Имзои созишномаҳои нав байни Тоҷикистону Эрон: таваҷҷуҳ ба технология, энергетика ва нақлиёт

Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон рӯзи 29 май дар Душанбе баёнияи муштарак қабул карда, чор созишномаи иловагӣ ба имзо раси, ки самтҳои калидии ҳамкории дуҷонибаро дар бар мегиранд. Ба иттилои АМИТ “Ховар”, баёнияи муштарак аз ҷониби сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба […]

Нигина Аслонова, Asia Plus

Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон рӯзи 29 май дар Душанбе баёнияи муштарак қабул карда, чор созишномаи иловагӣ ба имзо раси, ки самтҳои калидии ҳамкории дуҷонибаро дар бар мегиранд.

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, баёнияи муштарак аз ҷониби сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба имзо расид.

Дар доираи густариши ҳамкориҳо санадҳои зерин имзо шуданд:

– Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёди Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни  ҶСК «Барқи тоҷик» ва Мудиромили ширкати пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда Сангоб»;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи «Кор ва таъмини иҷтимоӣ»-и Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Сафари ҳайати Эрон дар пасманзари тақвият ёфтани муколамаи дуҷониба сурат мегирад. Рӯзҳои 5-6 май дар шаҳри Шероз ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳапмкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву техникӣ баргузор шуд.

Зикр шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 377,7 млн доларро ташкил дод, ки 48,4% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гардиши молу маҳсулот ба андозаи 42,9% афзуда, 110,6 млн долларро ташкил додааст.

“Аз афзоиши гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо то ним миллиард доллар интизорӣ меравад”, – зикр гардида буд дар изҳороти хотимавии комиссия.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон дар доираи сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон байни кишварҳо 23 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, тиб ва бахши кишоварзӣ ба имзо расид. Он замон дар ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар ба маблағи зиёда аз 450 млн доллар созишномаҳо ба имзо расида буданд, ки барои шарикӣ дар сармоягузорӣ иқдоми муҳим арзёбӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.