Додситонии ноҳияи Сино алайҳи Улуғбек Алимурзаев, омӯзгори 50-солаи забони англисӣ аз шаҳри Душанбе бо иттиҳоми анҷоми “ҳаракатҳои бадахлоқона” (моддаи 142 қисми 2 КҶ) нисбати духтарон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар ин бора Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Бояд гуфт, ин мард ҳафтаи гузашта дар пайи шикояти як гурӯҳ ҷавондухтарон боздошт шуда буд. Онҳо бо нашри як фириста (пост) дар “Фейсбук” ба мақомот шикоят карданд, ки Улуғбек Алимурзаев, омӯзгори забони англисӣ, ки ба таври фардӣ ба таълими шогирдон машғул аст, ба духтарон дастдарозӣ мекунад.
“Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ, ваҷҳои пешниҳоднамудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд ва Алимурзаев Улуғбек дар чандин маврид, бо истифода аз имконият нисбати ҷавондухтарони таълимгиранда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст”, – гуфт Сироҷиддин Шакурӣ.
Назари худи ӯ дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.
Бар асоси моддае, ки боздоштшуда ба он муттаҳам мешавад, ба ӯ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Улуғбек Алимурзаев 11-уми июл боздошт шуд. Он замон Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навишт, ки дар пайи шикояти дастаҷамъии сокинон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, кирдори Алимурзаев мавриди санҷиш қарор гирифт ва иддаои шикояткунандагон собит кардид. Аз ин лиҳоз ӯ боздошт карда шуд.


