Озмунҳои “Беҳтарин ҳамсар” ва “Фарзанд – боғи падару модар”. Киҳо метавонанд ширкат кунанд ва шарти ғолибият чист?

Дар Тоҷикистон озмунҳои “Беҳтарин ҳамсар” ва “Фарзанд-боғи падару модар” баргузор мегардад. Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, озмунҳо дар се давр баргузор мешаванд ва даври аввал аллакай дар маҳаллу ҷамоатҳои кишвар ҷараён дорад. Маълум кардем, ки киҳо метавонанд дар он иштирок кунанд ва шарти ғолибият чист. Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷамоату маҳаллаҳои […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон озмунҳои “Беҳтарин ҳамсар” ва “Фарзанд-боғи падару модар” баргузор мегардад. Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, озмунҳо дар се давр баргузор мешаванд ва даври аввал аллакай дар маҳаллу ҷамоатҳои кишвар ҷараён дорад. Маълум кардем, ки киҳо метавонанд дар он иштирок кунанд ва шарти ғолибият чист.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷамоату маҳаллаҳои ҷумҳурӣ даври аввали озмун ҷараён дошта, охири моҳ ҷамъбаст хоҳад шуд. Даври дуюм бошад аз 10 то 20-уми август дар шаҳру навоҳии кишвар мегузарад.

Манбаъ мегӯяд, даври ҷумҳуриявии озмунҳои “Беҳтарин ҳамсар” ва “Фарзанд-боғи падару модар” моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст ва интизор меравад, ки маросими ҷоизасупорӣ дар остонаи ҷашни Истиқлолият доир гардад.

Тибқи низомномае, ки Кумита таҳия кардааст, “дар озмун ҳамсарони беҳтарин ва фарзандони асил аз оилаҳои намунавӣ иштирок карда метавонанд”. Аммо таъкид шудааст, ки фарзанде, ки падару модараш дар озмуни “Беҳтарин ҳамсар” ширкат мекунанд, имкони иштирок дар озмуни “Фарзанд-боғи падару модар”-ро надорад. Яъне ё фарзандон ва ё волидони оила дар яке аз озмунҳо ҳуқуқи иштирок доранд.

 

Шартҳои озмун

Дар низомнома омадааст, ки дар озмуни “Беҳтарин ҳамсар” ба мардҳо афзалият дода мешавад. Инчунин муносибати хуби оиладорӣ, маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила талаботи асосии озмуни “Беҳтарин ҳамсар” аст.

 

Барои довталабони озмуни “Фарзанд-боғи падару модар” бошад, чунин талабот муқаррар шудааст:

– доштани маълумоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ;

– доштани ҳунар;

– иштирок дар озмун, олимпиада ва чорабиниҳои варзишӣ;

– соҳибсухан ва китобхон будан.

Инчин доштани ахлоқи намунавӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон ва рафтору гуфтори ҳамидаи фарзандон ба инобат гирифта мешавад.

Ба иттилои Кумита, ба даври ниҳоӣ 8 ҳамсар ва 8 фарзанд роҳхат мегиранд:

Аз шаҳри Душанбе – 1 ҷуфт ҳамсар ва 1 фарзанд;

Аз вилояти Суғд – 1 ҷуфт ҳамсар ва 1 фарзанд;

Аз вилояти Хатлон – 1 ҷуфт ҳамсар ва 1 фарзанд;

Аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 1 ҷуфт ҳамсар ва 1 фарзанд;

Аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 4 ҷуфт ҳамсар ва 4 фарзанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати доварон аз Кумитаи кор бо занон ва оила, инчунин аз ҳисоби мутахассисони соҳа, оилаҳои намунавӣ ва ботаҷриба таъсис дода мешавад.

Дар даври ҷумҳуриявӣ барои ҳар як озмун 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм муқаррар шудааст.

Дар низомнома гуфта мешавад, ғолибон ва иштирокдорон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Аммо гуфта нашудааст, ки барои гузаронидани ин ду озмун чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст ва ба ғолибон чӣ тӯҳфаҳо тақдим мегарданд.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур дар доираи “Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024-2028” баргузор мешавад ва хароҷоти молиявӣ низ аз ҳисоби маблағҳои барои ин барнома пешбининамуда таъмин мегардад.

Ёдрас мешавем, ки соле пеш озмуни “Беҳтарин ҳамсар” якҷо бо озмуни “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” баргузор гардида буд. Ғолиби “Шоҳҷоиза”-и озмунҳо бо 4 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуда, ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 мутаносибан бо 3 ҳазор, 2 ҳазор ва ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадр шуда буданд. Ҳадафи баргузор намудани ин озмунҳо баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.