Алайҳи муаллими забони англисӣ, ки ба дастдарозӣ нисбати духтарон гумонбар мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Додситонии ноҳияи Сино алайҳи Улуғбек Алимурзаев, омӯзгори 50-солаи забони англисӣ аз шаҳри Душанбе бо иттиҳоми анҷоми “ҳаракатҳои бадахлоқона” (моддаи 142 қисми 2 КҶ) нисбати духтарон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.  Бояд гуфт, ин мард ҳафтаи гузашта дар пайи шикояти як гурӯҳ […]

Asia-Plus

Додситонии ноҳияи Сино алайҳи Улуғбек Алимурзаев, омӯзгори 50-солаи забони англисӣ аз шаҳри Душанбе бо иттиҳоми анҷоми “ҳаракатҳои бадахлоқона” (моддаи 142 қисми 2 КҶ) нисбати духтарон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин бора Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. 

Бояд гуфт, ин мард ҳафтаи гузашта дар пайи шикояти як гурӯҳ ҷавондухтарон боздошт шуда буд. Онҳо бо нашри як фириста (пост) дар “Фейсбук” ба мақомот шикоят карданд, ки Улуғбек Алимурзаев, омӯзгори забони англисӣ, ки ба таври фардӣ ба таълими шогирдон машғул аст, ба духтарон дастдарозӣ мекунад.

“Дар натиҷаи  тафтишоти пешакӣ, ваҷҳои пешниҳоднамудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд ва Алимурзаев Улуғбек дар чандин маврид, бо истифода аз имконият нисбати ҷавондухтарони таълимгиранда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст”, – гуфт Сироҷиддин Шакурӣ.

Назари худи ӯ дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.

Бар асоси моддае, ки боздоштшуда ба он муттаҳам мешавад, ба ӯ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Улуғбек Алимурзаев 11-уми июл боздошт шуд. Он замон Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навишт, ки дар пайи шикояти дастаҷамъии сокинон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, кирдори Алимурзаев мавриди санҷиш қарор гирифт ва иддаои шикояткунандагон собит кардид. Аз ин лиҳоз ӯ боздошт карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио