Бунёди 10 таваққуфгоҳи нав барои ҳавопаймоҳо ва хатти зимомии нав дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони 10 таваққуфгоҳи иловагӣ (ҷои ист) барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм ва хати зимомӣ (рулежний)-и нав бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр оғоз шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии Фурудгоҳи байналмилалӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ҳамчунин 250 ҳазор метри мураббаъ хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ пурра таъмир ва мумфарш мешавад. […]

Asia-Plus

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони 10 таваққуфгоҳи иловагӣ (ҷои ист) барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм ва хати зимомӣ (рулежний)-и нав бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр оғоз шудааст.

Дар ин бора аз маркази матбуотии Фурудгоҳи байналмилалӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ҳамчунин 250 ҳазор метри мураббаъ хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ пурра таъмир ва мумфарш мешавад.

“Хати зимомии нав барои таъмини бехатарии парвозҳо зимни фуруд ва парвоз бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр сохта мешаванд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Манбаъ зикр кард, ин тасмим дар пайи эълони сиёсати “Осмони кушод” дар бахши ҳавонавардии кишвар рӯи даст гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар мудди 2-3 моҳ пурра ба анҷом мерасад.

Моҳи июни соли равон ҳукумати Тоҷикистон сиёсати “Осмони кушод” ҷорӣ кард, ки тибқи он аз ин ба баъд низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳо, ки қаблан шумораи парвозҳои ширкатҳои хориҷиро бо ширкатҳои дохилӣ баробар ва маҳдуд мекард, бекор карда мешавад.

Маълум нест, ки барои сохтмону таъмири таваққуфгоҳи иловагӣ ва хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ чӣ қадар маблағ сарф мешавад.

 

Сохтмони терминали нав ва минтақаи махсус барои гуселу пешвози мусофирон

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳоло сохтмони  терминали нав идома дорад.

Зайнулло Шарифзода, раиси ин фурудгоҳ дар нишасти матбуотии чанд рӯз пеш гуфт, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳа, мутахассисон аз Туркия даъват шудаанд ва он  бояд дар давоми як то ду соли оянда ба истифода дода шавад.

Ғайр аз ин, дар фурудгоҳи пойтахт минтақаҳои махсус барои гуселу пешвози мусофирон сохта мешаванд. Корҳои сохтмонӣ дар ин минтақаҳо ба наздикӣ анҷом меёбанд ва онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин моҳи майи солӣ ҷорӣ ворид шудан ба минтақаи гуселу пешвози парвозкунандаҳо дар Фурудгоҳи Душанбе барои шахсоне, ки ба истиқбол ё видоъи мусофирон мераванд, манъ шуд.

Масъулони фурудгоҳ ин мамнуъиятро ба риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти парвозҳо, нигоҳ доштани тартиби ҷамъиятӣ, иҷрои меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ рабт доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.