Ширкати “Брешно”: Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон зимистони оянда кам мекунад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон дар зимистони оянда як чоряк кам мекунад. Сабаби ин амал мушкилоти дохилӣ дар таъминоти барқ мебошад. Ин хабарро директори генералии ширкати миллии энергетикии Афғонистон "Брешно" Абдул Барӣ Умар дар мусоҳиба бо канали телевизионии Amu.tv додааст.

Ӯ гуфтааст, ки Афғонистон аз барқи воридшуда зиёд вобаста аст, ки бештари он аз Тоҷикистон меояд.

“Дар айни ҳол Кобул ва якчанд вилоят аз Тоҷикистон барқ мегиранд. Мутобиқи маълумоти мавҷуда, дар ин зимистон мо 25 дарсад камтар аз соли гузашта барқ хоҳем гирифт”, – гуфтааст Абдул Барӣ Умар.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон одатан ҳар сол тақрибан 150 мегават барқ ба Афғонистон мерасонад.

Amu.tv зикр мекунад, ки Афғонистон бо камбудии шадиди барқ мувоҷеҳ аст. Зиёда аз нисфи эҳтиёҷоти шабонарӯза – тақрибан 720 МВт аз 1500 МВти зарурӣ аз ҳисоби воридот аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пӯшонида мешавад.

Ба навиштаи манбаъ, сокинони Кобул аллакай аз ҳолатҳои зиёди қатъи интиқоли нерӯи барқ шикоят доранд. Имрӯз танҳо тақрибан 40 дарсади аҳолии Афғонистон бо барқ таъминанд ва ин мушкил ба зиндагии аҳолӣ ва тиҷорати онҳо таъсири манфии шадид мерасонад.

Мутобиқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон 718 млн киловат-соат барқ ба арзиши 312 млн сомонӣ (тақрибан 33 млн доллар) содир кардааст. Ин тақрибан 64 дарсади ҳаҷми умумии содироти барқи Тоҷикистонро дар ин давра ташкил медиҳад. Ҳаҷми солонаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон одатан тақрибан 1,5 млрд кВт\с ташкил медиҳад.

Қисми зиёди содироти барқи Тоҷикистон ба вақти мавсими гармӣ рост меояд, зеро дар давраи тирамоҳ-зимистон худи ҷумҳурӣ бо камбуди барқ рӯ ба рӯ мешавад.

Зимистони гузашта сокинони минтақаҳои Тоҷикистон дар шабонарӯз 3 соат субҳ ва 5 соат бегоҳ барқ мегирифтанд. Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар музофоти кишвар аз даҳаи охири сентябр оғоз шуд. Барқро на танҳо барои истеъмолкунандагони маишӣ, балки барои нуқтаҳои савдо ва корхонаҳои хурд низ қатъ мекарданд.

Содироти барқ ба Афғонистон дар доираи созишномае амалӣ мешавад, ки соли 2008 байни ду кишвар баста шудааст. Муҳлати амали ин созишнома 20 сол аст. Тарафҳо дар охири ҳар соли тақвимӣ протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқол ва нархи барқ барои соли оянда муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...