Тоҷикистону Покистон машқҳои муштарки зиддитеррористӣ баргузор кардаанд

Низомиёни Тоҷикистону Покистон давоми 6 рӯз, аз 4 то 9-уми август дар машқгоҳи таълимии “Фахробод”-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар подгон (гарнизон)-и вилояти Хатлон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ таҳти унвони “Дӯстӣ-2025” баргузор кардаанд. Ҳадафи размоиши низомии ду кишвар такмили машқҳо, равиш ва усулҳои амалиёти зиддитеррористӣ тавассути омӯзиши муштарак, инчунин, тақвияти робитаҳои низомии Тоҷикистону Покистон гуфта шудааст. […]

Asia-Plus

Низомиёни Тоҷикистону Покистон давоми 6 рӯз, аз 4 то 9-уми август дар машқгоҳи таълимии “Фахробод”-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар подгон (гарнизон)-и вилояти Хатлон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ таҳти унвони “Дӯстӣ-2025” баргузор кардаанд.

Ҳадафи размоиши низомии ду кишвар такмили машқҳо, равиш ва усулҳои амалиёти зиддитеррористӣ тавассути омӯзиши муштарак, инчунин, тақвияти робитаҳои низомии Тоҷикистону Покистон гуфта шудааст.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон навиштааст, ки дар ин размоиш наздики 100 хидматчии ҳарбии дутараф ширкат карда, “гурӯҳҳои таъйиноти махсус, ҷузъу томи ҳамлаовари десантӣ, пиёданизом роҳу усулҳои истифодаи силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро дар самти мубориза алайҳи терроризм намоиш доданд”.

“Машқҳои муштараки “Дӯстӣ-2025” баҳри сайқал додани маҳорати саҳроии ҷузъу томи таъйиноти махсус ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар шароити кӯҳсор ва иншоот, такмил додани тобоварии ҷисмонӣ ва устувории руҳию ахлоқии ҳайати шахсӣ, ташкили ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи таҷриба байни ҷузъу томи таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон заминаи воқеӣ фароҳам овард”, – навиштааст Вазорати дифои Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, шуъбаи робитаи умумии артиши Покистон дар саҳифаи "Х"-и худ навиштааст, ки дар тамринҳои муштарак 4 дастаи размии нерӯҳои махсуси Тоҷикистон ва 2 тими ҷангии артиши Покистон иштирок доштанд.

“Ҳамаи ҳадафҳои омӯзишӣ ва дипломатияи низомӣ бомуваффақият иҷро гардиданд. Низомиёни ҳар ду кишвар сатҳи баландтарини маҳорати касбиро дар ҷараёни баргузории машқҳо нишон доданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ин шуъба.

Дар маросими анҷоми тамринҳои муштарак, ки мақомдорони баландпояи низомии ду кишвар ширкат доштаанд, ба як қатор ширкаткунандагони фаъоли машқҳо медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо тақдим шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Покистон қаблан борҳо дар тамринҳои чандҷонибаи низомии “Ҳамкории минтақавӣ” ширкат карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.