Танзими фаъолияти блогерон, либосҳои тавсиявӣ, мушкили китобхонаҳои маҳаллӣ… Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг кадом масоил баррасӣ гардид?

Date:

Имрӯз, 21-уми июл, дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дастурамал барои танзими кори блогерон, китоби тавсиявии либосҳои миллӣ, вазъи китобхонаҳои маҳаллӣ ва тартиби боздид аз осорхона аз масоили муҳиме буданд, ки дар нишаст ба баррасӣ кашида шуд.

 

“Аксари блогерон саводи кофӣ надоранд”

Вазорати фарҳанг ба Қонун “Дар бораи иттилоотонӣ” ва кодекси нави воситаҳои ахбори омма банде пешниҳод кардааст, ки ба фаъолияти блогерон дахл дорад. Аммо муҳтавои ин банд чӣ аст, ошкор нашуд. 

Инчунин зикр гардид, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавассути гурӯҳи корӣ барои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҳунармандони ғайрикасбӣ ва блогерон дастурамал таҳия шудааст ва он ҳоло дар баррасӣ қарор дорад.

Бахтиёр Ҳамдамов, мушовири вазири фарҳанг дар бахши иттилоот гуфт, азбаски блогерон саводи кофӣ надоранду меъёри забонро намедонанд, ҷорӣ намудани маҳдудият ба фаъолияти онҳо метавонад боиси “аз фаъолият даст кашидани аксари онҳо гардад, аз ин рӯ, дар ин самт эҳтиёткорона фаъолият идома дорад”. 

“Аксари блогерон дар Тоҷикистон саводи кофӣ надоранд ва меъёри забонро риоя намекунанд. Блогерон бояд “контент”-и муайян дошта бошанд, аммо аксари онҳое, ки мо имрӯз блогер меномем, худашонро муаррифӣ мекунанд. Ҳар ки ҳар ҳунаре дорад, намоиш медиҳад, яке ҳақорат мекунад ва касе чеҳраашро муаррифӣ мекунад”, – гуфт ӯ.

Вазири фарҳанг зикр кард, ки имрӯз дар кишвар Ассотсиатсияи блогерон фаъолият мекунад ва ба Вазорати фарҳанг аз ин ниҳод чанд пешниҳод низ ворид шудааст, вале муҳтавои ин пешниҳодҳо ошкор нашуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бахтиёр Ҳамдамов

Зикр кардан ба маврид аст, ки фаъолияти блогнависон дар Тоҷикистон пайваста нақд ва дар аксар ҳолат ба забони коставу муҳтавои хароби онҳо эрод гирифта мешавад. ВКД ҳам ҳар сари чанд вақт аз боздошту муҷозоти ба ном блогнависон хабарҳо нашр мекунад.

Илова бар ин, Кумитаи андоз ҳар сол рӯйхати блогнависонеро, ки андозро пардохт намекунанд, интишор менамояд.

 

Барои кӣ иҷоза ҳаст, барои кӣ на?

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон ба суоли Радиои “Озодӣ” дар робита ба иҷоза доштани кадом ҳунармандон барои доир кардани консерт дар толорҳои Кохи Борбад ва Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ гуфт, “чунин рӯйхат вуҷуд надорад”. 

“Чунин рӯйхат ва ҳатто чунин мафҳум вуҷуд надорад. Онҳо муассисаҳои давлатианд ва ҳар касе, ки иқтидор дорад, муроҷиат кунад”, – гуфт ӯ. 

Вазири фарҳанг таъкид кард, ки ба ин ниҳод ягон нафар муроҷиат накардааст.

Ба суоли такрории ин расона дар бораи талошҳои Ҷонибек Муродов, овозхони тоҷик, ки чор моҳ инҷониб мехостааст дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерт баргузор кунад, вазир посух дод, ки аз номи ӯ муроҷиате ворид нашудааст.  

“Ин хабар асоси воқеӣ надорад. Ман воқиф ҳастам, ки Фаррух Ҳасанов муроҷиат кард, иҷозат гирифт ва консерташро доир намуд. Дигар дархостҳо набуданд”, – тавзеҳ дод ӯ.

Ёдрас мешавем, ки дар нишасти соле пеш низ масъалаи дарёфти иҷозатнома барои гузоштани консерт дар “Кохи Борбад”-ро ба баҳс кашида буданд ва вазорат дар посух гуфта буд, ягон маҳдудият нест, вале арзиши баргузории як консерт дар толори мазкур 250 ҳазор сомонӣ аст.

Ду овозхони маъруфи тоҷик – Шабнами Тоҷиддин ва Сироҷиддин Фозилов соле пеш дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев, ки дар "YouTube" нашр мешавад, гуфта буданд, ки баргузор кардани консерт дар “Кохи Борбад” иҷоза нест.

 

Китоби либосҳои тавсиявӣ кай нашр мешавад?

Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, китоби тавсиявии либосҳои миллӣ то кунун нашр нашудааст. Дар нишасти хабарии ин ниҳод сабаби таъхири нашри онро ба ворид кардани баъзе тағйироти ҷузъӣ рабт доданд. 

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршед Низомӣ

Хуршед Низомӣ, сардори раёсати рушди фарҳанг гуфт, Вазорат вобаста ба омӯзиши ҷанбаҳои таърихии либосҳои миллӣ ду гуруҳи корӣ аз ҳисоби олимони соҳа таъсис дод ва китоб дар ҳаҷми 450 саҳифа омода гардида, барои баррасӣ ба вазорату идораҳо пешниҳод шудааст.

“Айни замон бо назардошти тағйироти баъзе ҷузъиёт дар дизайни либосҳо дар корбарӣ қарор дорад”, – гуфт ӯ. 

Масъулон ин бор ҳам дақиқ нагуфтанд, ки китоби тавсиявии либосҳои миллӣ кай дастраси умум мешавад. 

Вазорати фарҳанг беш аз як сол аст, ки аз омода кардани китоби мазкур ҳарф мезанад ва мегӯяд, он тавсиявӣ аст. Ба гуфтаи масъулони Вазорати фарҳанг, дар китоби мазкур пӯшидани либос дар кӯча, дар рӯзҳои истироҳатӣ ва дар ҷашну маросим тавсия мешавад.

Дар нишасти қаблӣ аз ин вазорат гуфта буданд, дастурамали тавсиявии либосҳои миллии мардона ва занонаро омода кардаанд, ки аз 16 боб иборат аст ва ба зудӣ нашру дастраси аҳолӣ мешавад.

 

Оё ҳама театрҳо ба бинои Театри миллӣ мекӯчанд?

Аз Вазорати фарҳанг гуфтанд, ҳоло мушаххас нест, ки Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ дар бинои Театри миллӣ ҷойгир карда мешаванд ё на. 

Ба гуфтаи Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати фарҳанги вазорат, танҳо пас аз ба истифода дода шудани Театри миллӣ ин масъала дақиқу мушаххас хоҳад шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мирзоолим Саидов

Интизор меравад, соли оянда дар Душанбе Театри миллӣ ифтитоҳ гардад, ки гуфта мешавад, тамоми театрҳоро дар як бино ҷамъ мекунад. 

Бояд гуфт, баҳси тахриби бинои Театри Лоҳутӣ солҳо идома дошт ва моҳи июли соли гузашта Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин театр тахриб мешавад. То он лаҳза ҳеҷ як мақоми расмӣ иттилои дақиқ ироа накарда буд.

 

Киҳо метавонанд аз осорхона ройгон боздид кунанд?

Кӯдакони то сесола, тарбиятгирандагони ятимхонаҳо ва донишҷӯёне, ки дар ихтисоси осорхонашиносӣ ва бостоншиносӣ таҳсил мекунанд, аз осорхонаҳои кишвар ройгон боздид мекунанд. 

Ба иттилои Хуршед Низомӣ, тибқи нархнома барои ворид шудан ба осорхона донишҷӯён 5 сомонӣ ва шаҳвандони дигар 7 сомонӣ бояд пардохт кунанд. Инчунин барои гурӯҳи иборат аз 10 нафар, ки мехоҳанд экскурсия ташкил кунанд, 20 сомонӣ гирифта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар банди 7-и моддаи 21-и Қонун “Дар бораи таҳсилоти олӣ” гуфта мешавад, донишҷӯён ҳуқуқи вуруди ройгон ба толорҳои осорхонаҳои кишварро доранд. 

Аз вазорат шарҳ надоданд, ки чаро муқаррарроти қонун “Дар бораи таҳсилоти олӣ” риоя намегардад.

Ба иттилои вазорати фарҳанг, ҳоло дар ҷумҳурӣ 69 осорхона фаъолият мекунад. 

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот 

Дар Тоҷикистон “Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот” таҳия гардидааст. Инчунин як гурӯҳи босалоҳияти ҳукумати ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуда, вазъи китобхонаҳоро дар маҳалҳо омӯхтаанд. Дар ин бора Матлубахон Сатториён иттилоъ дода, гуфт, ҳоло дар ҷумҳурӣ 64 маҷмуаи китобхонаҳои марказонидашуда ва 1290 филиали онҳо дар шаҳру навоҳии кишвар амал мекунанд. 

Ба иттилои Хуршед Низомӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ бинои 839 китобхона таъмирталабанд.

“Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот” марҳила ба марҳила мушкилоти китобхонаҳои деҳотро бартараф мекунад. Аз ин проблемаи калон насозед, зеро худи мо хабар дорем”, – гуфт ин масъул.

 

Тоҷикистонро Фаррух Ҳасанов муаррифӣ мекунад

Инчунин дар нишасти имрӯза гуфтанд, Тоҷикистонро дар озмуни “Интервидение” дар Русия, ки моҳи сентябри имсол баргузор мешавад, Фаррух Ҳасанов, сарояндаи ҷавон, намояндагӣ мекунад.

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон барои иштирок дар ин озмун даъватномаи расмӣ дарёфт кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...