Мақомот кирокашҳоро дар пойтахт вазифадор кардаанд, ки дар баробари рақами қайди давлатӣ бо ранги сабз, ҳамчунин рақам бо ранги зард низ насб кунанд. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД иддао дорад, ки рақами зард ба ширкатҳо ройгон дода мешавад ва онҳо низ бидуни ситонидани пул онро бояд ба ронандагон тақсим кунанд. Аммо теъдоде аз кирокашҳои пойтахт мегӯянд, рақамҳои зардро аз ширкатҳо бар ивази маблағ гирифтаанд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” бо ронандагони чор ширкате, ки дар пойтахт ба кирокашӣ машғул ҳастанд, масъули як ширкат ва намояндагони мақомоти давлатӣ сӯҳбат кард.
Рақами зард ройгон аст ё пулакӣ?
Бояд зикр кард, ки ҳоло дар пойтахт, бо қарори шаҳрдорӣ, танҳо чор ширкат ҳаққи хидматрасонӣ доранд. Ҳар яки онҳо метавонанд то се ҳазор кирокаш дошта бошанд. Қаблан 12 ширкат бо ҳудуди 4,3 ҳазор мошин ба кирокашӣ машғул баданд.
Чанде пеш Миралӣ Абдураҳмонзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба "Азия-Плюс" гуфт, рақами зард, барои маълум кардани кирокашҳое, ки ғайриқонунӣ, аз шаҳру навоҳии гирду тароф ба пойтахт омада, фаъолият мекунанд, насб карда мешавад ва он ройгон аст.
Чанде аз ронандагони се ширкат – “Эко-Таксӣ”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки рақами зардро ройгон дастрас кардаанд.
“Ба мо дар ширкати “Эко-Таксӣ” рақами зардро тибқи навбат ва ройгон медиҳанд”, – гуфт як ронандаи ширкати “Эко-Таксӣ”.
Ронандаи дигар аз ширкати “Ковиён” низ тасдиқ кард, ки рақами зардро ройгон медиҳанд.
“Ҳоло навбати ман нарасидааст ва ман рақами зард нагирифтаам. Аммо ҳамкоронам гуфтанд, ки ба онҳо рақамро ройгон додаанд”, – иброз дошт ӯ.
Чанд ронандаи дигар, ки дар ширкати “Сафо-таксӣ” кор мекунанд, ҳам таъйид карданд, ки дар ин ширкат ба онҳо рақами зардро ройгон додаанд.
“Барои рақами зард пул мехоҳанд”
Вале, ронандагони ширкати “Олуча-авто” мегӯянд, ширкат ба онҳо рақами зардро пулакӣ додааст.
Як ронандаи “Олуча-авто” бидуни зикри ном ба “Азия-Плюс” гуфт, танҳо дар сурати пардохти 260 сомонӣ метавон рақами зард гирифт.
“Дар ширкати “70 00” ба мо рақами зардро пулакӣ доданд. Барои гирифтани рақам 260 сомонӣ супоридам. Иҷозатномаро ман ба қарибӣ гирифта будам ва муҳлаташ ҳоло ба охир нарасидааст. Аммо боз маблағ супорида, иҷозатномаи нав гирифтам”, – гуфт ин ронандаи ширкати “Олуча- авто”.
Ронандаи дигар, ки дар ширкати номбурда бештар аз як сол аст ба кирокашӣ машғул аст мегӯяд, “ширкат пулакӣ будани рақами зардро ба барҳам нахӯрдани он ва набаровардани мошинҳояш рабт медиҳад”.
“Аз ширкат ба мо гуфтанд, ки бояд харҷи тунукаро супорем”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
“Азия-Плюс” расиди пардохти маблағро аз ронандагон дастрас намуд, ки дар он навишта шудааст, пул барои “иҷозатномаи тунукагӣ”, пардохт шудааст. Мӯҳри ширкат низ дар рӯйи он гузошта шудааст.
“Дар ширкат гуфтанд, ки рақами зард ин иҷозатномаи қонунии фаъолият аст ва бояд кирокашҳо онро дошта бошанд. Вақте гуфтам, нав иҷозатнома харидам ва боз онро ба ман чаро мефурушед, ҷавоб дода натавонистанд. Маҷбур рақами зардро харидам, чунки бе ин рақам имкони ба кирокашӣ машғул шудан набудааст”, – иброз дошт, ронандаи дигари ин ширкат.
“Олуча-Авто”: 260-сомонӣ барои тунука пардохт мешавад
Дар ширкати “Олуча-авто” ба “Азия-Плюс” 260-сомонӣ арзиш доштани рақами зардро таъйид карда, гуфтанд, ин пул барои тунука пардохт мешавад.
“260 сомонӣ барои рақами зард пардохт мешавад, нархномааш ҳамин қадар муайян шудааст. Ин маблағи хароҷоти тунука аст. Дар дигар ширкатҳо ин маблағро аз ҳисоби аъзопулӣ мегиранд. Дар мо ҳам ин пул аз ҳисоби аъзопулӣ кам карда мешавад”, – гуфт намояндаи ширкати “Олуча-авто”.
Рақами зардро БДА ё ширкат таҳия мекунад?
Намояндаи ширкати “Олуча-авто” гуфт, рақами зардро аз Раёсати БДА дастрас мекунанд, аммо барои ироаи ҷузъиёт мактуб талаб кард.
Содиқ Собирзода, муовини сардори Раёсати БДА ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки рақами зардро БДА таҳия мекунад ва он ройгон аст.
“Ширкат мактуб пешниҳод мекунад, БДА аз рӯйи шумораи он сохта медиҳад ва намояндаи ширкат имзо монда, рақамҳоро мегирад. Тақсимотро худи ширкатҳо мекунанд. Рақами зард ройгон чоп мешавад ва барои сохтани он БДА ягон сомонӣ намегирад”, – гуфт Собирзода.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъйид кард, ки аз чор ширкати фаъолиятдошта як ширкат бар ивази рақами зард маблағ гирифтааст, аммо аз ифшои номи ин ширкат худдорӣ кард.
“Санҷида баромадем, ки танҳо як ширкат рақамҳоро пулакӣ медодааст. Мо пурсидем, ки чаро онҳо маблағ гирифта истодаанд? Гуфтанд, аз ҳисоби аъзопулӣ гирифта истодаанд. Вагарна ройгон аст”,- иброз дошт номбурда.
Ӯ таъкид кард, ки Раёсати БДА ҷараёни пулакӣ додани рақамҳо аз ҷониби ширкатҳоро назорат намекунад.
Собирзода афзуд, ки дар як рӯз 50 дона рақами зард сохта мешавад ва то имрӯз ҳудуди 2500 адад таҳия шудааст. Ӯ афзуд, ки рақамҳои зард муайянкунандаи иҷозатнома буда, аз рӯйи варақаи додаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт сохта мешавад.
“Нишонаҳо дар ин рақамҳо чунин аст, яке нишонаи давлат парчам аст, 01 минтақааш мешавад, рақами лицензия ва дар поён муҳлати эътибори он нишон дода шудааст. Баъди ба охир расидани муҳлати эътибор дубора онро иваз мекунанд. Дубора гирифтани он низ ройгон аст, чун он иловатан дода мешавад”, – таъкид кард Собирзода.
Аммо ӯ илова кард, ки “агар минбаъд рақами зардро худ таҳия ва пулакӣ кунанд, ин кори ширкат ё худ ҷамъиятҳо аст, аммо оне, ки БДА чоп карда медиҳад, ройгон аст”.
Пештар аз ин, Ҷаҳонбин Ҳакимзода, сардори шуъбаи тарғибу ташвиқоти Раёсати БДА ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки таҳияву пешниҳоди рақами зард ба зиммаи ин ниҳод нест, балки “худи ширкатҳои кирокаш рақамро чоп ва тақсим мекунанд”.
Аз ин лиҳоз, “ройгон будани он, вале пулакӣ тақсим карданро низ БДА назорат намекунад. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳаст, ки назорат ва рақами иҷозатномадиҳӣ бар уҳдаи ин ниҳод аст”, – гуфта буд Ҳакимзода.
Зафархон Бобоев, намояндаи Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, ба “Азия-Плюс” гуфт, ин ниҳод танҳо варақаи иҷозатномаро тибқи квотаи ҷудошуда ба 4 ширкат медиҳад.
“Мо ба чопи рақами зарди тунукагӣ рабт надорем. Ин рақамҳо дар худи БДА чоп мешавад ва онҳо ба ҷамъиятҳо медиҳанд, ширкатҳо бошанд ба ронандагон. Мо танҳо иҷозатномаро дар асоси рӯйхати худи ширкатҳо омода карда медиҳем”, – гуфт Бобоев.
Дар ҳоле, ки намояндагони мақомоти давлатӣ иддао доранд, ки рақами зард ҳоло ройгон аст ва ширкатҳои кирокашонӣ низ бояд онро ройгон дастраси кирокашҳо кунанд, ронандагони ширкати “Олуча-авто” дар дуроҳа қарор гирифтаанд: ё пул пардохт кунанд ва ё фаъолиятро қатъ кунанд. Онҳо мегӯянд, барои хариди мошин ва узви ширкат шудан, харҷи зиёд кардаанд ва талаби ҳар маблағи дигар, махсусан дар ҳоле, ки мақомоти давлатӣ онро рад мекунанд, барояшон мушкилофар шудааст.


