“Рӯзеро, ки духтарамро аз даст додам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам”. Аз марги фоҷеабори Ҳувайдо 7 сол сипарӣ шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз аз марги фоҷеабори Ҳувайдо Тиллозодаи хурдакак расо 7 сол сипарӣ шуд. Рӯзи 22 июли соли 2018 духтарчаи 5-сола аз ҳавлии назди хонаашон воқеъ дар ноҳияи Серпухови вилояти Маскав рабуда шуд. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ 5 сол давом ёфта, танҳо моҳи сентябри соли 2023 қотил Александр Сёминро ба ҳабси абад маҳкум карданд. Мо аз рӯзгори имрӯзаи волидони духтарча огаҳӣ ёфтем.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” аз дарду андӯҳе, ки барои ҳамеша дар қалбаш боқӣ мондааст, изҳори назар кард.

“Рӯзе, ки духтарамро аз даст додам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Он барои оилаи мо як дарди даҳшатнок ва муолиҷанашаванда аст”, – дардомез гуфт ӯ.

Айни замон Абдусалом дар Русия қарор дошта, ба кораш идома медиҳад, Ҳамсар ва кӯдаконаш дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд. Аз ду писари онҳо 5-солааш ба кӯдакистон рафта, писари калонӣ дар синфи 2-юм таҳсил мекунад.

“Пештар гуфта будам, ки баъди анҷоми мурофиаи додгоҳӣ ба назди оилаам бармегардам, лекин ҳоло дар Русия қарор дорам ва кор мекунам, зеро шароити зиндагӣ дар Тоҷикистон душвор аст ва ман бояд барои харидани хона ба оилаи худ пул ҷамъ кунам”, – мегӯяд Абдусалом.

“Ҳафт сол гузашта бошад ҳам, ин барои ман гӯё дирӯз буд”

Нигина Тиллозода, модари Ҳувайдои кушташуда ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки он рӯзи даҳшатнок ҳеҷ гоҳ аз хотираш зудуда намешавад.

“Ҳафт сол гузашта бошад ҳам, ин барои ман гӯиё дирӯз буд”, – зикр кард ӯ.

Эҳсосоти ғаму андӯҳи он лаҳза, ки ба ӯ хабари марги наздиктарин шахсашро дар зиндагӣ расониданд, ҳоло ҳам дар хотироташ нақш бастаанд.

“Ҳозир духтари мо аллакай 12-сола мешуд. Худо ин рӯзи моро, ки фарзандро аз даст медиҳӣ, ба касе нишон надиҳад. Ин ғаму андӯҳест, ки наметавон онро фаромӯш ва таҳаммул кард”, – мегӯяд Нигина.

Дар ин оила пас аз марги Ҳувайдо боз як узви оиларо аз даст доданд: духтари дуюм –  Фархунда низ фавтид. Вақте ки зан ин духтарашро ба ёд меорад, ашки чашмонашро нигоҳ дошта наметавонад. Фархунда аз дарди фалаҷ (ДЦП) азият кашида, соли 2022 аз олам даргузашт.

“Ман ду рӯҳи азизи қалбам – Ҳувайдо ва Фархундаро аз даст додам”, – гуфт Нигина.

Ҳозир ӯ ҳамроҳи ду писари хурдаш дур аз шавҳар дар Кӯлоб зиндагӣ мекунад. Ҳар рӯзро бо хотироти мағшуши ғаму андӯҳ аз фарзандонашон, ки дар паҳлӯяш нестанд, паси сар мекунад:

“Талаф додани фарзанд, бахусус агар он ногаҳон ва даҳшатнок бошад, дар қалби волидайн ҷароҳати амиқе мегузорад, ки ба назар мерасад ҳеҷ гоҳ шифо намеёбад. Зиндагӣ ба холигии беохир табдил ёфтааст, ки ман ҳамоно ҷавоб меҷӯям, кӯшиш мекунам бо он чизе, ки ҳатто дарк карданаш душвор аст, мубориза барам”.

Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуда, як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмини 28-сола муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Мурофиаи додгоҳии Александр Сёмин панҷ сол идома кард. Дар ин муддат пайвандони гумонбар ба таҷовуз ва куштор бо ҳар роҳ талош карданд ӯро аз ҷавобгарӣ озод кунанд.

Пас аз панҷ оли мурофиаҳои додгоҳӣ, рӯзи 13 сентябри соли 2023 Александр Сёмин дар содир намудани ҷинояти вазнин – таҷовуз ва куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон айбдор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...