То $200 млн ва дар 85 бахш. Қазоқистон омодагии худро ба афзоиши интиқоли мол ба Тоҷикистон изҳор доштааст

Asia-Plus

Қазоқистон ба афзоиши интиқоли молу маҳсулот ба Тоҷикистон аз рӯи 85 бахш ба маблағи то 200 млн доллар омода аст.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар медиҳад, дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ  муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алибек Куантиров бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дидору гуфтушунид кард.  

“Барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳама шароит фароҳам аст – гардиши рӯзафзуни мол, омодагии соҳибкорон ба ҳамкорӣ ва фаҳмиш дар сатҳи роҳбарияти давлатҳо. Бовар дорам, ки дар солҳои наздик на танҳо дар соҳаи савдо, балки дар лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ низ рушдро мебинем”, – таъкид намуд Куантиров.

Ҷонибҳо густариши ҳамкории мутақобилаи дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат сармоягузорӣ, инчунин амалисозиии лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ карданд.

Зимни мулоқот Куантиров таъкид дошт, ки Қазоқистон ба густариши робитаҳои судманди мутақобила бо Тоҷикистон дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ аҳаммияти хосса медиҳад. Зикр шуд, ки Қазоқистон пайваста ба сафи шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон дохил мешавад: тибқи натиҷаҳои соли 2024 гардиши мол байни ду кишвар ба 1,3 млрд доллар расида, 7,4% афзудааст. Роҳбарони давлатҳо ҳадаф гузоштаанд, ки ҳаҷми савдои дуҷониба то ба 2 млрд доллар расонида шавад.

Куантиров илова намудааст, ки дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан тамоюли устувори мусбат мушоҳида мегардад. Дар соли 2024 ҳаҷми умумии боркашонӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон 8% зиёд шуда, ба 5,1 млн тонна расид. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷмҳо 2,7 млн тоннаро ташкил дод, ки 12,1% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Барои ба Тоҷикистон расонидани техникаи роҳи оҳани истеҳсоли Қазоқистон имкониятҳои нав боз мешаванд.

Ҳаҷми боркашонии автомобилӣ низ 45% афзуда, ба 494 ҳазор тонна расид.

Ӯ ҷониби Тоҷикистонро даъват намуд, ки дар Мизи гирди сармоягузории глобалии Қазоқистон (KGIR) рӯзи 31 октябри соли ҷорӣ иштирок намояд. Дар посух ба ин Султон Раҳимзода ҳамкорони қазоқро барои иштирок дар форуми сармоягузорӣ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, даъват кард.

Раҳимзода таъкид дошт, ки бо назардошти сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва ҷараёни устувори иқтисодӣ байни кишварҳо, тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ ва савдо бо Қазоқистон барои Тоҷикистон дорои аҳаммияти стратегист.

“Қазоқистон яке аз шарикони пешбари иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Мо ба густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои калидӣ – аз савдо то таъсиси истеҳсолоти муштарак манфиатдорем. Бовар дорам, ки татбиқи ташаббусҳои пешбинишуда ба рушди нави муносибатҳои дуҷонибаи мо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид”, – изҳор дошт роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон.

Ҳамсуҳбатон зикр карданд, ки ҷонибҳо ба лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ барои таъсиси иқтидорҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақаҳои озод ва махсуси иқтисодии ҳарду кишвар таваҷҷуҳи махсус доранд, аз ҷумла, дар соҳаи истеҳсоли орд, маҳсулоти қаннодӣ, равғани растанӣ, коркарди маҳсулоти чорводорӣ, инчунин истеҳсоли шарбатҳои табиӣ ва консентратҳо бо иштироки шарикони тоҷик.

Тасмими тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок – аз саноат ва логистика то коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва энергетика – тасдиқ шуд.

Қазоқистон ба чоргонаи бузургтарини сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон шомил буда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо то имрӯз беш аз 146 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...