунарманди нотакрори театр ном мебаранд ва мегӯянд, дар офаридани нақш ва таҳияи намоишномаҳо ҳамто надошт. Аз ӯ ба унвони коргардони барномаи “Хоки Ватан” низ дар солҳои бесарусмонӣ ёд мешавад, ки он замон бознишаста буд.
Ҳалима Насибулина барои рушди радиои тоҷик, барномаҳои адабиву забони он саҳми зиёд гузоштааст ва бо садои ӯ давоми даҳсолаҳо Радиои Тоҷикистонро мешинохтанд.
Номбурда соли 2003 дар 81-солагӣ даргузашт.
Соли 1929 – Мавлуди Хол Ғуломов, ходими фарҳангии тоҷик, собиқ директори Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ.
Соли 1933 – Зодрӯзи Шавкат Шукуров, адабиётшиноси маъруфи тоҷик.
Соли 1934 – Мавлуди Гулчеҳра Камолова, забоншиноси тоҷик.
Соли 1937 – Зодрӯзи Нурулло Усмонов, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика-математика.
Соли 1941 – Мавлуди Нур Табаров, рӯзноманигор, драматург, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон.
Нур Табаров солҳо ҳамчун рӯзноманигору драмнавис ва ходими сиёсиву фарҳангӣ кор кардааст ва аз ӯ ҳамчун як нафари сахтгир ва ташаббускор ном мебаранд, ки маҳз дар давраи вазирии ӯ ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврӯз” ба миён омад, ки бевосита дар он саҳм дошт.
Фаъолияти кории Нур Табаров дар ду самт равона шуда буд. Яке сиёсат, ки роҳбарии шӯъбаи фарҳанги Ҳизби комунисти вақт, вазири фарҳанг ва вакили Шӯрои олии Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва дигар фаъолияти эҷодӣ. Дар самти фаъолияти эҷодӣ Нур Табаров ҳамчун рӯзноманигор, нависанда ва драматург корҳои зиёдеро анҷом дод.
Нур Табаров фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз карда, баъдан ба ҳайси хабарнигори махсуси “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон, “Навиди Бозаргон” ва сармуҳаррири маҷаллаи “Помир” кор кардааст.
Муҳаққиқон авҷи фаъолияти хабарнигории Нур Табаровро ҳангоми кор дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” медонанд. Ӯ муаллифи чандин маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳо, аз ҷумла “Вагони охирин”, “Тарс”, “Паёми Зардушт”, “Суробҳо”, “Шикасти ташнагӣ”, “Чашмони бародари қиёматӣ” ва “Дар чорсӯ” аст.
Нур Табар соли 2022 дар синни 81-солагӣ дунёро тарк кард.
Соли 1942 – Мавлуди Амир Қароқулов, доктори илмҳои кишоварзӣ, собиқ Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон.
Соли 1946 – Зодрӯзи Ҳамид Маҷидов, доктори илмҳои техникӣ, профессор.
Соли 1948 – Мавлуди Саидқул Шомалангзода, рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1953 – Зодрӯзи Раҳмон Остон, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1954 – Мавлуди Баҳманёр Аминӣ, нависандаи саршиноси тоҷик.
Баҳманёр Аминӣ яке аз хушномтарин адибони муосири тоҷик ва ба ибораи дигар шоҳаншоҳи “Сармаддеҳ” аст, ки сарзамини нави ормониро дар адабиёти тоҷик ба таври хос қаламдод кард ва бад-ин васила номи худро ҳам ҷовидонӣ сохт.
Баҳманёр соли 1987 узви Иттиҳодияи нависандагони СССР шуд, вале бо вуҷуди корномаи шоён доштан ва нависандаи маъруф ва навгаро будан, дар кӯлвораш танҳо як ҷоиза дорад: Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Баҳманёр солҳои 70-уми асри гузашта бо шеваи ба худ хос, сабки баён ва нигоҳи тоза ба нависандагӣ рӯй овард ва аввалин ҳикояҳояш бо номҳои “Оҳубарра”, “Зови Карафса” ва ғайра ба табъ расиданд.
Дар даҳаи 80 ба 90 бошад, паёпай китобҳои “Ишқи сайёд”, “Аспи обӣ”, “Дуди ҳасрат” ва “Зарринаи Зарнигор”-и ӯ дастраси хонандагон гашт ва бо ҳамин роҳи реализми ҳақиқиро дар адабиёти тоҷик во кард.
Романҳои “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” қуллаи эҷодиёти Баҳманёр маҳсуб мешаванд.
Ӯ субҳи 10-уми ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
“Азия-Плюс” соле пеш бахшида 70-солагии ин нависандаи хушномаи тоҷик бо унвони “Ман меравам, Сармаддеҳ мемонад”. Баҳманёр – шоҳаншоҳи “сарзамини ормонӣ” 70-сола шуд” маводе таҳия кард, ки метавонед, мутолиа кунед.
Соли 1954 – Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, адиби забардасти тоҷик дар 76-солагӣ аз олам даргузашт.
Садриддин Айнӣ бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик буда, дар ҳифзу рушди забони тоҷикиву халқи тоҷик ҷонбозӣ кардааст.
Дар шароите, ки забон, адабиёт ва соҳиби ин сарзамин будани халқашро инкор мекарданд, устод Айнӣ китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишт ва дар он сесад шоири форсу тоҷикро, ки ҳазорҳо сол дар Мовароуннаҳр зиставу эҷод кардааст, сабт кард. Бо ин ӯ собит кард, ки тоҷикон соҳибдавлат ва дорои забону фарҳангу адабиёти пурғановат мебошанд.
Устод Айнӣ худ низ асарҳои зиёди бадеӣ, илмӣ ва мақолаҳои публисистиву такондиҳанда, амсоли “Дохунда”, “Мактаби кӯҳна”, “Одина”, “Марги Судхӯр”, “Ғуломон”… навишт, ки имрӯз низ аҳамияти худро ҳифз кардаанд ва серхонандаанд. Аз рӯи чандин асарҳои ӯ филмҳо сабт кардаанд.
Садриддин Айнӣ саргузашти худро дар китоби “Ёдоштҳо” қисса мекунад, ки бо мутолиаи он метавон аз вазъи солҳои охири Аморати Бухоро ва аввали Иттиҳоди Шуравӣ хуб огоҳ шуд.
Устод Айнӣ нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар солҳои 1951-1954 буд. Соли 1997 ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Садриддин Айнӣ соли 1954 дар синни 76-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Соли 1956 – Мавлуди Муқбилшо Аламшоев, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.
Соли 1999 – Аълохон Афсаҳзод, адабиётшинос, шарқшинос ва мунаққиди тоҷик дар 63-солагӣ даргузашт.
Аълохон Афсаҳзод соли 1961, баъди хатми риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми ҷумҳурӣ ба фаъолияти илмӣ пардохта, аз соли 1972 то охири умр мудирии бахши матншиносии ин пажуҳишгоҳро бар дӯш дошт.
Афсаҳзод ба унвони доктори улуми филология солҳои зиёде ба таҳқиқу нашри осори суханвари бузурги форсу тоҷик, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ машғул шудааст. Рисолаи номзадиву доктории Аълохон Афсаҳзод дар мавзӯи осору афкори Ҷомӣ дифоъ гардида, дар ин ришта яке аз муваффақтарин ҷомеашиносони ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Ӯ пиромуни мавзуҳои адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, бунёду меъёри илмии матншиносии ҳозира, дастовардҳои суханварони шӯравии тоҷик, ҳусну қубҳи осори театру драматургияи миллӣ, раванди равобити адабию фарҳангӣ бештар аз 800 асару мақолаи илмиву оммавӣ ба мерос гузоштааст.
Аълохон Афсаҳзод дар мавриди масъалаҳои театру мусиқӣ ва арбобони ҳунари миллӣ маҷмӯаеро бо ном “Зиндагӣ дар саҳна” навиштааст, ки дар он масоили ҳассоси ҳунари имрӯзаи тоҷик ба баҳсу муҳокима кашида шудаанд.
Ин донишманди варзида, соли 1999 дар 64-солагӣ аз олам даргузашт.
Моҳи ноябри соли 2021 барои поси хотири заҳматҳояш дар зодгоҳи ӯ – деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент нимпайкараи Аълохон Афсаҳзод гузошта шуд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
15-уми июл ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии маҳорати ҷавонон дар тақвими Созмони Милали Муттаҳид сабт шудааст. Ин рӯз аз соли 2014 инҷониб бо иқдоми Маҷмаи Умумии СММ таҷлил гардида, ҳадафи асосии он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати сармоягузорӣ дар рушди малакаҳои касбӣ ва ҳаётии ҷавонон мебошад.
Дар доираи ин рӯз аҳамияти таҳсилоти босифат, омӯзиши касбӣ, имкониятҳои шуғл ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон таъкид мегардад. Ҳамзамон, он нақши фаъоли ҷавононро дар пешбурди рушди устувори ҷаҳонӣ ба ёд меорад.
15 июли соли 1783 аввалин киштии буғӣ аз ҷониби муҳандиси фаронсавӣ дар дарёи Сона (наздикии шаҳри Лион) ба ҳаракат дароварда шуд. Киштӣ тавонист масофаи 365 метрро бар зидди ҷараёни об тай намояд, аммо бо сабаби фишори зиёди муҳаррики буғӣ ва осеб дидани киштӣ, сафар ноком анҷомид.
Соли 1838 киштии “Сириус”, ки бо муҳаррики буғӣ муҷаҳҳаз шуда буд, нахустин киштие гардид, ки бе истифодаи шамол уқёнуси Атлантикро тай кард. Ин сафари таърихӣ 18 рӯз ва 10 соат идома ёфт. Ҳарчанд киштӣ пурра бо муҳаррики буғӣ ҳаракат мекард, вале барои эҳтиёт дар он бодбон низ насб шуда буд, то дар сурати вайрон шудани муҳаррик ё нам шудани ангишт аз кор намонад. Сафари “Сириус” оғози асри нав дар саноати киштиронӣ ва нақлиёти байналмилалии баҳрӣ гардид.
15-уми июли соли 1975 нахустин парвози муштараки кайҳонӣ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико анҷом ёфт. Аз пойгоҳи кайҳонии Бойконур, киштии “Союз-19” бо кайҳоннавардон Алексей Леонов ва Валерий Кубасов ба кайҳон фиристода шуд. Пас аз 8 соат, аз Канаверали Флорида мушаки “Сатурн 1-Б” бо киштии “Аполлон” ва кайҳоннавардони амрикоӣ – Томас Стаффорд, Вэнс Бренд ва Доналд Слейтон ба фазо баромаданд.
17-уми июл, дар баланди 140 мил аз сатҳи уқёнуси Атлантик, ду киштӣ ба ҳам пайвастанд. Ҳарду экипаж озмоишҳои илмӣ гузарониданд ва пас аз анҷоми барномаи муштарак, ба Замин баргаштанд. “Союз” рӯзи 21-уми июл дар хоки Иттиҳодли Шӯравӣ ва “Аполлон” 25-уми июл дар уқёнуси Ором, наздикии ҷазираҳои Ҳавайӣ ба замин нишастанд. Ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дар равобити байналмилалӣ ва кайҳонӣ буд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 27+29º гарм.


