Сӯхтори беш аз 400 гектар ҷангал дар 9 шаҳру навоҳӣ. Оҷонсии хоҷагии ҷангал тасдиқ кард

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Имсол дар ҷангалҳои 9 шаҳру навоҳии кишвар сӯхтор сар зада, беш аз 434 гектарро фаро гирифтааст. Дар ин бора, дар нишасти матбуотии Оҷонсии хоҷагии ҷангал иттилоъ дода, сабаби сӯхторро ба “баландшавии ҳарорати ҳаво ва бемасъулиятии бархе аз истироҳаткунандагон” рабт доданд.

Бахтиёр Облоёрзода, сардори Раёсати хоҷагии ҷангали Оҷонсӣ гуфт, имсол теъдоди сӯхторҳо бештар ба қайд гирифта шуда, 145,8 гектар заминҳое, ки сӯхтор сар задааст, берун аз заминҳои ташкилотҳои системаи Оҷонсӣ будааст.

“Новобаста аз ин, тамоми ҳудудҳо зери назорат гирифта шуда, ҳоло зарари расида аз ҷониби мутахассисони Оҷонсӣ ҳисоб карда мешавад”, – изҳор дошт ӯ.

Ба таъкиди ӯ, тамоми сӯхторҳо моҳи июл рух дода, бештар аз як-ду рӯз давом накардаанд.

Дар ҳамин ҳол корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли аксу навор аз ҷойи сӯхтор аз баъзе минатақаҳо иддао доштанд, ки сӯхтор бештар аз чор рӯз инҷониб идома дорад.

Дар тасвирбаёни зер бо кай, дар кадом ноҳия рух додани сӯхторҳо ва чӣ қадар ҳудудро фаро гирифтани онҳо шинос шавед:

 

Шарифзода Давлаталӣ, муовини директори Оҷонсии хоҷагии ҷангал тағйирёбии иқлимро яке аз омилҳои асосии зиёд шудани сӯхтор дар кишвар унвон дод.

Ба гуфтаи ӯ, “баландшавии ҳарорати ҳаво ва бемасъулиятии бархе аз истироҳаткунандагон” аз сабабҳои дигари рух додани сӯхторҳо дар кишвар аст.

Ба қавли Шарифзода, ҳоло дар дастрасӣ ба он минтақаҳо мушкил вуҷуд дорад.

“Роҳ нест, рафтан имкон надорад, техника бурда намешавад, пойгоҳи моддию техникӣ суст” – таъкид намуд ӯ.

Ӯ иддао кард, ки сарфи назар аз ин мушкилот, сӯхтор дар кишвар зуд бартараф карда мешавад. Ӯ талоши аҳолиро барои бартараф кардани сӯхторҳо махсус таъкид карда, ин рафтори онҳоро “гувоҳи ҳисси баландӣ шаҳрвандии онҳо” номид.

Давлаталӣ Шарифзода, муовини директори Оҷонсии хоҷагии ҷангал вобаста ба сар садани сӯхторҳо дар кишвар илова намуд, ки ҳамасола аз ҷониби агенти “мавсими хавфи сӯхтор” эълон карда мешавад, ки он аз 15-уми апрел то 15-уми ноябр давом мекунад. Ба таъкиди ӯ, аксаран сар задани сӯхтор дар ҷанлагҳо дар ин марҳила ба қайд гирифта мешавад.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки аз ҷониби Оҷонсӣ дар асоси Кодекси ҷангал “Қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхтор” таҳия шуда,  риояи ҳатмии он аз ҷониби тамоми ниҳодҳое, ки дар ҳудуди ҷангал ҳастанд, талаб карда мешавад.

Бояд гуфт, корбарони “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сар задани сӯхторҳо нигаронӣ ва аз минтақаҳое, ки сӯхтор ба амал омадааст, аксу навор ирсол карда буданд. Дар ин бора бештар дар маводи “Азия-Плюс” вобаста ба сӯхтори охирин дар вилояти Суғд мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...