“Бинандаро ба фикр водор мекунад”. Нахустнамоиши филми “Блогер” дар Душанбе

Рӯзи 23-юми август дар Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии “Блогер”, ки дар киностудияи “Довфилм” таҳия шудааст, баргузор мегардад. Дар ин бора аз “Довфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, филм дар коргардонии Зариф Зарипов бо продюсерии Муҳиддини Музаффар ва Амир Турсунов омода шудааст. Нахустнамоиши он соати 18:00 дар Кохи Суруш пешбинӣ гардидааст. Вуруд тариқи даъватнома ё […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзи 23-юми август дар Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии “Блогер”, ки дар киностудияи “Довфилм” таҳия шудааст, баргузор мегардад. Дар ин бора аз “Довфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, филм дар коргардонии Зариф Зарипов бо продюсерии Муҳиддини Музаффар ва Амир Турсунов омода шудааст.
Нахустнамоиши он соати 18:00 дар Кохи Суруш пешбинӣ гардидааст.

Вуруд тариқи даъватнома ё билет аст. Ҳаводорони филм барои дастрас кардани билет метавонанд ба рақамҳои 55 911 11 44 тамос гиранд.

 

“Филми ҳунарии “Блогер” идомаи силсилафилмҳои “Экран” мебошад. Он таассуроти дурӯғ аз олами маҷозиро, ки гӯё блогерҳо осон пул кор карда, шоҳона зиндагӣ доранд, мазаммат мекунад. Дар филм дунёи воқеии як тан, ки талош дорад блогер шавед, нишон дода шудааст, ки бинандаро ба фикр водор мекунад”, – гуфтанд аз “Довфилм”.

Мақсади асосии филм намоиши рӯзгори ҳолу ҳавои як ҷавони хомхаёл аст, ки фирефтаи афсонаҳои пули осони дастрас дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, касбу кори воқеии худро аз даст медиҳад.

Филми мазкур бо ҳунарофарии ҳунармандони хушноми кишвар, ба монанди Қурбон Собир, Лутфулло Давлатзода, Некқадам Шоҳназаров, Амина Ҳафизова, Парвиз Ашӯров ва Сулаймон Табаров сабт гардидааст.

 

Дар як порчаи филми “Блогер" блогерони тоҷик ҳам нақш бозидаанд. Дар нахустнамоиши филм интизор меравад, ки блогерон ҳам ширкат кунанд.

Ин филм моҳҳои ноябр – декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба навор бардошта шудааст.

 

Пас аз нахустнамоиш, сар аз 24-уми август филми ҳунарии “Блогер” ҳамарӯза дар кинотеатрҳои Кайҳон (Душанбе-Молл, маркази савдои “Ашан”) ва “Премйер Зал” (Сиёма-Молл) манзури тамошобинон мегардад. Барои дастрас кардани билет дар кинотеатрҳо мухлисони филм метавонанд ба рақамҳои 55 911 11 44 тамос бигиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.