Чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ тахриб мешаванд

Чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ, ду бинои ёдгор аз замони шӯравии Душанбе тахриб мешаванд ва дар ҷойи онҳо биноҳои замонавӣ бунёд мегарданд. Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми июл, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Баҳси тахриби ин ду бино муддатҳост идома дошт ва то ин лаҳза ҳеҷ як […]

Asia-Plus

Чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ, ду бинои ёдгор аз замони шӯравии Душанбе тахриб мешаванд ва дар ҷойи онҳо биноҳои замонавӣ бунёд мегарданд.

Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми июл, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Баҳси тахриби ин ду бино муддатҳост идома дошт ва то ин лаҳза ҳеҷ як мақоми расмӣ иттилои дақиқи ироа накарда буд.

Ниҳоят Низом Мирзозода гуфт, ин ду бино кӯҳна шудаанд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.

“Аммо бренди чойхонаи “Роҳат” ва Театри ба номи Лоҳутӣ нигоҳ дошта шуда, барои онҳо биноҳои нав сохта мешаванд”, – зикр кард Мирзозода.

Вале ӯ нагуфт, ки ин ду бино кай тахриб гардида, биноҳои нав кай ва дар куҷо бунёд карда мешавад.

Бояд гуфт, дар бораи эҳтимоли тахриби Чойхонаи “Роҳат” пештар низ Низом Мирзозода зикр карда буд, аммо ин бори аввал аст, ки ӯ дар хусуси тахриби Театри Лоҳутӣ изҳори назар мекунад.

Ҳафтаи гузашта Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанг дар робита ба тахриби бинои Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ гуфта буд, ки ин иттилоъ асоси воқеӣ надорад ва танҳо овоза аст.

“Театр фаъолият карда истодааст ва дар масъалаи барҳам додани он ҳоли ҳозир ягон супориш нашудааст”, – зикр намуд ӯ.

Бояд зикр кард, ки айни ҳол дар атрофи ин ду бинои фарҳангии пойтахт сохтмон идома дорад ва қисме аз Чойхонаи “Роҳат” тахриб шудааст.

Чойхонаи “Роҳат” соли 1958 сохта шуда, яке аз маконҳои дидании пойтахт ба шумор меравад. Дар хусуси баҳси тахриби Чойхонаи “Роҳат” дар ин матлаб иттилои бештар дастрас аст: Тахриби чойхонаи “Роҳат” дубора “мавриди баррасӣ” қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.