Бунёди 10 таваққуфгоҳи нав барои ҳавопаймоҳо ва хатти зимомии нав дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Asia-Plus

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони 10 таваққуфгоҳи иловагӣ (ҷои ист) барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм ва хати зимомӣ (рулежний)-и нав бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр оғоз шудааст.

Дар ин бора аз маркази матбуотии Фурудгоҳи байналмилалӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ҳамчунин 250 ҳазор метри мураббаъ хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ пурра таъмир ва мумфарш мешавад.

“Хати зимомии нав барои таъмини бехатарии парвозҳо зимни фуруд ва парвоз бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр сохта мешаванд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Манбаъ зикр кард, ин тасмим дар пайи эълони сиёсати “Осмони кушод” дар бахши ҳавонавардии кишвар рӯи даст гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар мудди 2-3 моҳ пурра ба анҷом мерасад.

Моҳи июни соли равон ҳукумати Тоҷикистон сиёсати “Осмони кушод” ҷорӣ кард, ки тибқи он аз ин ба баъд низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳо, ки қаблан шумораи парвозҳои ширкатҳои хориҷиро бо ширкатҳои дохилӣ баробар ва маҳдуд мекард, бекор карда мешавад.

Маълум нест, ки барои сохтмону таъмири таваққуфгоҳи иловагӣ ва хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ чӣ қадар маблағ сарф мешавад.

 

Сохтмони терминали нав ва минтақаи махсус барои гуселу пешвози мусофирон

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳоло сохтмони  терминали нав идома дорад.

Зайнулло Шарифзода, раиси ин фурудгоҳ дар нишасти матбуотии чанд рӯз пеш гуфт, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳа, мутахассисон аз Туркия даъват шудаанд ва он  бояд дар давоми як то ду соли оянда ба истифода дода шавад.

Ғайр аз ин, дар фурудгоҳи пойтахт минтақаҳои махсус барои гуселу пешвози мусофирон сохта мешаванд. Корҳои сохтмонӣ дар ин минтақаҳо ба наздикӣ анҷом меёбанд ва онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин моҳи майи солӣ ҷорӣ ворид шудан ба минтақаи гуселу пешвози парвозкунандаҳо дар Фурудгоҳи Душанбе барои шахсоне, ки ба истиқбол ё видоъи мусофирон мераванд, манъ шуд.

Масъулони фурудгоҳ ин мамнуъиятро ба риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти парвозҳо, нигоҳ доштани тартиби ҷамъиятӣ, иҷрои меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ рабт доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...