Шаҳрдории Душанбе ваъда дод, ки охири моҳи июл мушкили қатъи об ва фишори пасти он ҳал мешавад. Оё бартараф шуд?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Масъулини шаҳрдории Душанбе рӯзи 25-уми июл дар нишасти хабарӣ ваъда доданд, ки то охири моҳи июл мушкили қатъи оби ошомиданӣ ва фишори пасти он дар баъзе минтақаҳои пойтахт бартараф мешавад. Вале бо гузашти беш аз 10 рӯз сокинони пойтахт то ҳол аз фишори пасту қатъи оби ошомиданӣ дар хонаҳояшон шикоят доранд.

Баҳром Саидзода, роҳбари КВД “Обу корези Душанбе” дар нишасти хабарӣ гуфта буд, сабаби қатъи об ва фишори паст он дар пойтахт “корҳои васл ва пайвасткунии қубурҳои нави обгузар мебошад”. 

“Аз соли 2021 инҷониб Бо маблағгузории Бонки рушди Осиё ҳамаи қубурҳои обгузари ноҳияи Шоҳмансур нав мешаванд ва корҳо қариб ба анҷом расидааст. Мумкин ин мушкил то охири моҳ (моҳи июл дар назар аст-аз муаллиф) ҳалли худро ёбад”, – таъкид намуд ӯ.

Қаблан, сокинони бархе минтақаҳои Душанбе аз набудани оби ошомиданӣ ва паст будани фишори он шикоят карда буданд. “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсише гузаронида, кӯшиш намуд то куҷо бартараф шудани ин мушкилро муайян кунад. 

Аксари сокинони пойтахт навиштанд, бо гузашти инак 10 рӯз аз моҳи август ин мушкил ҳамоно ҷой дорад. Дар идома шарҳи сокинонро меорем. (Шарҳҳо барои мувофиқат ба меъёрҳои забони тоҷикӣ то ҳадде таҳрир шудаанд) 

“Дар кӯчаи Сурхоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ об фишори паст дорад. Ҳаррӯз ҳамагӣ 2 соат об меояду халос, ҳамон ҳам бо фишори хело паст… Дар кӯча мо – аксари сокинон то 100 – 200 метр дуртар аз хона насосҳои обкашӣ насб кардем, аз сабабе ки фишор паст буд… Ин ҳолат дар қалби Тоҷикистон Душанбеи азиз бисёр нигаронкунанда аст…” – навиштааст Sanjarjon Salimi.

“Кӯчаи Айнӣ 80/1 об соат кати метиян, хамонам хоҳан метиян нахоҳан не. Дар ҳамин гармӣ куҷо равем обковӣ ?” – суол медиҳад Madina Rahmatova.

“Дар маҳаллаи 46 мо дар ошёнаи 2-юм ҳастем, рӯзона то бегоҳ об кам аст. Ҳатто мошинаи либосшӯӣ монда намешад. Шаб ё саҳар барвақт об каме бисёр мешавад” – нақл кардааст Мунаввара Арбобова.

“Ноҳияи Сино кӯчаи Тургенев доми 10 фишори об паст баъд аз соати 9 то 5 саҳар об қоқ мешавад, боз фишори об паст мебошад” –  навиштааст истифодабарандае бо номи safarbekiodgor

“Мо тарафи 64 фақат шабона об мешавад аз саҳар то бегаҳ об надорем бовар куне безор шидем” – менависад истифодабарандае бо номи khakimova_1111_.

“Сино Арбобхотун об хело бениҳояд кам аст интизор мешавӣ ки соат 23:00 шавадки оббозӣ кунӣ, об камтар зиед шавад рӯзона оби тафсон меояд шаб ҳам ҳаминхел” – шарҳ гузоштааст истифодабаранда ali_melikov_officiall.

Дар шарҳ сокинони пойтахт аз мушкилоте, ки дар пайи набудани об ба вуҷуд меояд, ёдовар шуданд.

“Ноҳияи Шоҳмансур ,кӯчаи Айнӣ – жилмассив рӯзона об аз соати 10.00 то 17.00 умуман нест. Дар ин гармӣ бӯи канализатсия дар тамоми хонаҳо паҳн мешавад!” – навиштааст истифодабарандае бо номи F дар Телеграм.

Дар ҳамин ҳол, сокинон аз ифлосии об низ шикоят доранд. 

“Об тамоман камай бо амка буй мекна, Зарафшон” – навиштааст истифодабарандае бо номи aliya78962.

Дар шарҳҳо бархеҳо аз беҳтар шудани вазъ низ нақл кардаанд. 

“Маҳаллаҳои Қаротегин нағз шуд. Раҳмат ба масъулини соҳаи об” – навиштааст Dilshod Saidov

 

“Обу корези Душанбе” чӣ мегӯянд?

Барои дарёфти посух ба саволу шикояти сокинон “Азия-Плюс” ба КВД “Обу корези Душанбе” муроҷиат намуд.

Ба қавли масъулони ин ниҳод, то имрӯз як қатор маҳалҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки солҳои зиёд аз камбуди оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, пурра бо оби тоза таъмин гардиданд.

“Ҳоло кӯчаи Айнӣ ва маҳаллаҳои Ховарону Бӯстони ин ноҳия оби доимии нӯшокӣ доранд” – шарҳ доданд дар ин ниҳод.

Вале дигар саволҳои “Азия-Плюс” оид ба муҳлати ҳал шудани мушкили қатъи об ва фишори пасти он, беҷавоб монданд. Ҳамин тариқ, маълум нест, ки мушкили оби нӯшокӣ дар пойтахт кай ҳал мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...