Аввалин филми таърихӣ-фантастикӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ гуна филм хоҳад буд ва онро кӣ меофарад?

Date:

Як гурӯҳ ҷавонони тоҷик мехоҳанд дар Тоҷикистон филми таърихӣ-фантастикие бо номи “Равзани айём” рӯйи саҳна оваранд. Чунин филм дар таърихи синамои тоҷик то ҳол сабт нашудааст ва интизор меравад, ки он аввалин филм бо ин сабк хоҳад шуд.

Шаҳриёр Раупов, муаллифи филмнома ва роҳбари ин гурӯҳи ҷавонон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” пиромуни сужаи ин филм, мақсад ва маншаъи чунин иқдом ва гурӯҳи худ қисса кард.

Ба гуфтаи ӯ, ду сол инҷониб филмномаро таҳия мекунад ва рӯзҳои наздик сабти филм оғоз хоҳад шуд. Ҳоло марҳилаи омодагӣ идома дошта, либосу асбобҳо таҳия мегарданд. Шаҳриёр Раупов мегӯяд, филм пурра дар Тоҷикистон сабт мешавад ва мавзеъҳои алоҳидаи Ҳисор, Восеъ, Фахробод ва Варзоб ҳамчун макони сабт интихоб шудаанд.

 

“Таърихи мо худ як силсилафилми воқеӣ аст”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, сужаи филм саргузашти ду ҷавонеро дар бар мегирад, ки як асбоби ғайриодиеро дарёфт карда, аз ҷаҳони муосир ба асрҳои гузашта бармегарданд ва онҷо бо шахсиятҳои бузурги таърихи тоҷикон, чун Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Умари Хайём, Баҳроми Чӯбина вохӯрда, бо онҳо суҳбат мекунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шаҳриёр Раупов

Ба гуфтаи ӯ, мақсади офаридани филм дар ин жанр ба таври аёнӣ дар пеши назари бинанда ҷилва додани шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик аст.

“Дуруст аст, ки аз китобҳои таъриху адабиёт бо гузаштагону аҷдодони барӯманди худ ошно ҳастем, аммо мо мехоҳем бинанда худро дар назди ҳамон шахсиятҳо эҳсос кунад”, – мегӯяд мусоҳиби мо.

Ангезандаи асосии сабти чунин филм, муносибати дигар миллатҳо бо тоҷикон будааст.

Шаҳриёр шиква мекунад, ки аксар миллатҳо фарҳанги моро медузданд, шахсиятҳои барӯманди миллати моро “дуздида”, бо ифтихор аз номи худ муаррифӣ мекунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷараёни омодагӣ ба сабти филм

Ӯ мегӯяд,  хост фарҳангу таърихи худро дифоъ кунад ва ахиран ба чунин хулоса омад, ки беҳтарин роҳ сабти филм аст.

“Дигарон аз як муҳорибаи одии таърихи халқи худ афсона мебофанду силсилафилмҳо месозанд. Ҳол он ки таърихи мо худ як силсилафилми воқеӣ аст. Чаро онро таблиғ накунем?”, – таъкид мекунад мусоҳиби мо.

Шаҳриёр мегӯяд, гурӯҳи онҳо ҳоло аз 18 нафар иборат буда, ҳама дар соҳаҳои мухталиф дар Русия таҳсил мекунанд ва аъзои ҷамъияти донишҷӯёни ҷавони Тоҷикистон дар Русия мебошанд.

Ба нақли ӯ, моҳи майи имсол дар Маскав рӯзи фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд ва ҷавонони гурӯҳ қарор доданд, ки барномаи фарҳангиро на чун ҳамеша қолабӣ, яъне бо шеърхонии одию суханварӣ гузаронанд, балки қисмате аз фимлномаи мазкурро саҳнасозӣ карда, намоиш диҳанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гурӯҳе, ки мехоҳанд филмро таҳия кунанд

Шаҳриёр мегӯяд, “барнома ба ҳозирин мақбул афтод ва хоҳиш карданд, ки ин идеяро тақвият диҳем ва мо тасмим гирифтем, ки филм ба навор бигирем”.

Ӯ гуфт, нақшҳоро асосан ҷавонони гурӯҳ иҷро мекунанд, аммо нақша доранд, ки чанд ҳунарманди халқиро низ ба филм ҷалб кунанд.

Ба гуфтаи Шаҳриёр, ҳоло барои ин лоиҳа сарпараст меҷӯянд ва аллакай чанд ширкат таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

 

Саҳифаи таърихии Шаҳриёр дар Инстаграм

Шаҳриёр Раупов ҳоло донишҷӯйи курси сеюми соҳаи меъморӣ дар Русия аст. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди он ки ҳоло муҳассили риштаи меъморист, таваҷҷуҳаш ба таъриху фарҳанги миллати худ беандоза буда, пайваста дар омӯзиши таърих аст.

Ӯ дар шабакаи Инстаграм саҳифаи шахсии худро дорад, ки онҷо аз таъриху фарҳанги тоҷикон наворҳо омода ва пахш мекунад.

“Мақсади боз кардани ин саҳифа ҳимоят аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик аст”, – мегӯяд ӯ.

Ба нақли ӯ, замони мактабхонӣ ният дошт, ки дар бораи сарбозон як филми муосир офарад, аммо баъди он ки ба Русия рафт ва аз бархӯрдҳои дигар миллатҳо ба тоҷикон огаҳӣ ёфт, фикрашро иваз кард.

Мехоҳад дар оянда саҳифаи таърихии худро рушд дода, ба таври “максималӣ” таърихи тоҷиконро муаррифӣ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...