Миёни Тоҷикистону Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон миёни ду кишвар 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Қабл аз ҳама сарони ду давлат зери Баёнияи муштарак имзо гузоштанд. Баъдан, санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон аз ҷониби аъзои ҳукумати ду кишвар имзо карда шуд. Ҳамин тавр, миёни ду кишвар […]

Asia-Plus

Баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон миёни ду кишвар 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Қабл аз ҳама сарони ду давлат зери Баёнияи муштарак имзо гузоштанд. Баъдан, санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон аз ҷониби аъзои ҳукумати ду кишвар имзо карда шуд.

Ҳамин тавр, миёни ду кишвар санадҳои зерин имзо гардид.

– Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;

– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;

– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Барномаи амалҳои муштарак ба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони беҳзистии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои иҷтимоӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои осебпазир;

– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон;

– Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноиби Президент оид ба кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти занон ва оила;

– Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Пажӯҳишии Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии Намоишгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи намоишгоҳӣ.

Бояд гуфт, Масъуд Пизишкиён пас аз интихоб ба ҳайси раиси ҷумҳури Эрон, шоми дирӯз, 15-уми январ, бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафари ӯ давлатӣ буда, ду рӯз давом хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио