Вуруд ба минтақаи гуселу пешвози мусофирон дар фурудгоҳи Душанбе манъ шуд

Ворид шудан ба минтақаи гуселу пешвози мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) барои шахсоне, ки бо ин мақсад ба ин ҷо меоянд, манъ шудааст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Фурудгоҳи Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин маҳдудият аз моҳи май ҷорӣ шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин мамнуъият бо мақсади риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ворид шудан ба минтақаи гуселу пешвози мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) барои шахсоне, ки бо ин мақсад ба ин ҷо меоянд, манъ шудааст.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Фурудгоҳи Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин маҳдудият аз моҳи май ҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин мамнуъият бо мақсади риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти парвозҳо, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, иҷрои меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ амалӣ шудааст.

Аз хадамоти матботи Фурудгоҳи Душанбе таъкид карданд, ки ин қарор ба ҳамаи шаҳрвандон дахл дорад.

Фақат дар баъзе ҳолатҳо ба нафароне, ки одамони имконияташон маҳдуд, беморон ва падару модарони кӯдакони ноболиғро ҳамроҳӣ мекунанд, ба минтақаи гуселу пешвози фурудгоҳ иҷозаи вуруд дода мешавад.

Ҳамчунин аз Фурудгоҳи Душанбе гуфтанд, ки нақша доранд барои гуселкунандагон ва пешвозгирандагони мусофирон минтақаҳои махсуси интизорӣ ташкил кунанд, то ки бароҳатӣ ва амнияти шаҳрвандон таъмин карда шавад.

Қаблан дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ хабар дода буданд, ки дар рӯзҳои наздик низоми дарвозаҳои электронӣ (e-gates), ки чандин маротиба ба таъхир афтода буд, пурра ба кор дароварда мешавад.

“Системаи дарвозаҳои электронӣ маълумоти пурраи интернетии ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоиро дар бар мегирад. Дар ҳоли ҳозир бо иштироки ҳамаи сохторҳо низом мавриди навсозӣ қарор дошта, рӯҳои наздик пурра ба кор медарояд”, – гуфтанд аз фурудгоҳ.

Дар нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2024 роҳбари Агенти авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Ҳабибулло Назарзода хабар дода буд, ки мавриди истифода қарор гирифтани e-gates рӯзи 15 марти соли 2025 дар назар буда, ҳамгироии низом ба анҷом расидааст ва корҳои насбу бандубасти ниҳоии он ҷараён дорад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе иваз шуд: Зайнулло Шарифзода роҳбари фурудгоҳи пойтахт таъин шуда, дар ин вазифа Исматулло Абдуллозодаро иваз кард.

Мудири кулли Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода ва муовинони ӯ баъди санҷиши молиявӣ, ки дар фаъолияти онҳо камбудиҳои ҷиддиро ошкор кард, аз мансаб барканор шуданд.

То таъиноти нав Зайнулло Шарифзода ба ҳайси директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.