Мансабдоре, ки ба азхудкунии беш аз 4 млн сомонии будҷа муттаҳам мешуд, “дар озодӣ ва аз пайи кору зиндагиаш” будааст

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, ки чанде пеш аз сӯйи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ба азхудкунии беш аз 4 миллиону 386 ҳазор сомонии будҷа муттаҳам мешуд, “дар озодӣ ва аз пайи кору зиндагиаш” будааст. Аммо давоми шаш моҳи охир, ҳудуди 300 корманди ин ниҳод тарки кор кардаанд.

Дар бораи иттиҳоми азхудкунии миллионҳо сомонии будҷа аз сӯйи Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд охири моҳи июл Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод хабар дода, навишт, тафтиши пешакӣ муайян кард, ки ӯ бо мутахассиси ин раёсат, як шаҳрванди ин минтақа ва 5 роҳбари ширкатҳои хусусӣ, 4 386 258 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуданд.

Ба навиштаи ин ин маблағ барои барои беҳтар намудани вазъи заминҳои кишоварзӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2023-2024 ҷудо шуда будааст.

Оҷонсӣ ҳамзамон хабар дод, ки зарари ошкоршуда пурра ба давлат баргардонида шуд ва парванда ҷиноятии Абдуллозода ва шариконаш барои баррасӣ ба додгоҳ рафт.

Рӯзи 1-уми август, Ҳалимҷон Ҳоҷиев, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “Абдуллозода ҳоло дар озодӣ буда, аз пайи кору зиндагии хеш аст”. Маълум нест, ки ӯ чӣ муҷозоте шудааст. Назари худи ӯ дар ба ин қазия маълум нест.

Ҳамчунин, номаълум аст, ки тақдири  “як шаҳрванди ин минтақа ва 5 роҳбари ширкатҳои хусусӣ”, ки Оҷонсӣ зикр кардааст, низ норӯшан аст.

 

Тарки кор кардани 300 корманд

Дар ҳамин ҳол, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 300 корманди  Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд тарки  кор кардаанд.

“150 нафар бо хоҳиши худ, 120 нафар бинобар расидан ба синни нафақа ва 30 нафар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла беморӣ тарки кор кардаанд”, – гуфт Ҳалимҷон Ҳоҷиев.

Сабаби асосии аз кор рафтани кормандон сари вақт пардохт нашудани маош будааст. Ба қавли Ҳоҷиев, чаҳор моҳи охир кормандон маоши худро нагирифтаанд.

Ӯ сабаби сари вақт пардохт нашудани маоши кормандоро ба роҳандозии низоми биллингӣ дар пардохти пули об рабт дод.

“Маблағ барои истифодаи об аввал ба системаи биллингии ҷумҳурӣ меравад. Баъд ба идораҳои давлатии  беҳдошти замин ва обёрӣ пардохт мешавад. Ҳоло тақрибан  8 миллион сомонӣ дар суратҳисоби идораҳои бахши обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар Вазорати молия аст. Барои пардохти маоши кормандон ба Вазорати молия дархост мекунем ва агар ин масъала ҳал шавад, 60-70 дарсади маоши кормандони идораҳои оби шаҳру ноҳияҳо ҳал мешавад”, – афзуд Ҳоҷиев.

Дар умум, ба иттилои ӯ, ҳоло дар Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд 2800 нафар кор мекунанд.  Аммо иловатан ба 500 корманди дигар ниёз доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.​​​​​​​​​​​​​​

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...