Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 12 АВГУСТ

Имрӯз тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо мунтахаби наврасони Индонезия бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Ин бозӣ дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025 дар “Ҷоми истиқлоли Индонезия” дар шаҳри Медани Индонезия баргузор мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 АВГУСТ

Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе шумораи аввалини “Рӯзномаи бинокорон” ба нашр расид.

Соли 2010 – Дар Душанбе дар бораи гузоштани маблағҳои озоди НБО “Роғун” дар суратҳисоби пасандозии 5 бонки Тоҷикистон созишнома имзо шуд.

Соли 2011 – Анвар Юнусов, муштзани тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамонӣ шуд.

Соли 2018 – Чархболи ҳомили 15 кӯҳнаварди хориҷӣ ва се сарнишини тоҷик дар поёноби пиряхи Фортамбек ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он се кӯҳнавард ва ду сарнишини тоҷик ҷон бохтанд. Ин гуруҳ узви ҳайати 150-нафарӣ буданд, ки барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Зодрӯзи Нуриддин Қаюмов, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ

Соли 1940 – Мавлуди Нозирҷон Боҳирӣ, шоир ва тарҷумони тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нозирҷон Боҳирӣ

Нозирҷон Боҳирӣ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, солҳо ҳамчун журналист фаъолият кардааст. Ӯ дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Пионери Тоҷикистон”, моҳномаҳои “Машъал” ва “Истиқбол” ҳамчун ходими адабӣ кор кардааст. Муддате дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон низ фаъолият дошт.

Нозирҷон Боҳирӣ дар баробари фаъолияти рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ ба эҷоди шеър низ машғул буд.  Шеърҳояш аз соли 1958 чоп мешаванд. Дертар маҷмӯаҳои шеърии ӯ бо номи «Андеша» (1975), «Дониш талабу бузургӣ омӯз» (1988), «Талош» (1990), «Оташи обдор»(2010) ба нашр расиданд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1979) ва аз соли 1990 инҷониб узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Нозирҷон Боҳирӣ 6 декабри соли 2024 аз дунё даргузашт.

Соли 1942 – Мавлуди Назирҷон Турсунов, муаррих ва мардумшинос, доктори илмҳои таърих.

Соли 1983 – Мавлуди Далер Тюряев, варзишгари тоҷик.

Соли 1964 – Мавлуди Ҳаким Фузайлов, футболбози тоҷик, ҳимоятгар, собиқ сармураббии тими яккачини миллии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳаким Фузайлов

Ҳаким Фузайлов яке аз футболбозони номии тоҷик буда, дар рушди футболи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Фаъолияти варзишии ӯ дар дастаи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа оғоз шуда, аз соли 1986 дар дастаи “Помир”-и Душанбе бозӣ мекард. Соли 1992 ба “Локомотив”-и Маскав гузашт. Соли 1995 аз ҳайат хориҷ шуд ва дар миёнаи мавсим даъвати “Арсенал”-и Туларо, ки дар лигаи дуюм бозӣ мекард, пазируфт. Дуним сол барои ин даста бозӣ кард ва сардори даста буд.

Фаъолияти Фузайлов ҳамчун мураббӣ солҳои 90-ум оғоз гардид ва солҳо сармураббии гурӯҳи “Бухоро” ва “Динамо Самарқанд” буд.

Соли 2003 сармураббии “Андиҷон”-и Ӯзбекистон ва соле пас мураббии дастаи “Титан”- Маскав ва дертар дастаи “Ростов”  таъин шуд. Баъдан, аввал мураббии дастаи “Локомотив” ва сониян муовини президенти “Локомотив”-и Тошканд таъин шуда, баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ аз соли 2016 то 2018 сармуррабии тими якачини футболи Тоҷикистон ва аз 2018 то 2019 сармурабии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе буд. Як муддат ҳамчун сармурабии дастаи футоли “Куктош” низ фаъолият кардааст.

Соли 2020 сармураббии клуби “Каганат”-и Лигаи олии Қирғизистон шуд, аммо тобистон аз сабаби пандемияи коронавирус ҳамкорӣ қатъ гардид. Баъдан, ба дастаи “Хуҷанд” гузашт ва то охири мавсим фаъолият кард.

Баъдан сармурабии дастаҳои “Динамо Самарқанд” ва “Бухоро” буд. Ҳоло сармурабии тими “Хоразм”-и Ӯзбекистон аст.

Соли 1969 – Зодрӯзи Саъдӣ Каримзода, вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саъдӣ Каримзода

Саъдӣ Каримзода хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар Институти физиологияи рустаниҳо ва генетикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намудааст.

Баъдан қариб 10 сол, аз соли 1998 то 2007 дар ташкилоти ғайридавлатии “Агроаксияи Олмон” (Deutsche Welthungerhilfe e. V.) фаъолият намуд. Чанд соли баъдӣ ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) буд.

Баъдан давоми 8 сол – солҳои 2012-2020 директори Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” буд.

Саъдӣ Каримзода як муддат ҳамчун муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият карда, моҳи январи соли 2022 вазири кишоварзии Тоҷикистион таъин гардид ва як сол дар ин мансаб фаъолият кард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 12-уми август Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил мешавад. Ин сана бо мақсади ёдовар шудан аз нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва бунёди сулҳ, инчунин баррасии мушкилоти рӯзмарраи онҳо муайян шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз дар ҷаҳон шумораи ҷавонон тақрибан 2 миллиард буда, қариб ҳар як аз 10 нафари онҳо дар минтақаҳои ноором ва беш аз ним миллиард нафар дар камбизоатӣ зиндагӣ мекунад. Беш аз 24 миллион бошад аз таҳсил маҳруманд. Бо вуҷуди он ки ҷавонон чоряки нерӯи кори ҷаҳонро ташкил медиҳанд, нисфи бекоронро маҳз онҳо ташкил медиҳанд.

12-уми августи соли 1981 ширкати IBM аввалин компютери шахсии худ – IBM 5150-ро муаррифӣ кард, ки оғози давраи нави компютерҳои муосир гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нархи дастгоҳ 1565 долларро ташкил медод. Он бо протсессори Intel 8088 ва хотираи фаврии 16 ё 64 килобайт муҷаҳҳаз буд, вале лавҳаи хотираи сахт надошт. Дастгоҳи қабули фиттаро низ бояд алоҳида мехариданд.

Дар соли аввали фурӯш зиёда аз 130 ҳазор компютер харидорӣ шуд. То соли 2000 дар ҷаҳон зиёда аз 140 миллион компютери шахсӣ фурӯхта шуда буд.

Имрӯз ҳамчунин рӯзи ихтирои мошинаи дарздӯзии “Зингер” аст. 12-уми августи соли 1851 дӯзандаи амрикоӣ Исаак Меррит Зингер мошини дӯзандагии такмилёфтаи худро ихтироъ кард ва онро дар Амрико ба қайд гирифт.

Ин мошин дорои сӯзани рости чашмакдор, пояки пахшкунанда барои нигоҳ доштани матоъ ва чархи дандонадоре буд, ки матоъро ҳаракат медод. Баъдан Зингер пояи пойгарди педалӣ ва чархи гардишдорро ҷорӣ намуд, ки идоракуниро осон кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамон сол ӯ бо ҳамкори худ Эдвард Кларк ширкати “I.M. Singer Company”-ро таъсис дод, ки баъдтар “Singer Manufacturing Company” ном гирифт. Мошинҳои дӯзандагии Singer зиёда аз сад сол дар 67 кишвари ҷаҳон маъруф буданд. Аммо дар охири асри XX ширкат ба мушкилоти молиявӣ дучор шуда, соли 2000 дар бораи муфлисшавӣ ариза дод.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, рӯзона 32+37º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 31+36º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24 гарм, рӯзона 38+40º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...