Квота барои стипендияи “Дурахшандагон” кам шудааст. Чанд нафар қабул ва чӣ қадар маблағ пардохт мешавад?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷа тариқи стипендияи “Дурахшандагон” дар соли 2025 дар муқоиса бо соле пеш ба таври назаррас кам шудааст. Ба иттилои Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, соли ҷорӣ 77 донишҷӯйи тоҷик бо спитендияи президентии “Дурахшандагон” барои таҳсил ба донишгоҳҳои хориҷа фиристода мешаванд.

Соли 2024 барои таҳсил тариқи стипендияи “Дурахшандагон” 130 квота пешниҳод гардида буд. Миқдори квотае, ки имсол пешниҳод гардид, аз як соли қабл 53 адад кам аст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи январи соли ҷорӣ аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, соли 2025 барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҷавонони тоҷик 170 стипендияи президентии “Дурахшандагон” пешниҳод гардидааст.

Аз ин марказ 29-уми июл ба “Азия-Плюс” шарҳ доданд, ки он 170 квота дар асоси “Дурнамои рушди иҷтимоӣ” барои довталабони тамоми зинаҳои таҳсилот ва коромӯзон пешниҳод гардида буд. Мувофиқи дурнамо, бояд ҳамасола миқдори ҷойҳо барои стипендияи президентии “Дурахшандагон” 30 дарсад зиёд гардад.

Манбаъ афзуд, ин 77 квотаи пешниҳодгардида танҳо барои донишҷӯёни зинаи бакалавриат буда, имсол барои довталабони зинаҳои дигар, чун магистратура, докторантура ва коромӯз спитендияи президентии “Дурахшандагон” пешниҳод нашудааст. Аммо аз ин марказ шарҳ надоданд, ки сабаб чист.

Вазири маориф ва илми кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, имсол беш аз 500 довталаб барои таҳсил тариқи ин квота ҳуҷҷат супоридаанд ва ҳоло имтиҳонсупорӣ ҷараён дорад. Аз ин 500 довталаб 77 нафари онҳо барои таҳсил ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа фиристода мешаванд.

Рамазон Одиназода, директори маркази “Дурахшандагон” гуфт, донишҷӯён барои таҳсил дар соҳаҳое, ки дар мактабҳои олии дохили кишвар таълим дода намешаванд, фиристода хоҳанд шуд.

“Аз ҷумла, квота барои таҳсил дар соҳаҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, саноат, энергетика ва роҳсозӣ пешбинӣ шудааст, ки воқеан иқтисодиёти миллӣ эҳтиёҷ ва рушди дурнамои иҷтимоӣ аз он вобастагӣ дорад”, – қайд кард ӯ.

Ба қавли Одиназода, барои як донишҷӯе, ки бо стипендияи “Дурахшандагон” дар донишгоҳҳои кишварҳои берун аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил таҳсил мекунад, ҳар моҳ 500 доллари амрикоӣ (5500 сомонӣ бо қурби муайняншуда барои 29 июл – аз идора) ва ба донишҷӯёне, ки дар макотиби олии кишварҳои ИДМ таҳсил мекунанд, 300 доллари амрикоӣ (3300 сомонӣ) пардохта мешавад.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ аз фонди махсуси раисҷумҳури Тоҷикистон ҷудо мешавад.

Одиназода гуфт, квота барои ин стипендия дар асоси дархости вазорату идораҳои дахлдор барои ин ё он мутахассис пешниҳод мешавад.

“Лекин стипендияи “Дурахшандагон” ҳар як довталабро уҳдадор мекунад, ки баъд аз хатми таҳсил ҳатман ба кишвар баргашта, 5 сол  ӯҳдадории худро аз рӯйи тахассусаш дар вазорату идораҳое, ки барои чунин мутахассис эҳтиёҷ доштанду чор-панҷ сол пеш дархост равон карданд, иҷро кунад”, – таъкид намуд ӯ.

Ба қавли ӯ, ба хатмкардагони “Дурахшандагон” барои кор дар ин ё он вазорату идора роҳхат дода мешавад ва онҳо бе озмун ба кор пазируфта мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки чанд соли охир квота барои стипендияи президентии “Дурахшанданон” афзоиш меёфт. Агар соли 2022 квотаҳо 73 адад бошад, соли 2023 ба 94 ва соли 2024 ба 130 расид. Аммо имсол бо сабабҳои барои мо номаълум миқдори ҷойҳо барои стипендияи президентии “Дурахшандагон” ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Бояд гуфт, стипендияи “Дурахшандагон” ба шаҳрвандони болаёқату боистеъдоди Тоҷикистон барои таҳсил ва коромӯзии мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ таъин карда мешавад. Он инфиродӣ буда, ҳамасола аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар муқаррар карда мешавад.

Номгӯи касбу ихтисосҳои барои ҷумҳурӣ заруриро Вазорати рушди иқтисод муайян мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...