Ректор аз декан пора гирифт. Раиси Додгоҳи Хуҷанд ҳукми ректор ва декани пешини Донишгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Парвандаи Аюб Усмонзода, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ки ба 7 сол зиндон маҳкум гардид, бо боздошти Парвиз Рӯзизода, декани пешини факултети биология ва химияи ин донишгоҳ пайванд будааст. Ректор барои ба вазифаи декан таъин намун, аз Рӯзизода пора гирифтааст.

Диловар Мирзоҳомидзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотии ин ниҳод рӯзи 7-уми август ҳукми 7 соли зиндони Аюб Усмонзодаро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ ба гирифтани пора дар ҳаҷми калон ё моддаи 319 қисми 4  Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор шуд.

“Ҳамчунин, бо ҷазои иловагӣ барои маҳрум кардан аз ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли моликияташон ба муҳлати 5 сол таъин карда шудааст”, – гуфат Мирзоҳомидзода.

Вале ӯ нагуфт, ки ректори пешин аз декан кай ва чӣ қадар пора гирифтааст.

Бояд гуфт, Аюб Усмонзода 11-уми марти соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд боздошт гардида буд.

Пас аз боздошт, ҳамсари Аюб Усмонзода ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шавҳарам бегуноҳ аст ва ман бовар дорам, ки ҳақиқат ошкор мешавад”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Аюб Усмонзода дар пайи боздошти Парвиз Рӯзизода, декани факултети биология ва химияи ин донишгоҳро дастгир шуд. Он замон  маълум набуд, ки боздошти онҳо то куҷо ба ҳам алоқамандӣ дорад.

Ҳамакнун маълум мешавад, ки боздошти онҳо ба ҳамдигар рабт доштааст.

 

Наздикони Парвиз Рӯзизода аз  болои ҳукм шикоят кардаанд

Раиси Додгоҳи Хуҷанд дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳукми Парвиз Рӯзизода рӯзи 13-уми июн содир шуда, ӯ ба гирифтани пора (модддаи 319) аз шахси мансабдор ва ҳаракатҳои зуроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 139) гунаҳкор ва 17 сол равонаи зиндон шуд.

Гуфта мешавад, ки Парвиз Рӯзизода рӯзи 13-уми июни соли 2025, баъди талаби айбдоркунандаи давлатӣ дар боздоштгоҳ даргузашт. Сабаби марги ӯ бемории қалб гуфта мешавад.

Ба иттилои раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд вакили дифоъ ва хешовандони Павриз Рӯзизода аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ карданд ва ҳоло дар баррасӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки боздошти кормандони донишгоҳи мазкур бори аввал расонаӣ намешавад. Моҳи гузашта дар нишасти хабарии худ Сафар Салимзода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро  муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки “дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои  коррупсиониро дар Донишгоҳро ошкор кардан”д.

Салимзода гуфта буд, нисбат ба панҷ корманди донишгоҳи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ  ба мақомоти судӣ ирсол гардид. Нисбати онҳо ҳукм содир шудааст ё не маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...