Дар Тоҷикистон чанд нафақахӯри аз 100-сола боло ҳаст? Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа шарҳ дод

Asia-Plus

То 1-уми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 858 ҳазору 191 нафақахӯр зиндагӣ мекунанд, ки синни беш аз ҳазор нафари онҳо аз 100 гузаштааст. Дар муқоиса бо аввали соли равон теъдоди нафақагирон 21 ҳазору  501 нафар ё худ 2,6% афзудааст. Дар ин бора рӯзи 8-уми август зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, шумораи умумии нафақахӯрони маъюб 170 ҳазору 52 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора:

– гурӯҳи якум – 18 ҳазору 220 нафар;

– гурӯҳи дуюм – 83 ҳазору 691 нафар;

– гурӯҳи сеюм – 33 ҳазору 317 нафар;

– маъюбони аз кӯдакӣ то синни 18-сола – 34 ҳазору 824 нафар;

– шумораи ятимони кулл – 1 ҳазору 149 нафар;

– шумораи нимятимон – 77 ҳазору 649 нафар;

– шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 15 нафар;

– шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ – 117 нафар.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 470,62 сомониро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми нафақаи меҳнатӣ ба 585,05, суғуртавӣ – ба 470,57 ва иҷтимоӣ – ба 330,60 сомонӣ баробар шудааст.

 

Қарздорӣ аз нафақа вуҷуд надорад

Абдураҳмон Ҳалимзода, директори Агентӣ иттилоъ дод, ки ҳаҷми қисми хароҷотии буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар 6 моҳ 2 млрд 732,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 708 млн сомонӣ зиёд аст.

“Аз ин миқдор, талаботи пардохти нафақаҳо бо ҳаҷми 2 млрд 485 млн сомонӣ таъмин шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 632 млн сомонӣ бештар аст. Айни замон дар ҷумҳурӣ ягон қарздорӣ ё маҳдудият дар пардохти нафақаҳо вуҷуд надорад”,- гуфт Абдураҳмон Ҳалимзода.

 

Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба нафақахӯрон

Ӯ илова кард, ки яке аз масъалаҳои муҳими барои рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ин рақамисозии соҳа мебошад.

Ба гуфтаи вай, дар ин самт, дар ним сол 2025 барномаи “Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба нафақахӯрон” таҳия шудааст, ки дар доираи он аз моҳи марти соли 2025 пардохти марказонидашудаи таҷрибавии нафақаҳо тавассути “Амонатбонк” дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вилояти Суғд, ВМКБ, инчунин, дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва Файзобод оғоз гардид.

Ҳалимзода гуфт, мувофиқи нақша, то моҳи сентябри соли 2025 ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин низоми автоматишуда пайваст карда мешаванд.

Ҳамчунин, ба таъкиди номбурда, бо истифода аз барномаи "Пули ҳушманд" дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ низоми бақайдгирӣ ва тасдиқи  вафоти шаҳрвандон роҳандозӣ шудааст. Ин имкон медиҳад, ки пардохти нафақа ба шахсони фавтида ба таври худкор боздошта ва қатъ карда шавад.

 

Суол доред? Занг занед!

Дар моҳи июни соли равон дар Агентӣ, Маркази тамос ба фаъолият оғоз кард, ки шаҳрвандон метавонанд саволҳо, муроҷиатҳо ва шикоятҳои худро ба он равона созанд. Тамос бо марказ тавассути рақами кӯтоҳи 3900 имконпазир аст.

“Сокинон метавонандтавассути ин рақамҳо ба суолҳои худ дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъини нафақа аз рӯйи маъюбӣ, синну сол ва бесаробонӣ, идомаи фаъолияти меҳнатӣ пас аз таъин гардидани нафақа, пешниҳоди ҳуҷҷат барои бозҳисобии нафақа ва дигар масоили марбут посухи мушаххас гиранд”, – гуфт роҳбари ин ниҳод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...