Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 1 АВГУСТ

– Имрӯз дар вазорату идора ва мактабҳои олии зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Кумитаи кор бо занон ва оила (соати 08:00), Академияи миллии илмҳо ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соати 09:00), Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Бонки миллӣ (соати 10:00), Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш (соати 11:00), Консерваторияи миллии Тоҷикистон (соати 08:00) ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (соати 08:30).

– Имрӯз, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати бузургдошти Сино ҳамоиши илмӣ- маърифатӣ таҳти унвони “Абӯали ибни Сино – фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва мутафаккири ҷаҳонӣ” баргузор мегардад. Ҳамоиши илмӣ ба 1045-солагии нобиғаи илми башарӣ бахшида шудааст.

Дар ҳамоиш иштироки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, собиқадорони соҳаи тиб, донишмандон, адибон, табибони ҷавони кишвар ва намояндагони васоити ахбори омма дар назар буда, вуруд озод аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абӯали ибни Сино

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 АВГУСТ

Соли 1936 – Дар Хоруғ театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 1939 – Сохтмони Канали Бузурги Фарғона оғоз гардид.

Соли 1997 – Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор “Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ”-ро қабул намуд.

Соли 2006 – Додгоҳи Тоҷикистон 12 тан зиндониро ба ҷурми барангехтани ошӯб дар маҳбаси низомаш шадиди Қурғонтеппаи Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Баҳодур Абдулмадудов ном зиндонӣ саркардаи ошӯбгарон дониста шуда, ба 29 сол зиндон маҳкум шуд. Дар маҷмӯъ додгоҳ барои ҳар як аз маҳбусон на камтар аз 20 сол зиндон ҷазо муқаррар кард. Ошӯб тирамоҳи соли 2005 рух дода буд.

Соли 2016 – Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Индонезия дар бораи бекор кардани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ созишнома ба имзо расид.

Соли 2019 – Футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи CAFA-2019 медали тилло ба даст оварданд.

Соли 2023 – Пардохти андоз, боҷ, ҷарима, суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ ва коммуналӣ ба низоми ғайринақдӣ гузашт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1923 – Мавлуди Раҷаб Амонов, фолклоршинос, мунаққид ва нависандаи тоҷик.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҷаб Амонов

Раҷаб Амонов хатмкардаи факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар кафедраи адабиёти ин донишгоҳ оғоз намудааст. Ӯ соли 1950 ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омада, то охири ҳаёташ дар Институти мазкур дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт.

Фаъолияти адабии ӯ мавзуъҳои мухталифи адабиётшиносиро фаро гирифта, китобҳои илмии “Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ”, “Рӯбоиёти халқии тоҷикӣ ва рамзи бадеӣ”, “Асари бадеӣ ва замон”-ро таълиф намудааст. Ҳамчунин бо кӯшишҳои ӯ китобҳои “Афсонаҳои халқии тоҷикӣ”, “Чистонҳо”, “Намунаҳои фолклори диёри Рӯдакӣ”, “Эҷодиёти даҳонакии водии Зарафшон”, “Баёзи фолклори тоҷик” рӯйи чоп омадаанд.

Раҷаб Амонов дар таълифи маҷмӯаҳои бачагонаи “Ҳафт додарон”, “Лаку Пак”, “Меҳрбону”, “Фариштамоҳ”, “Нахӯтак”, “Рӯбоҳи ҳиллагар” низ саҳм дорад.

Ӯ муаллифи асарҳои бадеии “Арӯс ва ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя”, “Дар домани кӯҳҳои кабуд”, “Навбаҳори чашмасор”, “Дар нимароҳи умр”, “Қиссаҳои сари кӯҳи баланд”, “Пушаймонӣ”, “Қиссаҳои диёри чашмасор” ва “Ишқи найнавоз” аст.

Соли 1936 – Зодрӯзи Абдунаим Бобоев, доктори илми тиб, профессор.

Соли 1938 – Зодрӯзи Пиримқул Сатторӣ, рӯзноманигор ва адиби тоҷик.

Соли 1939 – Мавлуди Ёқуб Одинаев, файласуфи тоҷик.

Соли 1951 – Зодрӯзи Акбаршоҳ Искандаров, ходими давлатӣ, сиёсатмадор, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акбаршоҳ Искандаров

Акбаршоҳ Искандаров яке аз сиёсатмадорони шинохтаи тоҷик буда, солҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият кардааст.

Ӯ хатмкардаи се мактаби олӣ – Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин ва мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буда, фаъолияташро чун сармуҳандиси заминсозӣ оғоз кардааст. Баъдан дар Идораи кишоварзии ноҳияи Қалъаи Хумб, идораи марказии омор, шуъбаи ташкилии Кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунист дар ин ноҳия кор кардааст. Солҳо корманди Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунист дар Бадахшон, ноҳияҳои Ишкошим ва Ванҷ буд.

Акбаршоҳ Искандаров баъдан раиси Шӯрои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамзамон ҷонишини раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон будааст. Ӯ солҳои 1991-1992 дар вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Баъди аз мансаби президентӣ даст кашидани Раҳмон Набиев, аз 7-уми сентябр то 19-уми ноябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон буд.

Искандаров чанд сол сафири Тоҷикистон дар Туркманистон буд. Ӯ муаллифи як қатор мақолаҳои илмию публисистӣ буда, китоби хотирот бо номи “Чашмаҳои дӯстӣ” таълиф намудааст.

Акбаршоҳ Искандаров моҳи июни соли 2024 ба таври мармуз боздошт гардид ва моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯйи додгоҳ бо иттиҳоми бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 306, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор дониста шуда, 18 сол зиндонӣ гардид.

Соли 1954 – Мавлуди Саидбеги Маҳмадуллоҳ, донишноманигор, тарҷумон ва файласуфи тоҷик.

Соли 1954 – Зодрӯзи Ҷонибек Асозода, рассоми маъруфи тоҷик.

Соли 1961 – Мавлуди Зайниддин Муҳидинов, кимиёдони тоҷик, доктори илмҳои кимиё, директори пешини Институти кимиёи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Соли 1964 – Зодрӯзи Мирзодавлат Сабурзода, арбоби давлатӣ, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Соли 1993 – Мирсаид Миршакар, шоири маъруфи бачагонаи тоҷик дар синни 81 аз олам даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мирсаид Миршакар

Мисаид Миршакар аз шоирони тавонои асри ХХ, аз ҳамсафон ва ҳамнафасони устод Мирзо Турсунзода буд. Аз ҷумлаи шоиронест, ки шеъру достонҳояш миёни хонандагон маҳбубияти хос доранд. Ӯро яке аз поягузорони адабиёти кӯдаконаи тоҷик медонанд.

“Қишлоқи тиллоӣ” ва “Панҷи ноором”  аз достонҳоест, ки ба Мирсаид Миршакар маъруфият овард.

Ӯ муаллифи чанд филмномаву намоишнома низ ҳаст.

Муддате кори рӯзноманигорӣ ҳам кардааст.

Барои нақши боризаш дар адабиёт ба Мирсаид Миршакар соли 1962 унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шуд. Барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ низ ҳаст.

Дар баробари корҳои эҷодӣ, Мирсаид Миршакар ходими барҷастаи давлатӣ низ маҳсуб меёфт. Ӯ 14 сол, аз соли 1961 то соли 1975, раиси Шӯрои олии Тоҷикистони Шӯравӣ буд.

Солҳо раисии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқоро ба ӯҳда дошт.

1-уми августи соли 1993 дар 81-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Соли 1996 – Зодрӯзи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти зиндонии тоҷик.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Авазмад Ғурбатов, ки бо тахаллуси эҷодии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар майдони журналистика фаъолият дошт, яке аз ҷавонтарин рӯзноманигорони умедбахши тоҷик муаррифӣ мешавад. Ӯ то замони боздошт дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла ҳафтаномаҳои “Пайк”, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон – ҳафтаномаи “Фараж” ва Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” фаъолият дошт ва бештар мавзӯъҳои иҷтимоии ҳассосро баррасӣ менамуд.

Вақтҳои охир Абдуллоҳ бештар ба суратгирӣ ва таҳияи навору филмҳои кӯтоҳ машғул буд, ки дар озмуну фестивалҳои дохиливу хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Охирин самте, ки Абдуллоҳ ба он таваҷҷуҳ намуд, ҳамкорӣ бо Далери Имомалӣ, блогнависи зиндонии тоҷик буд. Онҳо аз мушкилоти аҳолӣ ва мавзӯҳои иҷтимоии ҳассос, аз ҷумла раванди қабули шаҳрвандон аз ҷониби мансабдорон ва монеаҳои дар ин самт ҷойдоштаву муносибати кормандону мансабдорони давлатӣ, навор таҳия мекарданд.

Ғурбатӣ 15-уми июни соли 2022 боздошт ва бо иттиҳоми “иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ худро бегуноҳ медонад ва иттиҳомеро, ки алайҳаш эълон шудааст, рад мекунад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 1-уми август Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо саратони шуш таҷлил мегардад. Ин рӯз барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз ин бемории хатарнок, омилҳои пайдоиш, роҳҳои пешгирӣ ва муолиҷаи он таъсис дода шудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Саратони шуш истилоҳи умумиест, ки якчанд навъи варамҳои хатарноки ҳуҷайраҳои рӯпӯшкунандаро дар бар мегирад. Он аз рӯйи пайдоиш, сохтори ҳуҷайравӣ ва ҷараёни клиникӣ гуногун аст. Имрӯз ин навъи саратон аз ҳама бештар сабаби фавт мешавад. Дар аввали асри XX он бемории нодир ҳисоб мешуд, вале айни ҳол 13% аз тамоми ҳолатҳои саратон ва 20% аз маргҳои вобаста ба он ба саратони шуш рост меоянд.

Аз 1 то 7 август дар саросари ҷаҳон Ҳафтаи ҷаҳонии ширмаконӣ таҷлил мешавад. Ин ташаббус соли 1990 аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ оғоз гардида, ба ҳифз ва пуштибонӣ аз ғизодиҳии табиӣ нигаронида шудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз ин чорабинӣ дар беш аз 170 кишвари дунё баргузор мегардад ва мақсади он баланд бардоштани сатҳи огоҳии модарон дар бораи фоидаҳои ширмаконӣ ба саломатии кӯдак мебошад.

1-уми август ҳамчун Рӯзи сачоқчаҳои хушки коғазӣ (салфетка) таҷлил мешавад. Дар замонҳои қадим чунин навъи ашё вуҷуд надошт. Дар кишварҳои Осиё косаи оби атрдор ва дар Юнони Қадим барги анҷир ҳамчун воситаи тоза кардани даст баъди хӯрок маъмул буданд.

Соли 1867 Ҷон Дикинсон ном олими англис дастгоҳе барои истеҳсоли коғаз аз селлюлоза ихтироъ кард, ки онро рӯзи ихтирои расмии сачоқчаҳои қоғазӣ меҳисобанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 1 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 29+31º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...