Кумитаи андоз номи қарздорони калонтарини худро эълон кард

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Кумитаи андози Тоҷикистон қарздорони калонтарини худро эълон кард, ки ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" бо 144 миллион сомонӣ дар ҷои якум қарор дорад. Дар ин бора Нусратулло Давлатзода, раиси Кумита рӯзи 8-уми август, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 

Ба иттилои ӯ, корхонаҳои зерин бо қарзи зиёд дар ҷои дуввум сеюм ва чаҳорум қарор доранд::

– Корхонаи "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" – 30 млн сомонӣ;

– Корхонаи "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил" –  22 млн сомонӣ;

– Кони ангишти “Зиддӣ” – 19 млн сомонӣ.

“Бо вуҷуди ин, шумораи корхонаҳое, ки қарзҳои калон доштанд, давра ба давра кам шудааст” – гуфт Давлатзода.

 

Афзоиши даромад ба буҷет ва қатъи фаъолияти соҳибкорӣ

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ним соли 2025 ба буҷети давлат аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 12 млрд 715 млн сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нишондиҳандаи пешбинишуда беш аз 1,5 млрд сомонӣ бештар аст. 

Яке аз сабабҳои барзиёд иҷро шудани нақшаро Давлатзода дар зиёд шудани шумораи соҳибкорон медонад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра шумораи андозсупорандагон 9,8 ҳазор бештар шудааст.

“Дар ягон давра шумора дар шаш моҳ ин қадар зиёд нашуда буд” – шарҳ дод ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни нишасти хабарии рӯзи 6-уми август гуфт, ки дар  6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 12 ҳазору 726 (12 ҳазору 203 соҳибкори инфиродӣ ва 523 шахси ҳуқуқӣ) соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 878 адад зиёд мебошад.. 

"Дар ин давра, ҳамчунин, 23 ҳазору 308 адад субъекти нави хоҷагидор таъсис ёфт, ки аз он 22 ҳазору 112 ададро соҳибкори инфиродӣ ва 1 ҳазору 196 ададро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 82 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 4 ҳазору 288 адад соҳибкорони инфиродӣ зиёд аст", – изҳор дошт раиси Кумитаи сармоягузорӣ.

Раҳимзода сабаби асосии қатъи фаъолияти соҳибкоронро гузаштан ба дигар намуди фаъолият, аз ҷумла аз соҳибкории инфиродӣ ба шахси ҳуқуқӣ унвон кард. 

Аз Кумитаи андоз гуфтанд, ки ҳоло дар кишвар  375,1 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ фаъолият доранд.

 

40 корхона 45% бахши даромади буҷетро таъмин кардаанд

Ба гуфтаи Давлатзода, тайи чанд соли охир 43-45%-и бахши даромади буҷаи кишвар аз ҳисоби 40 субъект таъмин мегардад. Миёни 5 беҳтарин андозсупорандаи калон, ки 14%-и даромати буҷетро таъмин кардаанд, чунин корхона мебошанд:

– корхонаи муштараки “Зарафшон”;

–  “Ширкати металлургии “Анзоб”;

– корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб”;

– “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”;

– ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”. 

 

Афзоиши бақияи қарзи андоз

Мувофиқи омори пешниҳодгардида, ба ҳолати 1 июни соли 2025, бақияи қарзи андозҳо дар маҷмуъ 975,8 млн сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 235,6 млн сомонӣ бештар аст.

Дар ин 6 моҳ нисбати андозсупорандагони қарздор беш аз 9 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 670,5 млн сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2024 қабулшуда ба буҷет 787,1 млн сомонӣ ворид гардид.

Ба гуфтаи Давлатзода, дар нимсоли гузашта 14,8 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ сабт шудааст. Ин ҳуқуқвайронкуниҳо, асосан, ба масъалаҳои бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, кам нишон додани маблағи андоз рабт доштаанд.

Дар ин асно, вайронкунандагони тартибот ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 331 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...