“Харидор нест”. Захираи беш аз 41 ҳазор тонна карбамид дар анборҳои корхонаи “Азот”

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

То 1-уми июли соли 2025 дар анборҳои ҶСК "Азот” дар шаҳри Левакант зиёда аз 41 ҳазор тонна карбамид захира шудааст, ки барои фурӯш ва қонеъ гардонидани талаботи соҳаи кишоварзӣ тайёр аст. Вале Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки "харидорон ҳоло барои дастрас намудани он шитоб надоранд".

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар корхонаи “Азот” ҳудуди 27,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 млн сомонӣ камтар аст. Дар ним соли равон корхона зиёда аз 8,6 ҳазор тонна карбамид фурӯхт.

Дар вазорати саноат бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои асосии коҳиши ҳаҷми истеҳсол, кам шудани харидории карбамид дар бозори дохилӣ ва инчунин мавсимӣ будани фурӯш аст. Дар сурати пурра фурӯхтани маҳсулоти худ корхона метавонад бо иқтидори пурра кор карда, талаботи кишварро ба нуриҳои минералӣ комилан қонеъ созад.

 

Чаро ба карбамиди ватанӣ талабот кам аст?

Бахтиёр Ҳайитбоев, агрономи тоҷик гуфт, худаш шахсан карбамиди истеҳсоли Тоҷикистонро дар замини кишти шолӣ истифода бурда, аз сифати он қаноатманд аст.

“Бо ин карбамид аввал эҳтиёткорона рафтор намудам. То ин дам вақте ки дар мо истеҳсолоти худӣ набуд, кишоварзони тоҷик тайи солҳои зиёд ин маҳсулотро аз Ӯзбекистон гирифта, ба он одат карда буданд. Аз ин рӯ, дар аввал кишоварзон ба маҳсулоти корхонаи Леваканд эҳтиёткорона муносибат мекарданд.

Акнун ки воридоти карбамид аз Ӯзбекистон барои соҳибкорон аз лиҳози иқтисодӣ ва боҷҳои содиротӣ фоидаовар нест, кишоварзон тадриҷан ба маҳсулоти ватанӣ одат мекунанд. Сифати карбамиди Тоҷикистон аз маҳсулоти хориҷӣ фарқ намекунад. Барои ин маъракаи хуби таблиғотӣ зарур аст”, – мегӯяд кишоварз.

ҶДММ “Азот” (собиқ Корхонаи нуриҳои азотии Вахш) яке аз корхонаҳои бузурги Тоҷикистон мебошад, ки моҳи апрели соли 2023 пас аз солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмондан, кори худро барқарор кард. Корхона дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷойгир аст. Он соли 2009 аз фаъолият бозмонда буд. Бар асари солҳои зиёд аз фаъолият бозмондан, қисми зиёди таҷҳизоти технологӣ аз кор баромад. Соли 2021 масъулияти барқарор намудан ва таъмиру навсозии корхонаро ширкати “Осиё кемикал” ба дӯш гирифт. Маблаггузории аввалияи хароҷоти сармоягузорӣ 200 млн сомонӣ арзёбӣ шуда буд. Дар амал бошад, зиёда аз 400 млн сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифт.

Аллакай то охири соли 2023 дар корхона ба маблағи 162,7 млн сомонӣ ва дар соли 2024 – 110,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Дар корхона карбамид, аммиак ва дигар навъи нуриҳои минералӣ истеҳсол мешавад. Минбаъд зиёд кардани номгӯи маҳсулот ва рушди ояндаи корхона ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...